7. Ў зотест, ки китобро бар ту нозил кард ва баъзе аз он оёт муҳкам ҳастанд, ки маъонии он возеҳ ва равшан аст ва онҳо асли китоб ҳастанд. Ва баъзе аз он муташобиҳот ҳастанд, ки эҳтимолан маъонии дигар ҳам доранд. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон майл ба сўи ботил аст, барои фитнаангезӣ ва таъвили нодурусти он, аз паси муташобиҳот мераванд ва таъвили онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Ва собитқадамони дар илм мегўянд: “Ба ҳама оёти Қуръон имон овардем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост” ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.
14. Муҳаббати орзуҳои нафс: аз қабили занон ва фарзандон ва сарватҳои қимматбаҳо аз зару сим ва аспони нишондор ва чаҳорпоён (шутур, гов ва гўсфанд) ва зироат барои мардум ороста шудааст. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии дунёст ва саранҷоми нек дар пешгоҳи Аллоҳ аст.
16. Он бандагони парҳезгоре, ки мегўянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем ба Ту ва китобат ва Расулат, Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам, гуноҳони моро биёмӯрз ва моро аз азоби оташ наҷот деҳ.[196]
18. Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ў нест ва фариштагон ва аҳли илм низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ў нест ва Ў азиз аст, хости Ўро чизе монеъ шуда наметавонад ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст.
20. Агар бо ту эй Расул, аҳли китоб дар бораи тавҳид[199] ба муноқиша бархезанд, ба онҳо бигў: «Ман ибодати худро холис аз барои Аллоҳ мекунам ва касеро дар ибодаташ шарик намеорам ва низ пайравони ман холис Ўро ибодат мекунанд ва барояш сар фурў меоранд. Ба аҳли китоб ва мушрикони араб ва ғайрашон бигў: Агар шумо ҳам ба Аллоҳ худро таслим намудед, пас шумо бар роҳи мустақим ва ҳақ ҳастед ва агар рўй гардонед, ҳисоби шумо бар Аллоҳ аст. Ва вазифаи ман танҳо пайғом расонидан асту бас. Аллоҳ ба бандагон биност ва ҳеҷ чизе аз Ў махфӣ намемонад[200].
[199]Аллоҳро якка ягона ибодат кардан [200] Тафсири Бағавӣ 2\20
25. Пас дар рўзи қиёмат, он гоҳ ки Аллоҳ онҳоро ҷамъ мекунад, ҳоли онҳо чи гуна хоҳад буд!? Ҳол он ки дар омадани он рўзи қиёмат шак нест ва ба ҳар шахсе ҷазои он чи амал кардааст, пурра дода мешавад ва бар онҳо ситам намешавад.
26. Эй Расул, рў ба сўи Парвардигорат кун бо дуъо ва бигў: Бор Илоҳо, Туӣ подшоҳи мулки дунёву охират! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, дар замин мулк (мол ва султон) медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, бо тоъатат дар дунё ва охират иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, ба маъсият хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти Туст ва Ту бар ҳар коре тавоноӣ![202]
27. Аз нишонаҳои қудрати Ту, ин ки шабро ба рўз ва рўзро ба шаб дармеоварӣ. Инро ба ҷои он ва онро ба ҷои ин қарор медиҳӣ, бар шаб меафзоӣ ва аз рўз кам мекунӣ, то бо ин корҳо ва манофеъи бандагон таъмин шавад. Ва зиндаро аз мурда падид меоварӣ, ҳамон тавре ки киштзорҳои гуногунро аз дона мерўёнӣ ва мўъминро аз кофир падид меоварӣ ва мурдаро аз зинда берун мекунӣ ва тухми мурғи беҷонро аз мурғи зинда берун меоварӣ. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рўзӣ медиҳӣ!
37. Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ў пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ў вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ў мерафт, пеши ў хўрданӣ меёфт.[206] Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ў ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рўзӣ медиҳад.
40. Закариё алайҳиссалом бо таъаҷҷуб ҷавоб дод: Парвардигоро! Бо вуҷуди ин ду монеъ, яъне пирӣ ва назоидани ҳамсарам, аз чи роҳе ман соҳиби фарзанд мешавам?!” Фармуд: Инчунин Аллоҳ ҳар чи бихоҳад аз корҳои аҷиб бар хилофи одатҳо анҷом медиҳад.
43. Фариштагон гуфтанд: Эй Марям, давомат кун бар тоъати Парвардигорат, саҷда кун ва рукуъ кун ҳамроҳи рукуъ кунандагон яъне бо намозгузорон намоз бихон аз барои шукри Парвардигорат!»[208]
49. Ва ўро барои бани Исроил пайғамбар гардонид, то бигӯяд барояшон: Ман бо мўъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба фармони Аллоҳ паррандае шавад ва кўри модарзодро ва бемории песро шифо медиҳам. Ва ба фармони Аллоҳ мурдаро зинда мекунам. Ва барои шумо мегўям, аз он чи ки мехўредва аз он чи ки захира мекунед дар хонаҳои худ. Ҳамоно дар ин мўъҷизот нишонаҳои бузургест, ки аз қудрати башар хориҷ аст; ва ин далолат бар паёмбарии ман мекунад, агар мўъмин бошед.[213]
50. Ва мегўяд: Омадам, то тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман нозил шудааст ва то баъзе аз чизҳое, ки бар шумо ҳаром шудааст, ҳалол кунам ва нишонае аз ҷониби Парвардигоратонро бароятон овардаам, пас аз Аллоҳ битарсед ва маро итоъат кунед.
53. Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, дар Инҷил имон овардем ва ба паёмбарат Исо алайҳиссалом пайравӣ намудем. Моро бинавис аз ҷумлаи он касоне, ки Туро ба ягонагиат ва барҳақ будани рисолаи паёмбаронат, гувоҳӣ медиҳанд. Ва он гувоҳидиҳандагон умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд.
56. Аммо онон, ки кофир шуданд аз яҳудиҳо ва ё касоне, ки дар таърифи Исо аз ҳад гузаштанд аз насоро, онҳоро дар дунё ба қатл ва гирифтани мол ва рафтани мулк ва дар охират ба оташ, сахт азоб хоҳам кард ва барояшон мададгороне нест, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад!
58. Ин қиссаҳое, ки бар ту мехонем эй Муҳаммад, дар бораи Исо, аз далолатҳои равшан аст бар дуруст будани паёмбарии ту ва дуруст будани Қуръони ҳаким, ки ҳақро аз ботил ҷудо менамояд. Ва дар он ҳеҷ шак ва шубҳае нест.
59. Мисоли Исо, ки бе падар офарида шудааст, дар назди Аллоҳ чун мисоли Одам аст, ки ўро бе падар ва модар аз хок биёфарид ва ба ў гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд. Пас онон, ки даъво карданд, ки Исо бе падар офарида шудааст, маъбуди бар ҳақ аст (яъне, Аллоҳ аст), даъвои ботил аст. Ва агар ин шубҳа саҳеҳ буд, Одам аз Исо сазовортар буд, зеро Одам бе падар ва модар офарида шуд. Ва ҳама бар он итифоқ ҳастанд, ки ў бандае аз бандагони Аллоҳ аст.[218]
60. Ин ҳақ аст аз ҷониби Парвардигори ту ва он чи дар мавриди Исо омад, шакке дар он нест, пас ба имони худ устувор бош ва аз шаккунандагон мабош! Дар ин оят субот ва оромӣ аст барои Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам.
61. Пас, ҳар кӣ баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар бораи Исо алайҳиссалом, бо ту ҷидол кунад, бигў: «Биёед фарзандонамон ва фарзандонатон ва занонамон ва занонатонро даъват намоем ва мо худро омода мекунем ва шумо ҳам худро омода кунед. Сипас дасти дуъо ва зорӣ ба сўи Аллоҳ дароз мекунем ва лаънати Аллоҳро бар дурўғгўён қарор медиҳем.
66. Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мўсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.[221]
68. Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ў касонеанд, ки ба ў имон оварда ўро пайравӣ карданд ва низ ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ў имон оварданд аз муҳоҷирон ва ансориҳо ҳастанд. Ва Аллоҳ сарпарасти мўъминон аст.[222]
71. Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил омехта мекунед ва онро аз китобатон тағйир медиҳед ва сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он пинҳон медоред, ҳол он ки дини ў ҳақ аст?
72. Ва гурўҳе аз аҳли китоб гуфтанд: “Ба он чи бар мўъминон нозил шуда дар аввали рўз имон оваред ва дар охири рўз ба он кофир шавед, то шояд аз дини худ шак карда баргарданд.”
77. Ҳамоно касоне, ки ба ивази паймони Аллоҳ,[226] ва савгандҳои дурўғини худ баҳои андакеро аз моли дунё меситонанд, дар охират насибае надоранд ва Аллоҳ дар рўзи қиёмат на ба онон сухан мегўяд, ки хурсандашон кунад ва на ба онон менигарад ба чашми раҳмат ва на ононро аз гуноҳ покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст.
[226] Яъне, аз пайравии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зикри сифати ў ва баёни амраш. Тафсири ибни Касир 2\62
78. Ва аз миёни яҳудиён гурўҳе ҳастанд, ки забони хешро дар вақти хондани китоб каҷ мекунанд[227], то гумон кунед, ки он чӣ мегўянд, аз китоби[228] Аллоҳ аст, дар ҳоле, ки аз китоби Аллоҳ нест. Ва мегўянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ ба Мўсо омадааст, ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ наёмадааст. Барои дунё шуда дониста бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд.
[227]Яъне, аз худ ғалат сохта, дар китоб мехонанд [228]Яъне, Таврот
81. Ва ба ёд овар эй Расул, ҳангоме, ки Аллоҳ аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; сипас паёмбаре пеши шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чи, ки бо худ доред, бояд бо ў имон оваред ва ўро ёрӣ кунед. Аллоҳ фармуд: “Оё иқрор доред ва паймони маро бар он пазируфтед?” Гуфтанд: “Иқрор кардем”. Фармуд: “Пас гувоҳ бошед ва ман ҳам бо шумо аз гувоҳон ҳастам”.[231]
[231]Дар ин оят далел аст бар ин, ки Аллоҳ аз ҳар як паёмбар ва умматашон аҳду паймон гирифтааст, то ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оранд ва ўро ёрӣ кунанд. Тафсири Саъдӣ 1\136
83. Оё фосиқони аҳли китоб ғайр аз дини Аллоҳ, ки он ислом аст ва онро Аллоҳ ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристод, дини дигаре меҷўянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, ба ихтиёр ё беихтиёр таслими фармонравои Ў ҳастанд. Ва ба назди Ў дар рўзи қиёмат бозгардонда мешавед!
84. Бигў ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде ғайр аз Ў нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ў (Яъқуб)[233] ва низ он чӣ бар Мўсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ў ҳастем».
85. Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом[234] бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурў овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.[235]
91. Онон, ки инкор карданд паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.[236]
92. Ҷаннатро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ, ки аз он чӣ дўст медоред, нафақа (хайр) кунед. Ва ҳар чӣ нафақа мекунед, хоҳ кам бошад ё зиёд, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва ҳар касро мувофиқи нафақааш аҷр медиҳад.
95. Бигў ба онон эй Расул: «Аллоҳ рост мегўяд. Агар ростгў бошед, пас ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ намоед. Зеро дар пайравӣ намудани оини Иброҳим алайҳиcсалом пайравии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ва Иброҳималайҳиссалом аз гурўҳи мушрикон набуд.[238]
97. Дар он ҷо нишонаҳои равшан аст ва далолат мекунад ба ин ки Иброҳим онро бино кардааст ва Аллоҳ он биноро мушарраф гардонидааст. Дар он ҷой мақоми Иброҳим[239] ҳаст. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Ва Аллоҳ ҳаҷҷи хонаи Каъбаро бар касоне аз мардум, ки тавоноии рафтан бо он ҷоро доранд, фарз гардонидааст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, яъне, фарзияти ҳаҷҷро инкор кунад, бидонад, ки Аллоҳ бар ҷаҳониён мўҳтоҷ нест».
[239] Он сангест, ки дар болои он Иброҳим ҳамроҳи Исмоил истода асосҳои Каъбаро мебардошт
98. Бигў: ба яҳуд ва насоро «Эй аҳли китоб, чаро оёти Аллоҳро инкор мекунед, ҳол он ки медонед дини Аллоҳ, ислом аст ва мункир мешавед он ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ин дин далолат мекунанд. Аллоҳ бар он чи мекунед, гувоҳ аст!» [240]
[240]Ин оят ҳўшдор ва таҳдид аст барои аҳли китоб.
101. Чӣ гуна кофир мешавед эй муъминон, дар ҳоле, ки оёти Аллоҳ бар шумо хонда мешавад ва расули Ў Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба Қуръону суннат амал кунад, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.[242]
103. Ва ҳамагон ба ресмони Аллоҳ (яъне Қуръон)[244] чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки эй мўъминон душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро ба муҳаббати худ ва расулаш ҷамъ карда бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Аллоҳ шуморо аз он ба сабаби исломатон бираҳонид. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ҳидоят ёбед ва гумроҳ нашавед.[245]
[244]Тафсири Ибн Касир 2/89 [245]Тафсири Бағавӣ 2/79
104. Бояд, ки аз миёни шумо эй мўъминон гурўҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амри ба маъруф[246] ва наҳй аз мункар[247] кунанд, инҳо наҷот ёфтагонанд.
[246] Яъне, ҳар он чизе аст, ки хубии он аз назари шариъат ва ақл шинохта шудааст. [247] Яъне, ҳар он чизе ки бадии он аз назари шариъат ва ақл дониста шудааст. Тафсири Саъдӣ 1/142
110. Шумо,-эй умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам- беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум ба вуҷудомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред, ки амалатон онро қавӣ мекунад. Агар аҳли китоб (яҳуду насоро) низ имон биёваранд ба монанди шумо ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба он чи ки овардааст аз назди Аллоҳ , барояшон беҳтар аст дар дунёву охират. Баъзе аз онҳо мўъминанд ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бовар мекунанд, вале бисёрашон фосиқонанду аз дини Аллоҳ берунанд.[252]
111. Ба шумо он фосиқон аз аҳли китоб ҷуз андак озор[253] дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҷанг кунанд, пушт гардонида рўй ба гурез андозанд ва пирўз нагарданд. Баъд аз он дар ягон ҳолат бар шумо пирўз нашаванд.[254]
112. Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ[255] ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд. Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мўҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
[255]Амони Аллоҳ; ақдест, ки онҳоро ҳимоя мекунад ва дар баробари ҷизя супориданашон ҳукмҳои Исломро ба онҳо лозим мегардонад.Тафсири Саъдӣ 1/143
117. Мисоли он чи кофирон дар зиндагии ин дунё хайр мекунанд, монанди шамолест бо хунукии сахт аст, ки ба киштзори қавми бар худ ситам карда мерасад ва онро нобуд созад. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, вале онҳо ба сабаби гуноҳашон бар худ ситам мекунанд.
120. Аз аломати душмании онон ин аст, ки агар хайре[259] ба шумо расад, нороҳат мешаванд ва агар душмане бар шумо ғалаба кунад ва ё баъзе мушкилоти дунявӣ бароятон пеш ояд, хушҳол мешаванд. Агар сабр кунед дар мусибатҳо ва парҳезгорӣ кунед дар амр ва наҳйҳои Аллоҳ, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Аллоҳ бар ҳар кори баде, ки мекунанд он кофирон, огоҳӣ дорад ва ононро ҷазо медиҳад![260]
[259] Яъне, ҳаргоҳ қудрат ва ғалаба ва тандурустӣ ба шумо бирасад [260]Тафсири Бағавӣ 2/96
121. Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки саҳаргоҳон аз миёни аҳли хонаи худ берун рафтӣ ба ҷанги Уҳуд ва ҷои мўъминонро барои ҷанг таъин намудӣ. Ва асҳобатро дар он ҷойгоҳ бар муқобили мушрикин қарор кардӣ ва фармудӣ ҳеҷ кас ба ҷанг намебарояд, то ба ў амр нашавад. Ва Аллоҳ шунаво ва доност. Ва ҳеҷ чизе аз корҳоятон бар Ў пинҳон намемонад.[261]
[261]Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро ба таври аҷибе ҷойгузорӣ кард, ки он бар маҳорати комили сиёсӣ ва ҷангии ў далолат менамояд. Тафсири Саъдӣ 1\145
129. Танҳо аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш меоӯрзад ва ҳар киро бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!
130. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, риборо[266] бо тамоми навъҳояш нахўред. Чун қарз додед, бар он изофа нагиред, агар каме бошад ҳам. Ва аз Аллоҳ битарсед ва қонунҳои шариъатро риъоя кунед, то растагор шавед дар дунёву охират.[267]
136. Аҷри ин гурўҳе, ки чунин сифатҳоро доранд барояшон омурзиш аст аз ҷониби Парвардигорашон ва низ биҳиштҳое, ки дар он аз зери дарахтҳо ва қасрҳояш ҷўйҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ хубаст подоши итоъаткунандагон!
145. Ҳеч шахсе намирад, магар ба иродаи Аллоҳ, ки навишта шудааст мўҳлати вақти ў. Ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби ризқи ин дунё бошад, ба ў медиҳем ва ў дар охират насибе надорад ва ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби охират бошад, ба ў медиҳем барзиёд бо ҳамроҳии он ризқе, ки барои ў дар ин дунё тақсим карда шуда буд. Ва шукргузоронро подош хоҳем дод![276]
148. Пас Аллоҳ ба онон ҷазои некро дод дар дунё, ки он пирўзӣ бар душман ва устуворӣ дар замин аст ва низ ҷазои некро дар охират дод, ки он биҳишти сарсабз аст. Ва Аллоҳ накўкоронеро, ки бо Парвардигори худ ва мардумон хушмуомила ҳастанд, дўст дорад![278]
153. Ба ёд оред эй мўъминон, он гоҳ ки аз душманатон ба ҳар сў мегурехтед ва ба ҳеҷ касе нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушт, шуморо садо мезад, ки назди ман оед эй бандагони Аллоҳ, аммо ба ўҷавоб надодед. Пас Аллоҳ шуморо дар муқобили коратон ҷазо дод. Яъне, ғаме бар ғаматон афзуд, ғаме ба сабаби аз даст додани пирўзӣ ва ғанимат ва ғаме ба сабаби шикаст хўрданатон ва ғами дигар, ки ҳамаи ғамҳоро аз ёди шумо барад; ва он, ин буд, ки хабари кушта шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидед. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.[284]
159. Ба сабаби раҳмати Аллоҳ аст, ки эй Паёмбар ту бо онҳо инчунин хушхўю меҳрубон ҳастӣ. Агар дуруштхўву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро аз он чизе ки дар ҷанги Уҳуд карданд, бубахшой ва барои онҳо аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат (маслиҳат) кун ва чун қасди коре кунӣ баъди маслиҳат, бар Аллоҳ таваккал кун, ки Аллоҳ таваккалкунандагонро дўст дорад.[287]
160. Агар Аллоҳ шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор кунад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мўъминон, бояд ки бар Аллоҳ таваккал кунанд!
161. Ва аз Паёмбар ҳаргиз хиёнат намеояд. Ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рўзи қиёмат бо худ оварад, то шарманда шавад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба пуррагӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!
164. Аллоҳ бар мўъминон он гоҳ неъмате ато фармуд, ки аз худашон ба сўи худашон Паёмбаре равон кард, то оёти Қуръонашро бар онҳо бихонад ва аз ширк онҳоро пок созад ва китобу суннатро биёмӯрзад, ҳарчанд онон пеш аз омадани ин Расул дар гумроҳии ошкоре буданд.[289]
165. Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед. Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хўрдем? Бигў: Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ў бар ёрӣ карданатон тавоно аст.[290]
170. Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанўз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андўҳгин намешаванд.[295]
179. Аллоҳ мўъминонро ҳаргиз бар он чи нагузорад, ки алҳол шумо бар он ҳастед. Меозмояд ва месанҷад, то нопокро аз пок, кофирро аз мўъмин ҷудо созад. Ва Аллоҳ бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон дошта бошед ва парҳезгорӣ кунед, пас бароятон подоши бузергест.[300]
180. Ва касоне, ки ба он чи Аллоҳ аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон набаранд, ки он бухл барои онон беҳтараст, балки ба зиёни онҳост. Ва дар рўзи қиёмат, чизе ки дар он бухл варзидаанд, сабаби азобашон мегардад ва барои Аллоҳ аст ҳамаи дороиҳои осмон ва замин. Пас нафақа кунед аз он чи ки Аллоҳ рўзиатон дод, зеро бозгашти ҳама умур ба сўи Аллоҳ аст ва барои рўзи охирати худ хайрхоҳӣ кунед, ки нафъи он, рўзи қиёмат ба шумо мерасад ва Аллоҳ ба он чи мекунед огоҳ аст.[301]
186. Албатта шумо дар молҳо ва ҷонҳоятон ба монанди ҷиҳод, қатл, асир, ҷароҳат ва бемориҳо мавриди озмоиш қарор мегиред ва ҳатман аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоб дода шудааст ва низ аз мушрикин азият ва озори фаровонӣ меёбед ва агар сабр кунед ва парҳезгорӣ намоед, ба дурустӣ, ки ин нишонаи азми устувории шумо дар корҳост.[306]
189. Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас ҳеҷ кас чизеро аз Ў манъ намекунад ва ҳеҷ чизе Ўро нотавон намесозад.[309]
191. Он касоне, ки истода ва нишаста ва бар паҳлўҳояшон афтода Аллоҳро ёд мекунанд[310] ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд.[311]. Пас мегўянд: Парвардигоро! Инро беҳуда наёфаридаӣ, пас моро аз азоби оташ наҷот бидеҳ.
[310] Дар ҷамиъи ҳолатҳои зиндагиашон [311]Ва ин баёнгари он аст, ки тафаккур ибодат аст ва тафаккур кардан аз сифати дўстони наздики Аллоҳ аст. Тафсири Саъдӣ 1\161
197. Матоъи андаке аст, яъне матоъи ночизе аст ва боқӣ нахоҳад монд, балки онҳо каме аз он баҳраманд мешаванд ва ба сабаби он муддате тўлонӣ азоб мебинанд. Сипас ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест.[313]
198. Вале касоне, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, барои онҳост боғҳое, ки ҷўйҳо аз зери он равон аст. Дар он ҷовидона ҳастанд. Ва онҳо касоне ҳастанд, ки дил ва гуфтор ва кирдорашон нек аст. Ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва он чи назди Аллоҳ аст, барои некўкорон беҳтар аст.
199. Баъзе аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва он чи бар шумо ва он чи бар онҳо нозил шудааст, имон доранд ва дар баробари Аллоҳ фурўтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои андак намефурўшанд. Ва инҳо дар ҳақиқат аҳли китоб ва бархурдорон аз дониш ва илм ҳастанд. Подоши онҳо назди Парвардигорашон аст. Ҳамоно Аллоҳ зудҳисобгир аст.
200. Эй он касоне, ки имон овардаед! Сабр кунед бар тоъати Парвардигоратон ва дар муқобили душманатон устувор бошед ва барои ҷиҳод доимо омода бошед ва аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
搜索结果:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".