《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 段: (196) 章: 拜格勒
وَأَتِمُّواْ ٱلۡحَجَّ وَٱلۡعُمۡرَةَ لِلَّهِۚ فَإِنۡ أُحۡصِرۡتُمۡ فَمَا ٱسۡتَيۡسَرَ مِنَ ٱلۡهَدۡيِۖ وَلَا تَحۡلِقُواْ رُءُوسَكُمۡ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ ٱلۡهَدۡيُ مَحِلَّهُۥۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ بِهِۦٓ أَذٗى مِّن رَّأۡسِهِۦ فَفِدۡيَةٞ مِّن صِيَامٍ أَوۡ صَدَقَةٍ أَوۡ نُسُكٖۚ فَإِذَآ أَمِنتُمۡ فَمَن تَمَتَّعَ بِٱلۡعُمۡرَةِ إِلَى ٱلۡحَجِّ فَمَا ٱسۡتَيۡسَرَ مِنَ ٱلۡهَدۡيِۚ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖ فِي ٱلۡحَجِّ وَسَبۡعَةٍ إِذَا رَجَعۡتُمۡۗ تِلۡكَ عَشَرَةٞ كَامِلَةٞۗ ذَٰلِكَ لِمَن لَّمۡ يَكُنۡ أَهۡلُهُۥ حَاضِرِي ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
196. Ҳаҷ ва умраро барои Аллоҳ комил ба ҷой оред. Ва агар шумо аз ҳаҷ боздошта шавед, ба монанди қасди душман ё беморӣон қадар, ки муяссар аст, аз шутур ё гов ё гусфанд қурбонӣ кунед (ба қасди наздик шудан ба Аллоҳ) ва сар матарошед, вақте ки дар роҳ боздошта шудаед, то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Баъд аз анҷоми он аз эҳром баромаданатон ҳалол мешавад. Ҳамчунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Ҳудайбия анҷом доданд. Баъд аз он сарашро метарошад. Аммо шахсе, ки дар Ҳарам аст, қурбониаш ба ҷо намеояд, магар дар Ҳарам. Вақти он рўзи ид аст, рўзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ва се рўзи баъди он аз айёми ташриқ. Ё агар сараш захм ё шабуш дошта бошад, пас барои ў ҷоиз аст, ки сари худро битарошад, аммо барои ў лозим аст, ки фидя бидиҳад ва фидяаш се рўз рўза гирифтан ё ғизо додан ба шаш мискин ва ё забҳи ҳайвоне аст, ки барои қурбонӣҷоиз аст ва ў аз миёни ин чизҳо якеро интихоб менамояд. Аммо забҳ кардан беҳтараст. Ва чун эмин шудед; ва ҳар кӣ ба сабаби адои умра то вақти ҳаҷ баҳравар шуд, он қадар ки ўро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рўз дар ҳаҷ рўза бидорад ва чун аз ҳаҷ ба аҳли худ бозгардад, ҳафт рўз рўза бидорад, то даҳ рўзи комил шавад. Ва лозим аст, ки даҳ рўз рўзаро бидорад. Ва ин ҳукм (яъне қурбонӣ ва рўза доштан) барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Аллоҳ битарсед ва амру наҳйи Ўро ба ҷо оред ва бидонед, ки Аллоҳ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки мухолифи амри Ў шавад![119]
[119] Тафсири Саъдӣ 1\90
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 段: (196) 章: 拜格勒
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭