《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 段: (37) 章: 艾哈拉布
وَإِذۡ تَقُولُ لِلَّذِيٓ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ وَأَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِ أَمۡسِكۡ عَلَيۡكَ زَوۡجَكَ وَٱتَّقِ ٱللَّهَ وَتُخۡفِي فِي نَفۡسِكَ مَا ٱللَّهُ مُبۡدِيهِ وَتَخۡشَى ٱلنَّاسَ وَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخۡشَىٰهُۖ فَلَمَّا قَضَىٰ زَيۡدٞ مِّنۡهَا وَطَرٗا زَوَّجۡنَٰكَهَا لِكَيۡ لَا يَكُونَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ حَرَجٞ فِيٓ أَزۡوَٰجِ أَدۡعِيَآئِهِمۡ إِذَا قَضَوۡاْ مِنۡهُنَّ وَطَرٗاۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ مَفۡعُولٗا
37. Ва ту эй Расул ба он мард (Зайд ибни Ҳорис),[2055] ки Аллоҳ неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш[2056] дода будӣ, гуфтӣ: «Занат (Зайнаб бинти Ҷаҳш)-ро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро[2057], ки Аллоҳ ошкоркунанда аст, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ки бигӯянд Муҳаммад зани талоқ кардаи писархондаашро ба занӣ гирифт, ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузошт, (талоқаш дод) ба ҳамсарии туаш даровардем, то намуна шавӣ мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони писархондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, (агар ӯро талоқ карда бошад) манъе набошад. Ва ҳукми Аллоҳ шуданист.[2058]
[2055] Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пеш аз нозил шудани ояти “писархондагӣ” ӯро ба худ писархон карда буд, пас аз нузули оят ӯро бо номи падараш хонд.
[2056] Яъне, озодаш кардӣ ва ӯро зан додӣ
[2057]Яъне , он чиро ки Аллоҳ ба ту ваҳй фиристода буд, аз талоқи Зайд занашро ва издивоҷи ту зани талоқ кардаи ӯро, яъне, Зайнабро.
[2050] Тафсири Саъдӣ 1\662
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 段: (37) 章: 艾哈拉布
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭