《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 段: (7) 章: 法提哈
صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ
7. Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на он роҳе, ки бар онҳо хашмгирифтаӣва на роҳи гумроҳон.. Роҳе, ки Ту неъмати худро бар эшон арзонӣ намудӣ аз паёмбарон, сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, ки онҳо аҳли ҳидоят ва истиқоматанд. Ва моро набар ба он роҳе, ки Ту бар онҳо хашм гирифтаӣ. Онон касоне буданд, ки ҳақро донистанд ва ба он амал накарданд. Ва онҳо яҳудиёнанд. Ва нагардон моро аз касоне, ки роҳгум кардаанд. Онон касонеанд, ки ҳидоят наёфтаанд ва гумроҳ шудаанд. Ва онон насороанд. Ин оят шифо аст барои қалби мусалмон аз инкори ҳақ, ҷаҳл ва гумроҳӣ. Бузургтарин неъмате, ки Аллоҳ таъоло бар бандагонаш арзонӣ доштааст, ин Ислом аст. Мустаҳаб аст барои намозгузор баъди қироати ин сура “Омин” бигӯяд. Уламо иттифоқ кардаанд бар он, ки лафзи “Омин” аз ояти сураи Фотиҳа ба ҳисоб намеравад. Аз ин сабаб дар Қуръон онро китобат накардаанд. Маънои “Омин”, ин аст, ки:Илоҳоқабул намо!
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 段: (7) 章: 法提哈
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭