Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Ghafir   Câu:
ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَىٰ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡۚ لَا ظُلۡمَ ٱلۡيَوۡمَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
17. Имрӯз ҳар кас мувофиқи он чӣ анҷом додааст дар дунё аз неку бад, ҷазо дода мешавад, имрӯз ҳеҷ ситаме нест, ки дар бадиҳояш афзуда шавад ва ё аз некиҳояш кам карда шавад. Ва ҳароина, Аллоҳ зудшумор аст! Он рӯзро дер напиндоред, ҳар чӣ ки меояд наздик аст.[2321]
[2321] Тафсири Саъдӣ 1\735
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَأَنذِرۡهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡأٓزِفَةِ إِذِ ٱلۡقُلُوبُ لَدَى ٱلۡحَنَاجِرِ كَٰظِمِينَۚ مَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ حَمِيمٖ وَلَا شَفِيعٖ يُطَاعُ
18. Эй Расул, аз рӯзи наздик (қиёмат) онҳоро битарсон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ аз хавфи азоби қиёмат наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафоъаткунандае, ки шафоъаташ пазируфта шавад.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
يَعۡلَمُ خَآئِنَةَ ٱلۡأَعۡيُنِ وَمَا تُخۡفِي ٱلصُّدُورُ
19. Аллоҳ таъоло дуздона[2322] нигоҳ кардани чашмҳорова ҳар чиро ки дилҳо пинҳон медоранд, медонад.
[2322] Ибни Аббос разияллоҳу анҳу дар тафсири ин оят гуфтааст: "Мурод аз ин марде аст, ки бар аҳли як хонавода ворид мешавад ва дар миёнашон зани зебо аст.., пас чун ғофил мешаванд, нигоҳи дуздона ба сӯи он зан меафканад.., дар ҳоле, ки Аллоҳ таъоло аз дили вай огоҳ аст ва медонад, ки ӯ ҳатто дӯст дорад, кош бар он зан наздик мешуд". Ривояти ибни Абиҳотам. Тафсири ибни Касир 7\137
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَٱللَّهُ يَقۡضِي بِٱلۡحَقِّۖ وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ لَا يَقۡضُونَ بِشَيۡءٍۗ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ
20. Аллоҳ миёни одамон ба ҳақ доварӣ мекунад. Вале маъбудони ботилашон, ҳеҷ доварӣ натавонанд кард. Албатта, Аллоҳ шунаво аст, ба он чи ки шумо ба забонатон мегӯед ва бино аст ба кирдору корҳоятон ва мувофиқи он бароятон ҷазои муносиб медиҳад![2323]
[2323] Тафсири Табарӣ 21\370
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
۞ أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ كَانُواْ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُواْ هُمۡ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَءَاثَارٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمۡ وَمَا كَانَ لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن وَاقٖ
21.Оё онҳое, ки ба паёмбарии ту бовар надоранд дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯйи замин падид оварда буданд, аз инҳо бештар буд. Вале қувват ва бузургии тану ҷисмашон ба онҳо фоидае нарасонд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба сабаби гуноҳашон ба азоб гирифтор кард ва аз қаҳри Аллоҳ онҳоро нигаҳдорандае набуд.[2324]
[2324] Тафсири ибни Касир 7\138
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانَت تَّأۡتِيهِمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَكَفَرُواْ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ قَوِيّٞ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
22.Ин азоб аз он сабаб буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан наздашон омаданд, вале паёмбаронашро инкор карданд ва Аллоҳ ҳам ононро ба азобаш фурӯ гирифт. Ва ҳароина, Аллоҳ нерӯманд аст, касе Ӯро мағлуб натавонад кард ва сахтуқубат аст ба касоне, ки баӮ имон наоварданд ва нофармонбардорӣ кардаанд![2325]
[2325]Тафсири Табарӣ 21\372
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ
23. Ва ба таҳқиқ, Мо Мӯсоро бо оёти Худ ва ҳуҷҷати ошкоре, ки далолат бар ҳақиқати рисолатии ӯ мекард, фиристодем ӯро
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَقَٰرُونَ فَقَالُواْ سَٰحِرٞ كَذَّابٞ
24. ба сӯи Фиръавн подшоҳи Миср ва Ҳомон, ки вазираш ва Қорун, ки соҳиби молу мулки замонаш буд. Вале онҳо рисолатии ӯро инкор карданд ва такаббур варзиданд. Ва гуфтанд; ки ӯҷодугари дурӯғгӯст! [2326]
[2326]Тафсири ибни Касир 7\139
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡحَقِّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ ٱقۡتُلُوٓاْ أَبۡنَآءَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ وَٱسۡتَحۡيُواْ نِسَآءَهُمۡۚ وَمَا كَيۡدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ
25.Пас чун Мӯсо дини ҳақро аз ҷониби Мо барои Фиръавн, Ҳомон, ва Қорун бо мӯъҷизоти равшан овард, вале бо инкор карданашон ҳақро кифоят накарда, балки гуфтанд: Писарони касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро барои хидматгорӣ ва ғуломӣ зинда бигузоред? Ва ҳиласозии кофирон ҷуз дар гумроҳӣ ва табоҳӣ нест.[2327]
[2327]Тафсири Табарӣ 21\373
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Ghafir
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại