《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 段: (10) 章: 穆姆泰哈戴
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا جَآءَكُمُ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ مُهَٰجِرَٰتٖ فَٱمۡتَحِنُوهُنَّۖ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِإِيمَٰنِهِنَّۖ فَإِنۡ عَلِمۡتُمُوهُنَّ مُؤۡمِنَٰتٖ فَلَا تَرۡجِعُوهُنَّ إِلَى ٱلۡكُفَّارِۖ لَا هُنَّ حِلّٞ لَّهُمۡ وَلَا هُمۡ يَحِلُّونَ لَهُنَّۖ وَءَاتُوهُم مَّآ أَنفَقُواْۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ أَن تَنكِحُوهُنَّ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّۚ وَلَا تُمۡسِكُواْ بِعِصَمِ ٱلۡكَوَافِرِ وَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقۡتُمۡ وَلۡيَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقُواْۚ ذَٰلِكُمۡ حُكۡمُ ٱللَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡۖ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
10. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариати ӯ амал кардаед, чун занони мӯъмине, ки ҳиҷрат кардаанд, аз дори куфр ба дори ислом ба наздатон оянд, пас онҳоро озмоиш кунед, то аз ҳақиқати имонашон огоҳӣ пайдо намоед. Аллоҳ ба ҳақиқати имонашон донотар аст. Пас, агар донистед аз зоҳири ҳолашон, ки имон овардаанд, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед. Зеро инҳо мӯъминазанҳо бар никоҳи мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар никоҳи онҳо ҳалол нестанд. Ва он чиро шавҳарони кофир дар ҳаққи заноне, ки ба сӯи шумо рафтаанд, харҷ кардаанд ба онҳо бидиҳед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе бар шумо нест. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва шумо низ эй мӯъминон, ҳар чӣ харҷ кардаед, ба заноне, ки аз никоҳи шумо берун рафтаанд, аз мардони кофир харҷи маҳрро талаб кунед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд дар маҳри он заноне, ки ба никоҳи шумо даромадаанд, аз шумо талаб кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ аст. Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад, пас, ҳукми Аллоҳро мухолифат накунед ва Ӯ доно аст ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳаким аст дар гуфтору корҳояш[2879]
[2879] Тафсири Бағавӣ 8\99
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 段: (10) 章: 穆姆泰哈戴
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭