7. Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи қиёмат наметарсанд ва савобу азобро дурӯғ меҳисобанд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти оятҳоиқуръон ва муъҷизаҳои Мо бехабаранд,
10. Дуъояшон дар он ҷо “Парвардигоро, Ту покӣ” ва таҳияи Аллоҳ ва фариштагонаш ва таҳияи баъзеашон баъзеро дар ҷаннат “салом” аст ва поёни дуъояшон ин аст “Шукру сипоси махсус Парвардигори ҷаҳониёнро”.
16. Бигӯ эй Расул: «Агар Аллоҳ мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо Аллоҳ аз он огоҳ намесохт. Бидонед, ки он ҳақ аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва ба дурустӣ, ки шумо ҳақиқати ҳоли маро медонистед, ки пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам ва нахондаам, нанавиштаам, на дарс омӯхтам ва на аз касе таълим гирифтаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед?»[967]
19. Мардум дар аввал бар як дин буданд ва он ислом буд. Баъд аз он миёнашон ихтилоф афтод. Пас баъзе кофир шуданд ва баъзеи дигар бар ҳақ боқӣ монданд. Ва агар намебуд калимае[969] ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигори ту ҳамоно ҳукм карда мешуд миёни онҳо дар он чи ихтилоф доранд.
[969] Он калима иборат буд аз мукофоти баду нек дар рӯзи қиёмат. Тафсири Бағавӣ 4\127
20. Ва кофирони саркаш мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад, то бидонем, ки паёмбари барҳақ аст?» Бигӯ эй Расул барояшон: «Илми ғайб аз они Аллоҳ аст. Интизорӣ бикашед эй қавм амри Аллоҳро, то кӣ барҳақ аст ва кӣ ноҳақ! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»[970]
22. Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ, ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, (яқин мекунанд, ки ҳалок мешаванд), Аллоҳро аз рӯи ихлос ва ягонагӣ бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, ҳатман, аз шукргузорон хоҳем буд.
24. Масали зиндагии ин дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то бар асари он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯянд, аз он чи, одамиён мехӯранд ва он чи чорпоён мечаранд. Чун замин ҳусни хеш баргирифт ва ороста шуд (бо гулҳову гиёҳ) ва аҳли замин пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо барои нобуд кардани набототи он ҳангоми шаб ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯё дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст. Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем, то ки аз дунёву охираташон баҳравар шаванд.[973]
26. Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (ҷаннат) ва чизе афзун бар он дидори Аллоҳ аст. На сияҳрӯй шаванду на хор[974]. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
31. Бигӯ эй Паёмбар барои мушрикон: «Чӣ касе аз осмон борон фуруд меорад ва аз замин ба шумо навъҳои гуногун аз наботот ва дарахтҳо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноиро молик бошад? Ва кист, ки зиндаро аз мурда (ҳамчунон, ки мӯъминро аз кофир ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»[977]
33. Ҳамчунон ки инҳо, мушрикон кофир шуданд ва ҳамеша бар ширки худ давомат карданд. Пас сухан (ҳукм ва қазои) Парвардигори ту дар бораи фосиқон[979] ба ҳақиқат пайваст, ки гуфт: «Инҳо ба ягонагии Аллоҳ ва на ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон намеоваранд»![980]
[979] Касоне, ки аз тоъати Парвардигор берун рафтанд ва кофир шуданд [980] Тафсири Табарӣ 15\85
41. Ва агар туро, эй Расул, мушрикон дурӯғ бароварданд, бигӯ барояшон: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумост. Шумо аз он чи ман мекунам, безоред ва ман аз он чи шумо мекунед, безорам».
49. Бигӯ эй Паёмбар: «Ман дар бораи худ молики ҳеҷ суду зиёне нестам, ҷуз он чӣ Аллоҳ бихоҳад. Марги ҳар умматеро замоне муайян аст. Чун замони маргашон фаро расад, на як лаҳза дер кунанд ва на як лаҳза пеш афтанд».
58. Эй Паёмбар, барои ҳамаи мардум бигӯ: Ба фазли Аллоҳу раҳмати Ӯ (ки Қуръон ва дини ислом аст), шодмон шаванд, зеро ин ду (яъне, фазлу раҳмати Аллоҳ) аз ҳар чӣ аз матои дунё ва лаззатҳои он ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.[996]
61. Эй Расул, дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ; ва ҳар амалеро, ки мекунед аз неку бад, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем. Ва мувофиқи он амалҳоятон подошатон хоҳем дод ва бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин[999]навишта шудааст.[1000]
63. Ва аз сифати дӯстони Аллоҳ ин аст, ки имон ба Аллоҳ оварданд ва расули Ӯро пайравӣ намуданд ва бинобар иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз маъсияташ аз Аллоҳ метарсанд.[1001]
66. Огоҳ бошед, ки аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо аст (аз фариштагон) ва ҳар чи дар замин аст (аз инсу ҷин ва ғайра) ва онон, ки ғайр аз Аллоҳ шариконеро фарёд мекунанд ғайр аз гумон чизи дигареро пайравӣ намекунанд ва корашон ғайр аз тахмин ва дурӯғ гуфтан чизи дигаре нест.[1002]
72. Ва агар аз даъвати ман рӯй гардонед ба ман зиёне намерасонед ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам ва музди ман ғайр аз Аллоҳ аз каси дигаре нест ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»
74. Сипас баъди Нӯҳ паёмбароне ( чун Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут ва Шуайб ва дигаронро) бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳои равшане оварданд бар ҳақ будани паёмбариашон, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, насиҳатҳои паёмбаронро қабул накарданд ва имон наоварда буданд. Ҳамчунин бар дилҳои таҷовузкорон мӯҳр мениҳем![1008]
83. Пас ҳеҷ касе ба Мӯсо имон наовард, магар ҷавононе аз бани Исроил, он ҳам ба тарс аз Фиръавн ва бузургони қавми ӯ, ки мабодо онҳоро аз дин баргардонанд. Бегумон Фиръавн дар замин туғён карда буд ва аз зумраи таҷовузкорон буд.[1013]
92. Имрӯз ҷисми туро аз дарё наҷот медиҳем[1019] ба берун меафканем, то барои онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд!
94. Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, бипурс аз онҳое, ки пеш аз ту буданд, ки китоби Тавроту Инҷилро мехонанд ва аз омадани ту ихтилоф надоштанд, зеро ки дар китобҳояшон аз сифатҳои омадани ту хабардор буданд. Ҳароина ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд аз ҷумлаи шубҳакунандагон бошӣ![1021]
105. Ва эй Паёмбар ба дини ислом ва яктопарастӣ рӯй овар ва аз мушрикон мабош, ки дар ибодати Парвардигорашон шариконеро муқаррар сохтанд ва худро ба он сабаб ҳалок сохтанд![1027]
106. Ба ҷои Аллоҳ чизеро, ки ба ту на фоида мерасонад ва на зиён, махон (яъне ибодат макун онҳоро ба умеди фоида дидан ва ё хавф бурдан аз онҳо)! Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон (аз мушрикон) хоҳӣ буд.[1028]
107. Ва агар Аллоҳ ба ту зиёне бирасонад, ҷуз Ӯ касе дафъи он натавонад кард. Ва агар барои ту хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли ӯро бознатавонад дошт. Аллоҳ фазли худро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва касе наметавонад монеъи он гардад ва Ӯ омӯрзандаи гуноҳони тавбакунандагон ва меҳрубон ба имондорони итоъаткор аст![1029]
109. Аз он чи, ки бар ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр кун дар баробари азият ва озоре, ки дар роҳи таблиғи рисолати осмонӣ ба ту мерасад, то он ки Аллоҳ миёни ту ва дигарон доварӣ ва файсала кунад ва фармони худро содир намояд ваӯбеҳтарини ҳукмкунандагон аст![1031]
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
搜索结果:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".