《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 伴仪奈   段:

Сураи Байина (Бурҳони равшан)

لَمۡ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ
1. Кофирони аҳли китоб (аз яҳуду насоро) ва мушрикон даст барнадоранд аз куфри худ, то барояшон хуҷҷати равшане[3112] биёяд.
[3112] Яъне, он аломате, ки дар китобҳои пешина ваъда дода шуда буданд.
阿拉伯语经注:
رَسُولٞ مِّنَ ٱللَّهِ يَتۡلُواْ صُحُفٗا مُّطَهَّرَةٗ
2. Фиристодае аст (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳ, ки сахифаҳои поки Қуръонро мехонад,
阿拉伯语经注:
فِيهَا كُتُبٞ قَيِّمَةٞ
3. дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст, аз ахбор ва амрҳои одилона, ки ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд.
阿拉伯语经注:
وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ
4. Ва аҳли китоб пароканда нашуданд, магар баъд аз он ки барояшон бурҳоне равшан омад. Ва он бурҳон Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки дар Тавроту Инҷил барояшон ваъда дода шуда буд. Ҳама дар паёмбарии ӯ иттифоқ буданд. Пас он ҳангом, ки ба паёмбарӣ мабъус гардид, инкор карданд ва пароканда шуданд.
阿拉伯语经注:
وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ
5. Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Аллоҳро мухлисона бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ бо ихлос бошанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ شَرُّ ٱلۡبَرِيَّةِ
6. Ҳамоно аз аҳли китоб онҳое, ки кофир шуданд ва мушрикон, дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд.
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ خَيۡرُ ٱلۡبَرِيَّةِ
7. Албатта касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд.
阿拉伯语经注:
جَزَآؤُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ ذَٰلِكَ لِمَنۡ خَشِيَ رَبَّهُۥ
8. Подошашон дар назди Парвардигорашон бустонҳоест ҷовидон, ки зери он ҷӯйҳо меравад. Дар он ҷо ҳамеша ҷовидон бошанд. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст, ки амалҳояшонро қабул кардааст ва онҳо аз Аллоҳ розианд, ба он чӣ ки аз неъматҳояш барои онҳо омода кардааст. Ва ин барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад ва аз маъсияти Ӯ дур истад.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 伴仪奈
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭