Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir * - Tərcumənin mündəricatı


Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Haqqə   Ayə:

Сураи Ҳоққа (Рӯзи барҳақ, Рӯзи қиёмат)

ٱلۡحَآقَّةُ
1. Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!)
Ərəbcə təfsirlər:
مَا ٱلۡحَآقَّةُ
2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ?
Ərəbcə təfsirlər:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ
3. Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?[2984]
[2984] Тафсири Бағавӣ 8\204
Ərəbcə təfsirlər:
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ
4. Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд.
Ərəbcə təfsirlər:
فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ
5. Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَأَمَّا عَادٞ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٖ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٖ
6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд.
Ərəbcə təfsirlər:
سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٖ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومٗاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٖ
7. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.
Ərəbcə təfsirlər:
فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٖ
8. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!)
Ərəbcə təfsirlər:
وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ
9. Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика[2985] гунаҳкор омаданд.
[2985] Яъне, мардуми шаҳрҳои ба замин фурӯрафта, ки он ободиҳои қами Лут алайҳиссалом буд. Аллоҳ таъоло ба сабаби феъли мункарашон;( аз ширк, куфр ва зино) онҳоро ба замин фурӯ бурд. Тафсири Табарӣ 23\576
Ərəbcə təfsirlər:
فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةٗ رَّابِيَةً
10.Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд , пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт.
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ
11. Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем,
Ərəbcə təfsirlər:
لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةٗ وَتَعِيَهَآ أُذُنٞ وَٰعِيَةٞ
12. то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд.[2986]
[2986] Тафсири Табарӣ 23\578
Ərəbcə təfsirlər:
فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٞ وَٰحِدَةٞ
13. Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад
Ərəbcə təfsirlər:
وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةٗ وَٰحِدَةٗ
14. ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд,
Ərəbcə təfsirlər:
فَيَوۡمَئِذٖ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ
15. пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٖ وَاهِيَةٞ
16. Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ ثَمَٰنِيَةٞ
17. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
Ərəbcə təfsirlər:
يَوۡمَئِذٖ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٞ
18. Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад.[2987]
[2987] Тафсири Саъдӣ 1\883
Ərəbcə təfsirlər:
فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ
19. Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед.
Ərəbcə təfsirlər:
إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ
20. Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро омода кардаам.
Ərəbcə təfsirlər:
فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ
21.Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд,
Ərəbcə təfsirlər:
فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ
22. дар биҳиште олӣ,
Ərəbcə təfsirlər:
قُطُوفُهَا دَانِيَةٞ
23. ки меваҳояш дастрас бошад.
Ərəbcə təfsirlər:
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ
24. Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед![2988]
[2988] Тафсири Бағавӣ 8\212
Ərəbcə təfsirlər:
وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ
25. Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ
26.ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
Ərəbcə təfsirlər:
يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ
27.Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам
Ərəbcə təfsirlər:
مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ
28.Дороии ман,ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид,
Ərəbcə təfsirlər:
هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ
29. қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям)![2989]
[2989] Тафсири Табарӣ 23\588
Ərəbcə təfsirlər:
خُذُوهُ فَغُلُّوهُ
30. Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад:«Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед!
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ
31. Ва баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад!
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٖ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعٗا فَٱسۡلُكُوهُ
32. Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ[2990] аст, бикашед!
[2990]Яъне зироъ аз оринҷ то ангуштро гӯянд.
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ
33.Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ
34.ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.[2991]
[2991] Тафсири Бағавӣ 8\213
Ərəbcə təfsirlər:
فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ
35. Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ
36. Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли дӯзах нест.
Ərəbcə təfsirlər:
لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ
37. Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.[2992]
[2992] Тафсири Саъдӣ 1\884
Ərəbcə təfsirlər:
فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ
38.Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад:Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо
Ərəbcə təfsirlər:
وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ
39.ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо,
Ərəbcə təfsirlər:
إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ
40. ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,
Ərəbcə təfsirlər:
وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ
41. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ
42.Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
Ərəbcə təfsirlər:
تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
43.Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.[2993]
[2993] Тафсири Бағавӣ 8\214
Ərəbcə təfsirlər:
وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ
44. Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст,
Ərəbcə təfsirlər:
لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ
45. ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
Ərəbcə təfsirlər:
ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ
46.сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем
Ərəbcə təfsirlər:
فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ
47.ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад.
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ
48. Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.[2994]
[2994] Тафсири Табарӣ 23\595
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ
49. Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
50. Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд.
Ərəbcə təfsirlər:
وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ
51.Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест.
Ərəbcə təfsirlər:
فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ
52. Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.[2995]
[2995] Тафсири Саъдӣ 1\884
Ərəbcə təfsirlər:
 
Mənaların tərcüməsi Surə: əl-Haqqə
Surələrin mündəricatı Səhifənin rəqəmi
 
Qurani Kərimin mənaca tərcüməsi - Tacik dilinə tərcümə- Xocamirov Xocamir - Tərcumənin mündəricatı

Qurani Kərimin Tacik dilinə mənaca tərcüməsi. Tərcümə etdi: Hocamirov Hocamir. Düzəlişlər "Ruvvad" Tərcümə Mərkəzinin rəhbərliyi altında aparılıb. Orijinal tərcümə rəy bildirmək, qiymətləndirmək və davamlı təkmilləşdirmək üçün mövcuddur.

Bağlamaq