Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Muminun   Câu:
وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٖ فَأَسۡكَنَّٰهُ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَإِنَّا عَلَىٰ ذَهَابِۭ بِهِۦ لَقَٰدِرُونَ
18.Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем. (Ин оят барои ситамкорон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.)
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
فَأَنشَأۡنَا لَكُم بِهِۦ جَنَّٰتٖ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَٰبٖ لَّكُمۡ فِيهَا فَوَٰكِهُ كَثِيرَةٞ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ
19.Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَشَجَرَةٗ تَخۡرُجُ مِن طُورِ سَيۡنَآءَ تَنۢبُتُ بِٱلدُّهۡنِ وَصِبۡغٖ لِّلۡأٓكِلِينَ
20.Ва низ дарахти зайтунро биофаридем, ки дар Тӯри Сино[1715] мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.
[1715]Тӯри Сино- Тур, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (алайҳиссалом) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةٗۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهَا وَلَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ كَثِيرَةٞ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ
21.Ва ба ростӣ, барои шумо дар чорпоён (ба мисли шутур, гов ва гӯсфанд) ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо менӯшонем ва аз онҳо фоидаҳои бисёр мебаред (ба мисли пӯст ва мӯи онҳо) ва аз гӯшту чарбуи онҳо мехӯред.[1716]
[1716] Тафсири Саъдӣ 1\549
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَعَلَيۡهَا وَعَلَى ٱلۡفُلۡكِ تُحۡمَلُونَ
22.Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ
23.Ба таҳқиқ, Нӯҳро барои даъвати тавҳид ба сӯи қавмаш фиристодем. Гуфт (барояшон): «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед. Шумо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед?»[1717]
[1717] Тафсири Бағавӣ 5\415
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
فَقَالَ ٱلۡمَلَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُرِيدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيۡكُمۡ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةٗ مَّا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِيٓ ءَابَآئِنَا ٱلۡأَوَّلِينَ
24.Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣҷӯяд. Агар Аллоҳ мехост, ҳатман фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизро аз падарони пешини худ нашунидаем.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِنۡ هُوَ إِلَّا رَجُلُۢ بِهِۦ جِنَّةٞ فَتَرَبَّصُواْ بِهِۦ حَتَّىٰ حِينٖ
25.Ӯ марди девонае беш нест. Пас муддате дар бораи ӯ сабр кунед»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي بِمَا كَذَّبُونِ
26.(Нӯҳ) гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ أَنِ ٱصۡنَعِ ٱلۡفُلۡكَ بِأَعۡيُنِنَا وَوَحۡيِنَا فَإِذَا جَآءَ أَمۡرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ فَٱسۡلُكۡ فِيهَا مِن كُلّٖ زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَأَهۡلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيۡهِ ٱلۡقَوۡلُ مِنۡهُمۡۖ وَلَا تُخَٰطِبۡنِي فِي ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِنَّهُم مُّغۡرَقُونَ
27.Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро зери назари Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад, (яъне, замин пур аз об шуд), аз ҳар ҷинсе ҷуфте нару модаро ва низ касони худро ба он бибар. Магараз онҳо касеро, ки аз пеш гуфтаи Ҳақ ваъдаи ҳалокӣ бар ӯмуқаррар шудааст[1718]. Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.
[1718] Монанди фарзанди Нӯҳ ва занаш, ки ба ҳалокат гирифтор шуданд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Muminun
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại