Check out the new design

《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 拉哈迈尼   段:

Раҳмон

ٱلرَّحۡمَٰنُ
1. Аллоҳи меҳрубон.
阿拉伯语经注:
عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ
2.Қуръонро ба инсон таълим дод ва барояш тиловат, ҳифз ва фаҳми маънои онро осон гардонид.
阿拉伯语经注:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ
3. Инсонро офаридааст
阿拉伯语经注:
عَلَّمَهُ ٱلۡبَيَانَ
4. ва барои баён сохтани мақсадаш ба ӯсухан гуфтан омӯзондааст, то аз дигар махлуқот фарқ карда шавад.
阿拉伯语经注:
ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانٖ
5. Офтоб ва моҳтоб ба ҳисоби муайян (дақиқ) дар ҳаракатанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ يَسۡجُدَانِ
6.Ва ситорагон дар осмон ва дарахтон дар заминмедонанд Парвардигорашонро ва саҷдааш мекунанд. Ва сар фуруд меоранд ба амри Холиқашон барои масолеҳи бандагонаш.[2778]
[2778] Тафсири Саъдӣ 1/828
阿拉伯语经注:
وَٱلسَّمَآءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِيزَانَ
7. Ва осмонро болои замин барафрохт ва дар замин тарозуи адлромуайян кард ва бандагонашро амр кардааст,
阿拉伯语经注:
أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِي ٱلۡمِيزَانِ
8.то дар тарозу таҷовуз (хиёнат) макунед.
阿拉伯语经注:
وَأَقِيمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِيزَانَ
9.Вазн карданро ба адолат риъоя кунед ва аз тарозу мазанед!
阿拉伯语经注:
وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ
10. Ва заминро барои мардум паҳнкард, то дар он ҷойгир шаванд.
阿拉伯语经注:
فِيهَا فَٰكِهَةٞ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ
11. дар он меваҳост ва дарахтонидорои ғилоф (пӯсти) хурмост.
阿拉伯语经注:
وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّيۡحَانُ
12. Ва дар он донаҳои баргдор ва райҳон аст барои шумо ва чаҳорпоёни шумо.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
13.Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?[2779]
[2779]Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд:” Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем , пас аз они Туст ҳамд ва сано.” Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828
阿拉伯语经注:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ كَٱلۡفَخَّارِ
14. Аллоҳ таъоло инсонро (Одам алайҳис салом)аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид.
阿拉伯语经注:
وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّارٖ
15. Ва ҷин (Иблис)ро аз шӯълаи оташофарид.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
16. Пас, кадом як аз неъматҳоиПарвардигоратонро (эй гӯруҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَيۡنِ
17. Ӯ субҳонаҳу ва таъоло Парвардигориду машриқ ва ду мағриб: (Яъне офтоб дар фасли зимистон машриқу мағрибе дорад ва дар тобистон машриқ ва мағриби дигаре дорад. Пас ҳама зери тадбир ва халқияти Ӯст)[2780]
[2780] Тафсири Саъдӣ 1/830
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
18. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин)дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 拉哈迈尼
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 - 译解目录

豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。在拉瓦德翻译中心的监督之下已完成开发,原始翻译可供阅读,以便获取建议、评估和持续发展。

关闭