Check out the new design

《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 隋德   段:
وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنَّا وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ
43. Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад.
阿拉伯语经注:
وَخُذۡ بِيَدِكَ ضِغۡثٗا فَٱضۡرِب بِّهِۦ وَلَا تَحۡنَثۡۗ إِنَّا وَجَدۡنَٰهُ صَابِرٗاۚ نِّعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٞ
44. Ва ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан[2253]». Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! ҳароина, ӯ ба тоъати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд.
[2253] Муфассирон мегӯянд: Ҳамсари Аюб алайҳиссалом дар айёми беморӣ ҳамеша ӯро хидмат мекард, як бор дар хидмат кӯтоҳӣ намуд. Аюб алайҳиссалом хашмгин шуд ва савганд ёд кард, чун шифо ёбад ӯро сад тозиёна бизанад. Аллоҳ ӯро амр фармуд; ки дастаи хӯшаҳои хурмо, ки сад шоха дошта бошад, бигирад ва ӯро як зарба бизанад, ба сад зарба баробар мешавад. Тафсири Табарӣ 21\214
阿拉伯语经注:
وَٱذۡكُرۡ عِبَٰدَنَآ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ أُوْلِي ٱلۡأَيۡدِي وَٱلۡأَبۡصَٰرِ
45. Эй Расул бандагони Моро Иброҳиму Исо ва Яъқуб, ки дорои қудрату тавоноӣ дар тоъат ва дорои биноӣ дар дин буданд, ба некӯӣ ёд кун!
阿拉伯语经注:
إِنَّآ أَخۡلَصۡنَٰهُم بِخَالِصَةٖ ذِكۡرَى ٱلدَّارِ
46.ҳароина, Мо пок сохтем онҳоро барои хислати поке, ки он ёд кардани сарои охират аст. Пас барои дарёфт кардани он сарой итоъати Мо карданд ва мардумро ба сӯи он даъват намуданд.
阿拉伯语经注:
وَإِنَّهُمۡ عِندَنَا لَمِنَ ٱلۡمُصۡطَفَيۡنَ ٱلۡأَخۡيَارِ
47. Ва ҳароина, онҳо дар назди Мо баргузидагону неконанд.
阿拉伯语经注:
وَٱذۡكُرۡ إِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ وَكُلّٞ مِّنَ ٱلۡأَخۡيَارِ
48. Ва эй Расул бандагони Моро Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ба некӯӣ ёд кун, ки ҳама аз зумраи неконанд.
阿拉伯语经注:
هَٰذَا ذِكۡرٞۚ وَإِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ لَحُسۡنَ مَـَٔابٖ
49. Ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст ва ҳароина, барои парҳезгорон бозгашти некӯест;
阿拉伯语经注:
جَنَّٰتِ عَدۡنٖ مُّفَتَّحَةٗ لَّهُمُ ٱلۡأَبۡوَٰبُ
50.биҳиштҳои ҷовидон, ки дарҳои он ба рӯяшон кушода аст.
阿拉伯语经注:
مُتَّكِـِٔينَ فِيهَا يَدۡعُونَ فِيهَا بِفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ وَشَرَابٖ
51.Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданиҳои бисёре, ки бихоҳанд, металабанд.
阿拉伯语经注:
۞ وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ أَتۡرَابٌ
52. Ва назди онҳо ҳамсаронест ҳамсол, ки ҷуз ба шавҳарони хеш назар надоранд.
阿拉伯语经注:
هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِيَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ
53. Ин аст, он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо эй парҳезгорон ваъда додаанд.
阿拉伯语经注:
إِنَّ هَٰذَا لَرِزۡقُنَا مَا لَهُۥ مِن نَّفَادٍ
54.ҳароина, ин ризқи Мост барои шумо, ки онро ҳеҷ поёне нест.
阿拉伯语经注:
هَٰذَاۚ وَإِنَّ لِلطَّٰغِينَ لَشَرَّ مَـَٔابٖ
55. Ин (яъне, он чӣ зикр шуд, подоши парҳезгорон) аст. Ва бегумон, барои саркашон, ки дар куфру маъсият аз ҳад гузаштаанд, бадтарин бозгаштҳост.
阿拉伯语经注:
جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَا فَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ
56. Ва ҷаҳаннам аст ки , дар он ворид мешаванд, пас чӣ бад оромгоҳест , ки барои онҳо омода шудааст.
阿拉伯语经注:
هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٞ وَغَسَّاقٞ
57. Ин азоб оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бояд бичашанд ва бинӯшанд.
阿拉伯语经注:
وَءَاخَرُ مِن شَكۡلِهِۦٓ أَزۡوَٰجٌ
58. Ва азобу шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ доранд.
阿拉伯语经注:
هَٰذَا فَوۡجٞ مُّقۡتَحِمٞ مَّعَكُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِهِمۡۚ إِنَّهُمۡ صَالُواْ ٱلنَّارِ
59. Ҳангоме ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, якдигарро дашном дода ва баъзеашон барои баъзе мегӯянд: Ин гурӯҳе аст, ки бо шумо ба ҷаҳаннам медароянд. Пас ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохил шудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем.
阿拉伯语经注:
قَالُواْ بَلۡ أَنتُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِكُمۡۖ أَنتُمۡ قَدَّمۡتُمُوهُ لَنَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرَارُ
60. Сипас гӯянд пайравон ба сарварон : «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»
阿拉伯语经注:
قَالُواْ رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَٰذَا فَزِدۡهُ عَذَابٗا ضِعۡفٗا فِي ٱلنَّارِ
61. Гӯянд гӯруҳи пайравон: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 隋德
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 - 译解目录

豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。在拉瓦德翻译中心的监督之下已完成开发,原始翻译可供阅读,以便获取建议、评估和持续发展。

关闭