Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Tawbah   Câu:
قَٰتِلُوهُمۡ يُعَذِّبۡهُمُ ٱللَّهُ بِأَيۡدِيكُمۡ وَيُخۡزِهِمۡ وَيَنصُرۡكُمۡ عَلَيۡهِمۡ وَيَشۡفِ صُدُورَ قَوۡمٖ مُّؤۡمِنِينَ
14. Эй гӯруҳи мӯъминон, бо куффор биҷангед. Аллоҳ ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад бар болои онон ва дилҳои мӯъминонро шифо мебахшад
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَيُذۡهِبۡ غَيۡظَ قُلُوبِهِمۡۗ وَيَتُوبُ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
15.ва кина аз дилҳои мӯъминон дур кунад ва Аллоҳ тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Аллоҳ доност, медонад сидқи тавбаи тавбакунандагонро ва устуворкор аст дар корҳояш!
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تُتۡرَكُواْ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَلَمۡ يَتَّخِذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَا رَسُولِهِۦ وَلَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَلِيجَةٗۚ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
16. Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки гузошта шавед бе ҳеҷ имтиҳон (яъне таклифи амри ҷиҳод болоятон нашавад) ва ҳануз ҷудо насохта Аллоҳ аз шумо ононро, ки ҷиҳод карданд ва онон нагирифтанд ҳеҷ дӯстеро пинҳонӣ, ҷуз Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминонро? Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст![866]
[866] Тафсири Бағавӣ 4/ 19
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
مَا كَانَ لِلۡمُشۡرِكِينَ أَن يَعۡمُرُواْ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ شَٰهِدِينَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِم بِٱلۡكُفۡرِۚ أُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ وَفِي ٱلنَّارِ هُمۡ خَٰلِدُونَ
17.Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд ва барои Аллоҳ шарик меоранд, масҷидҳои Аллоҳро обод созанд. Зеро амали ин кофирон ботил аст ва ҷовидонанд дар оташ![867]
[867] Тафсири Табарӣ 14/ 166
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِنَّمَا يَعۡمُرُ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَلَمۡ يَخۡشَ إِلَّا ٱللَّهَۖ فَعَسَىٰٓ أُوْلَٰٓئِكَ أَن يَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡتَدِينَ
18.Масҷидҳои Аллоҳро касоне обод мекунанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Аллоҳ наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
۞ أَجَعَلۡتُمۡ سِقَايَةَ ٱلۡحَآجِّ وَعِمَارَةَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ كَمَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَجَٰهَدَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ لَا يَسۡتَوُۥنَ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
19.Оё об[868] додан ба ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷидулҳаромро монанди кори касе қарор додаед, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардааст? Дар назди Аллоҳ баробар нестанд ва Аллоҳ гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад.
[868] Яъне, оби Замзам. Тафсири Саъдӣ 1/ 331
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ أَعۡظَمُ دَرَجَةً عِندَ ٱللَّهِۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ
20.Онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат[869] карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, бузургтаранд дар мартаба назди Аллоҳ ва инҳоянд ба матлаб расидаву комёбшаванда.
[869] Яъне, аз диёри куфр ба диёри ислом
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Tawbah
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại