Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Saf   Câu:

Сафф

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
1. Аллоҳро аз он чӣ лоиқ ва сазовори Ӯ нест ба покӣ ёд кардаанд ҳар чӣ дар осмонҳову дар замин аст. Ва Ӯст пирӯзманд ҳеҷ кас бар Ӯ ғолиб наояд ва дар суханҳову корҳояш бо ҳикмат аст Ӯ!
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
2. Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, чаро ваъдае медиҳед, ё сухане мегӯед, ки иҷро намекунед?![2883]
[2883] Дар ин оят инкор аст бар шахсе, ки гуфтораш хилофи кирдораш аст.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
3. Аллоҳ таъоло сахт ба хашм меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِهِۦ صَفّٗا كَأَنَّهُم بُنۡيَٰنٞ مَّرۡصُوصٞ
4. Ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар роҳи Ӯ, саф кашида меҷанганд дӯст дорад чунон саф мекашанд, ки гӯё ки онҳо монандидеворе, ки хиштҳояшонро бо ҳам пайванд дода бошанд.[2884]
[2884] Дар ин оят бузургии ҷанг бо кофирон ва ҷанговарони Аллоҳ, ки дар муқобили душман саф кашида меҷанганд, баён шудааст. Тафсирӣ Саъдӣ 1/ 858
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
5. Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме ки мӯсо (алайҳис салом) ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро ба сухану кирдоратон меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам?» Чун дидаву дониста аз ҳақ рӯй гардониданд ва бар ин ҳолашон давомат карданд, Аллоҳ низ дилҳояшонро аз қабули ҳақ бигардонид.[2885] Ва Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.
[2885] Ин уқубат ва ҷазое буд, ки худашон барои худ ихтиёр карда буданд. Тафсирӣ Саъдӣ 1/ 859
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Saf
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại