Check out the new design

《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 艾尔拉夫   段:
إِنَّ وَلِـِّۧيَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَۖ وَهُوَ يَتَوَلَّى ٱلصَّٰلِحِينَ
196. Сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯшоистакоронро сарпарастӣ менамояд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَكُمۡ وَلَآ أَنفُسَهُمۡ يَنصُرُونَ
197. Эй мушрикон, ононро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.
阿拉伯语经注:
وَإِن تَدۡعُوهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ لَا يَسۡمَعُواْۖ وَتَرَىٰهُمۡ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ وَهُمۡ لَا يُبۡصِرُونَ
198. Ва агар бутҳоро ба роҳи ҳидоят бихонед, намешунаванд ва (эй Расул) мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯё, ки намебинанд. Зеро на чашм доранд на биноӣ.
阿拉伯语经注:
خُذِ ٱلۡعَفۡوَ وَأۡمُرۡ بِٱلۡعُرۡفِ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡجَٰهِلِينَ
199. Эй Паёмбар ту ва умматат гузашт карданро пеш гир ва ба онҳо осонгирӣ кун, то аз ту магурезанд ва ба некӣ фармон деҳ ва аз нодонон рӯй гардон![776]
[776] Тафсири Табарӣ 13 \326
阿拉伯语经注:
وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ نَزۡغٞ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
200. Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту ғазаб ё васвасае падид омад, ки туро аз кори хайр бозмедорад ё бар анҷоми кори бад васваса мекунад, ба Аллоҳ паноҳ бибар, зеро Ӯ ба ҳар сухан шунаво ва ба ҳар кор доност![777]
[777] Тафсири Саъдӣ 1\313
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ إِذَا مَسَّهُمۡ طَٰٓئِفٞ مِّنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ تَذَكَّرُواْ فَإِذَا هُم مُّبۡصِرُونَ
201. Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзҳои Ӯро ба ҷо меоранд ва аз он чи ки манъ кардааст, дурӣ меҷӯянд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад ва он чиро ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб намуда ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд. Ва аз Аллоҳ талаби омӯрзиш менамоянд.[778]
[778]Тафсири ибни Касир 3\534
阿拉伯语经注:
وَإِخۡوَٰنُهُمۡ يَمُدُّونَهُمۡ فِي ٱلۡغَيِّ ثُمَّ لَا يُقۡصِرُونَ
202. Ва бародаронашон (яъне, кофирон ва шайтонҳои инсӣ) ононро ба гумроҳӣ мекашанд ва шайтонҳои ҷин аз амали хеш бознамеистанд.
阿拉伯语经注:
وَإِذَا لَمۡ تَأۡتِهِم بِـَٔايَةٖ قَالُواْ لَوۡلَا ٱجۡتَبَيۡتَهَاۚ قُلۡ إِنَّمَآ أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ مِن رَّبِّيۚ هَٰذَا بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
203. Эй Расул, чун ояте барои мушрикон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе ихтироъ накардӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва зери тадбири Аллоҳ мебошам ва Аллоҳ нишонаҳо ва оётро бар асоси бузургворӣ ва ҳикмати худ нозил мекунад. Ва ин Қуръон нишонаҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамову раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд.[779]
[779] Тафсири Саъдӣ 1\313
阿拉伯语经注:
وَإِذَا قُرِئَ ٱلۡقُرۡءَانُ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥ وَأَنصِتُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
204. Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки шомили раҳмати Аллоҳ шавед!
阿拉伯语经注:
وَٱذۡكُر رَّبَّكَ فِي نَفۡسِكَ تَضَرُّعٗا وَخِيفَةٗ وَدُونَ ٱلۡجَهۡرِ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ وَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ
205. Эй Расул, Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон[780] мабош!
[780] Онон, ки Аллоҳро фаромӯш кардаанд. Тафсири Саъдӣ 1\314
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَيُسَبِّحُونَهُۥ وَلَهُۥ يَسۡجُدُونَۤ۩
206. Албатта, онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд,[781] аз парастиши Ӯ сар наметобанд, балки ба ибодати Ӯ тан медиҳанд ва шабу рӯз тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда[782] мекунанд
[781] Фариштагони муқарраб
[782]Дар ин оят саҷдаи тиловат мавҷуд аст.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 艾尔拉夫
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 - 译解目录

豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。在拉瓦德翻译中心的监督之下已完成开发,原始翻译可供阅读,以便获取建议、评估和持续发展。

关闭