1. Ҳама ситоиш[2092] аз они Аллоҳест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, аз они Ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст.[2093]
[2092] Яъне, ситоиш барои Аллоҳест, ки тамоми сифатҳояш комил ва бенуқсон аст, ва низ ситоиш ба неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявии Ӯ [2093]Яъне, ҳама кораш бо ҳикмат аст ва ҳеҷ чиз аз Ӯ пӯшида нест!Тафсири Саъдӣ 1\674
2. Ҳар чиро, ки дар замин аз қатраҳои об фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин аз набототу маъданҳо ва чашмаҳо берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон аз борону фариштаҳо ва китобҳо фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон аз фариштаҳо ва амалҳои бандагон боло равад, медонад. Ва Ӯ бо бандагонаш меҳрубон аст ва тавбакунандагонро омурзанда аст!
6. Ва касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, медонанд, ки он чи аз ҷониби Парвардигорат бар ту аз ин Қуръон нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманди сутуданӣ роҳ менамояд.[2097]
[2097]Ӯст, ки бар ҳама чиз ғолиб аст ва дар гуфтору кирдор ва шариъаташ ситоиш карда шудааст.Тафсири ибни Касир 6\495
8. Оё ин Муҳаммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад, ё девонааст»? На, Муҳаммад аз росттарин ростгӯйҳо аст , балки онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва дар ҳаёти дунё сахт аз роҳи ҳақ дуранд.[2099]
10. Ва дар ҳақиқат, Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки он паёмбарӣ, китоб ва илм буд, пас гуфтем: Эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ Маро дар тасбеҳ гуфтан ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш монанди хамир мулоиму нарм кардем, то ҳар чӣ мехоҳад бо он бисозад[2101].
12. Ва барои Сулаймон бодро мусаххар кардем, ки субҳгоҳон масофаи як моҳро тай мекард ва шомгоҳон масофаи як моҳро. Ва чашмаи миси обшударо барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз ҷинҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекарданд ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.
13. Сулаймон ҳар чӣ мехост, ҷинҳо барояш месохтанд: аз қасрҳову ибодатгоҳҳо ва суратҳо аз мис ва шиша ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками бар ҷой ва ба онҳо гуфтем: Эй хонадони Довуд, ба тоъат амал кунед, шукри ин ҳама неъматҳоро ба ҷо оред. Ва андаке аз бандагони ман шукргузоранд.[2103]
[2103]Довуд ва хонадони ӯ аз гурӯҳи андаке буданд.Тафсири Табарӣ 20\365
15. Мардуми Сабаъро, ки аз Яман буданд дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: Ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чап. Аз он чи Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Аллоҳ шаҳри шуморо шаҳри хушу покиза қарор дод ва Парвардигор гуноҳи шуморо омурзандааст!
16. Пас онҳо аз амри Аллоҳ рӯй гардонданд ва шукрашро ба ҷо наоварданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва табдил додем ба ивази он ду боғе, ки доштанд ду боғи дигареро, ки меваҳояш бадмазза буд ва дарахти шӯрагаз дошт ва каму беш аз дарахти кукнор.
18. Миёни онҳо (аҳли Сабаъ) ва деҳаҳое, ки баракат дода будем (ва он Шом аст), шаҳрҳое обод ва бо ҳам пайваста бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муъайян кардем. Ва ба онҳо гуфтем: «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед. Ва ҳеҷ хавфе намебаред аз душман ва на аз гуруснагӣ ва на аз ташнагӣ!»[2106]
19. Бар худ ситам карданд ва аз роҳат ва эминӣ малолу дилтанг шуданд ва дарозии сафар ва дурӣ миёни ободиҳоро орзу намуданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!» Пас Мо низ онҳоро, барои ибрати дигарон афсонаҳое қарор додем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин (аҳли Сабаъ) ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!
21. Ва шайтон ҳеҷ салтанат ва қудрате бар онҳо надорад ва наметавонад онҳоро ба он чи мехоҳад, фармоиш диҳад, магар он ки мехостем маълум кунем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест!
30. Бигӯ барояшон эй Расул: “Он рӯз, ки ваъдагоҳи шумост, ҳатман омаданист, на соате аз он таъхир мекунед ва на соате аз он пеш меафтед, пас аз он рӯз дар ҳазар бошед ва омода шавед”[2113] .
34. Мо ҳеҷ бимдиҳандае ба деҳае нафиристодем, ҷуз он ки тавонгарони он бо айшу ишраташ гуфтанд: «Эй паёмбарон!, бегумон мо ба он чи шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».
36. Бигӯ эй Расул барояшон: «Парвардигори ман ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, дар дунё фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Ва ин аз барои имтиҳон аст, на барои дустӣ ва на бадбинӣ. Вале бештари мардум намедонанд».[2116]
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
搜索结果:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".