Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Sad   Câu:

Сод

صٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ذِي ٱلذِّكۡرِ
1.Сод.[2234]Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони бузурги соҳиби панд, ки мардум аз бузургии қадри он дар ғафлатанд.
[2234] Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي عِزَّةٖ وَشِقَاقٖ
2. Балки касоне, ки кофир шуданд дар саркашианд ва аз пазируфтани ҳақ дар ихтилофанд.[2235]
[2235]Тафсири Табарӣ 21\142
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّن قَرۡنٖ فَنَادَواْ وَّلَاتَ حِينَ مَنَاصٖ
3.Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз он мушрикон ба ҳалокат расонидем. Ҳангоми нузули азоб онҳотавбакунон фарёд бароварданд, вале он замон вақти наҷот набуд.[2236]
[2236]Тафсири Ибни Касир 7\52
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَعَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡۖ وَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا سَٰحِرٞ كَذَّابٌ
4. Ва кофирон дар таъаҷҷуб шуданд аз ин, ки бимдиҳандае аз миёни худашон баромад, ки онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва аз азоби Ӯ бим намояд. Ва кофирон гуфтанд: «Ин паёмбар нест, балки ҷодугари дурӯғгуст.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهٗا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٞ
5. Оё ҳамаи маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Ва ҳароина, он чизе ки ӯ овардааст ин чиз аҷибе аст?»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَٱنطَلَقَ ٱلۡمَلَأُ مِنۡهُمۡ أَنِ ٱمۡشُواْ وَٱصۡبِرُواْ عَلَىٰٓ ءَالِهَتِكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٞ يُرَادُ
6. Бузургонашон ба роҳи худ рафтанд ва қавми худро ба парастиши маъбудонашон ташвиқ намуда гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши маъбудони хеш пойдорӣ кунед, ки ҳароина, ин Паёмбар, даъвате, ки ӯ мекунад чизе аст хосташуда, ки мехоҳад бар шумо бузург ва бартар бошад.[2237]
[2237] Тафсири Бағавӣ 7\72
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
مَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِي ٱلۡمِلَّةِ ٱلۡأٓخِرَةِ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا ٱخۡتِلَٰقٌ
7. Мо ҳаргиз ин чунин сухане, ки ӯ даъват менамояд дар охирин ойин[2238] нашунидаем, ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чизе нест.
[2238] Яъне гузаштагои мо ба ин гуна сухан моро даъват накардаанд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَءُنزِلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ مِنۢ بَيۡنِنَاۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّن ذِكۡرِيۚ بَل لَّمَّا يَذُوقُواْ عَذَابِ
8. Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй махсус ба ӯ (Муҳаммад) нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд балки, ин суханро ба он сабаб гуфтаанд, ки ҳанӯз азоби моро начашидаанд. Пас агар азоби Ӯро мечашиданд ба гуфтани ин сухан ҷуръат намекарданд.[2239]
[2239] Тафсири Саъдӣ 1\710
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَحۡمَةِ رَبِّكَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡوَهَّابِ
9. Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост, то ҳар касро, ки бихоҳанд аз он бидиҳанд, ё аз он маҳрум кунанд?[2240]
[2240] Тафсири Саъдӣ 1\710
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَمۡ لَهُم مُّلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ فَلۡيَرۡتَقُواْ فِي ٱلۡأَسۡبَٰبِ
10.Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост[2241]? Пас, агар чунин аст бо асбоб ва ҳар василаҳои дигаре ба осмонболо раванд,то ба он чи ки мехоҳанд аз додан ва боздоштан, ҳукм намоянд[2242].
[2241] Яъне, мушрикон
[2242] Тафсири Бағавӣ 7\73
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
جُندٞ مَّا هُنَالِكَ مَهۡزُومٞ مِّنَ ٱلۡأَحۡزَابِ
11. Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ ذُو ٱلۡأَوۡتَادِ
12. Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн соҳиби қуввати бузург , ки паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَثَمُودُ وَقَوۡمُ لُوطٖ وَأَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِۚ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡأَحۡزَابُ
13. Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка[2243] аз он ҷамоъатҳо буданд , ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
[2243] Қавми Шуайб алайҳиссалом
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِن كُلٌّ إِلَّا كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ
14. Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас онҳоро азоби Ман воҷиб омад.[2244]
[2244] Тафсири Табарӣ 21\160
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَمَا يَنظُرُ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ مَّا لَهَا مِن فَوَاقٖ
15. Ва ин мушрикон, агар бар ширки худ пойдор истанд ҷуз бонги сахти маргборе интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَقَالُواْ رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ
16. Ва гуфтанд ба тариқи масхараомезӣ: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Sad
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại