《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 段: (53) 章: 艾哈拉布
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتَ ٱلنَّبِيِّ إِلَّآ أَن يُؤۡذَنَ لَكُمۡ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيۡرَ نَٰظِرِينَ إِنَىٰهُ وَلَٰكِنۡ إِذَا دُعِيتُمۡ فَٱدۡخُلُواْ فَإِذَا طَعِمۡتُمۡ فَٱنتَشِرُواْ وَلَا مُسۡتَـٔۡنِسِينَ لِحَدِيثٍۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ يُؤۡذِي ٱلنَّبِيَّ فَيَسۡتَحۡيِۦ مِنكُمۡۖ وَٱللَّهُ لَا يَسۡتَحۡيِۦ مِنَ ٱلۡحَقِّۚ وَإِذَا سَأَلۡتُمُوهُنَّ مَتَٰعٗا فَسۡـَٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٖۚ ذَٰلِكُمۡ أَطۡهَرُ لِقُلُوبِكُمۡ وَقُلُوبِهِنَّۚ وَمَا كَانَ لَكُمۡ أَن تُؤۡذُواْ رَسُولَ ٱللَّهِ وَلَآ أَن تَنكِحُوٓاْ أَزۡوَٰجَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦٓ أَبَدًاۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمًا
53. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариъати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед[2073], то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пас аз хӯрдани таъом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки "хезед ва биравед", бо вуҷуде ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст.[2074]
[2073]Яъне, пеш аз таъом омода шудан даромада, то омода шудани он мунтазир нашавед
[2074]Чунки ҳамсарони Паёмбар дар дунё ва охират ҳамсарони ӯ ҳастанд ва ҳамчунин онҳо модарони мӯъминон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 20\316
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 段: (53) 章: 艾哈拉布
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭