2.Ӯст, ки падари шумо Одам алайҳиссаломро аз гил биёфарид. Боз муқаррар кард ҳаёти шуморо ва вақти марги шуморо ва як муддати дигареро ва он муддат рӯзи қиёмат аст, ки он рӯзро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас надонад. Бо ин ҳама шумо эй кофирон шакку шубҳа меварзед?[522]
3.Ва Ӯст маъбуди бар ҳақ дар осмонҳову заминҳо ва аз нишонаҳое ки Ӯсазовори ибодат аст,ин аст, ки медонад тамоми чизҳои пинҳон ва ошкори шуморо ва медонад он чиро ки шумо касб мекунед.
4. Намеояд ба кофирон ҳеҷнишона ва ҳуҷҷате аз нишонаҳои Парвардигорашон, ҷуз он ки баъди дидану шунидан аз он рӯйгардон шуданд ва имон наоварданд![523]
6. Оё надидаанд, он мункиршудагон ба ягонагии Аллоҳ ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки пеш аз онҳо чӣ қадар мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар замин қудраташон дода будем аз умри дароз ва пулу моли бисёр, он чунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пай дар пай фиристодем ва рӯдҳоро аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба сабаби ношукрии неъмати Аллоҳ ва дурӯғ шумориданашон паёмбаронро ҳалокашон кардем ва баъд аз онҳо мардуми дигарепайдо кардем.[525]
7. Ва эй Паёмбар, ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем,пас онро мушрикон бо дасти хешламс мекарданд (меқапиданд), боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.
8. Ва мушрикон гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил нашудааст, то ба ҳақиқати он чи овардааст аз паёмбарӣ далолат намояд?» Агар фариштае мефиристодем, чунон ки онҳо талаб карданд, кор ба поён мерасид (яъне азоб бар онон воҷиб мешуд). Пас ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд.[526]
9. Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон интихоб мекардем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодем,зеро онон фариштаро ба сурати ҳақиқиаш дида наметавонанд[527] ва ҳароина дигаргун мекардем бар онон, бар он чи алҳол дигаргун мекунанд.[528]
10.Ҳамоно паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд.Пас фуруд омад азобе ба тамасхаракунандагон сазои он чи, ки тамасхур мекарданд.[529]
[529] Ин оят тасалло медиҳад барои паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ваъда медиҳад барои ӯ ва барои мӯъминон нусрат ва оқибати некро дар дунё ва охират. Тафсири ибни Касир 3\242
13. Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад (яъне аз махлуқот ; фаришта, одам, ҷин ва дигар ҳайвонотҳо) ва Ӯст шунавои тамоми овозҳо ва доност ба он чи мешавад ва кай мешавад ва чи гуна мешавад![531]
17.Ваагар Аллоҳ ба ту, эй инсон ранҷе мисли нодорӣ ва беморӣ бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту эй инсон некие мисли дороӣ ва тансиҳатӣ бирасонад, пас Ӯ бар ҳар коре тавоност ва сазовори ибодат аст.
24. Бингар ва андеша кун эй Паёмбар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ҳол он ки дар охират бутҳояшон аз онҳо безорӣ ҷӯянд ва ба он чи умедворӣ мекашиданд аз шафоъаташон, ночиз гардид.[538]
25. Баъзе аз он мушрикон ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то он Қуръонро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро вазнин (ношунаво) кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба муҷодала дар мавриди ҳақу ботил пардозанд. Кофирон мегӯянд, ки нест ин (Қуръон) магар қиссаҳои пешиниён.[539]
26.Ва онон (мушрикон) мардумро аз пайравии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он ки намедонанд, ки бо ин корашон танҳо худашонро ба ҳалокат расонида ва дучори азоби сахт мешаванд.[540]
27. Агар эй Паёмбар, онҳоро (мушриконро) дар он рӯзи қиёмат бингарӣ, ки дар баробари дӯзах нигоҳашон доштаанд, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд ба ҳаёти дунё, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нашуморем ва ба он амал кунем ва аз гӯруҳи мӯъминон бошем!»[541]
32. Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву ҳавасронии беҳуда нест вабароикасоне ки худро аз азоби Ӯ бо тоъат нигоҳ медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур мешаванд сарои охират аз сарои дунё беҳтар аст. Оё ба ақлдарнамеёбед он чизеро, ки ба шумо хабар медиҳем?[544]
34. Ҳамоно кофиронпаёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, пас онҳо бар он ранҷу озорҳо сабр карданд ва даъваташонро давом доданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Аллоҳро[547]тағйирдиҳандае нест. Ва ҳароина қиссаи баъзе аз ахбори паёмбарон, ки умматҳояшон бо онҳо чи ситамҳо кардаанд, бар ту нозил шудааст.[548]
36. Ҳамоно қабул мекунанд даъвати Исломро эй Паёмбар онҳое[550], ки мешунаванд, аммо кофирон дар қабули ҳақ дар гурӯҳи мурдагонанд, зеро ҳаёти ҳақиқӣ дар ислом аст. Ва мурдагонро Аллоҳ аз қабрҳояшон зинда мегардонад. Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат ба назди Ӯ бозгардонида мешаванд, то ки ҳисобу китоб карда шаванд.[551]
[550] Мӯъминоне, ки даъватро қабул мекунанд ва аз он фоида мебаранд. Тафсири Бағавӣ 3/143 [551] Тафсири Табарӣ 11/ 342. Монанд кардани кофирон ба мурдагон аз он сабаб аст, ки дилҳои онон мурдааст ва ҳақро қабул намекунанд.
52. Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонагоҳ Парвардигори хешро ибодат мекунанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун эй Паёмбар. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст, балки бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон бошӣ.[565]
68. Ва чун бубинӣэй Паёмбар он мушриконро , кидар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯй гардон, то ба сухане ҷуз он пардозанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкор ки Қуръонро масхара мекунанд , манишин.[576]
70. Ва тарк кун эй Паёмбар он мушриконеро, ки дини исломро бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ, то худро ба сабаби гуноҳ ва куфрашон дар азоб дучор накунанд. Ҷуз Аллоҳ додрасу шафоъаткунанда надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш аз азоб ҳар гуна фидя диҳанд ҳам, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба сабабе, ки ба Аллоҳу Расулаш ва ба дини исломкофир шуданд, барояшон дар дӯзах шаробе аз оби ҷӯшон ва азоби дардоваре муҳайё шудааст.[578]
84. Ва ба ӯ (Иброҳим алайҳиссаллом) Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагонро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорун алайҳимуссалломро ҳидоят кардем. Ва ҳамчунон паёмбаронро подош додем, некӯкоронро ин гуна подош диҳем!
87. Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва эшонро ихтиёр кардем барои расонидани даъвати Мо ба сӯи қавмашон ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем.[584]
88. Ин аст ҳидояти Аллоҳ. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк меоварданд[585], аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.[586]
95. Албатта Аллоҳ аст, ки донаву хӯшаҳоромешикофад (мерӯёнад) ва зиндаро аз мурда берун меоварад ҳамчунон ки, чӯҷаро аз тухм ва мурдаро аз зинда ва тухмро аз мурғ берун меоварад. Ин аст Аллоҳи якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?
99. Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он набототтанае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли хӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд[595]. Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, ( яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд![596]
[595]Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун [596] Тафсири Бағавӣ 3/ 172
101. Падидоварандаи осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ пайдо кард. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад, ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест[598].Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон Ӯро сифат мекунанд. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност! Ва чизе аз Ӯ махфӣ намемонад.[599]
[598]Фарзанд аз мард ва зан пайдо мешавад ва ин сифати махлуқ аст. [599]Тафсири Табарӣ 11\11
105. Ва чунон ки дар ин Қуръон баён кардем, барои мушрикон нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳои худро дар амри тавҳид ва нубувват[602] ва ҳам чунин нишонаҳоро барои онҳо гуногун баён мекунем дар ҳар чизе ки намедонистанд, то нашавад, бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ[603] ва Мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем, ки онро қабул мекунанд ва пайрави он мешаванд. Ва онон касонеанд, ки бо Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чи бар ӯ нозил шуда имон овардагонанд.
[602] Тавҳид: Аллоҳро якка ягона дониста ибодат кардан ва “нубувват”- паёмбарӣ [603]Яъне аз аҳли китоб таълим гирифти эй Муҳаммад? Тафсири Табарӣ 12/ 26
106. Эй Паёмбар ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун аз амру наҳйе, ки бузургтарини он тавҳиди Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Ва аз ҷидол ва хусумати мушрикон рӯй гардон![604]
107. Агар Аллоҳ ҳидояти ононро мехост, онҳо ширк намеоварданд, балки ба ту имон меоварданд ва туро пайравӣ мекарданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем, балки ту расонандаи паёми Мо ҳастӣ ба сӯяшон ва ту корсозашон нестӣ, ки дар ризқу рӯзии онҳо ҷавобгӯй бошӣ![605]
111. Ва агар мо талаби онҳоро қабул менамудем ва фариштагонро аз осмон бар онҳо фуруд меовардем ва мурдагонро зинда мекардем, ки бо онҳо сухан гӯянд ва ҳар чизеро гурӯҳ- гурӯҳ назди онон гирд меовардем, пас ба чашми худ онро медиданд боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ бихоҳад. Валекин бештарашон ҷоҳиланд![608]
116. Агар фарз карда шавад эй Расул, ки ту итоъат кунӣ бисёриҳоеро, ки дар ин сарзаминанд, туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Зеро онон фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд.
119. Чи шуморо манъ мекунад эй мусалмонон аз хӯрдани он чӣ номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, ва ҳамоно Аллоҳ чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром сохтааст, батафсил баён кардааст, ғайри он гоҳ ки ба сабаби гуруснагие, ки шуморо ба ҳалокат мерасонад ночор гардед? Ва аз он чи ки бар шумо ҳаром шудааст; мисли худмурда. Пас дар ин сурат хӯрдани он барои шумо мубоҳ аст. Ҳамоно бисёре аз гумроҳон бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкороне, ки аз ҳадди ҳалол ба ҳаром мегузаранд, донотар аст![611]
121. Эй мусалмонон, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд нашудааст, нахӯред, ба монанди худмурда ва он чи барои бут ё ҷин забҳ шудаст. Ҳамоно хӯрдани ин гуна забҳшудаҳо фисқ[612] ( гуноҳ) аст. Ва шаётини ҷин ба дӯстони худ аз шайтонҳои инсӣ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд[613] ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, шумо ва онҳо дар ширк баробаред.[614]
[612] Аз тоъати Аллоҳ берун рафтан [613]Яъне ба шумо шубҳа меандозанд, ва мегӯянд: чаро он чи Аллоҳ куштааст, намехӯред ва он чи худ забҳ мекунед, мехӯред. [614]Дар ин оят далел аст, ки касе ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром ё ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шуморад, мушрик аст. Тафсири Бағавӣ 3\84
123. Ва чунон ки бо бузургони Макка рӯй дод, ки пеши роҳи дини Аллоҳро гирифтанд ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо ба боз доштани дини Аллоҳ макр кунанд, вале намедонанд, ки фақат барои худ макр мекунанд.[616]
133. Ва Парвардигори ту, ки мардумро ба ибодати худ амр намуд, аз тоъати бандагонаш бениёз аст, балки тамоми халқаш ба сӯи Ӯ мӯҳтоҷанд ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар киро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад.[624]
134. Эй мушрикон ҳар чи ба шумо ваъда додаанд, аз азоб хоҳад омад ва шуморо роҳи гурезе нест. Ва Ӯ қодир аст, ки шуморо аз нав бозгардонад, гарчанде ки хоку устухон ҳам гардед.[625]
[625] Тафсири Саъдӣ 1\274 ва Тафсири Табарӣ 12 \128
139. Ва мушрикон гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, агар зинда таваллуд шавад барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». [629] Ва агар худмурда бошад, зану мард дар он шариканд. Аллоҳ ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!
[629]Яъне барои мардон нӯшидани шири онҳоро ҳалол ва барои занҳо ҳаром медонистанд. Ва низ агар гӯсфанд нар таваллуд кунад, онро забҳ мекарданд ва бар занон вайро ҳаром меҳисобиданд ва агар мода таваллуд кунад, ба ҳолаш мегузоштанд. Тафсири ибни Касир 3\346
141. Ва Ӯст, ки боғҳое офарид густарда бар замин (мисли ангур) ва низ ғайри густарда (мисли хурмо) ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор монанди якдигар дар манзрашон ва гуногун дар мазаашон. Чун ҳосил карданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ва ҷамъоварӣ ҳаққи (закоти) онро низ бипардозед ва исроф макунед. Ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст надорад!
143. Ҳашт ҷуфт чорпоро Аллоҳ бар бандагонаш ато кардааст; ду ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва ду ҷуфт аз буз—нару мода. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: «Оё Аллоҳ он ду нарро ҳаром кардааст агар гӯянд: Оре. Пас дурӯғ гуфтаанд, зеро ки онҳо ҳар як гӯсфанд ва бузи нарро ҳаром намешумориданд. Ва ё бигӯ барояшон он ду модаро Аллоҳ ҳаром гардондааст? Агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳар модае, ки аз гӯсфанд ва буз таваллуд мешуд ҳаром намешумориданд. Ё барояшон бигӯ: он чиро, ки дар шиками модагон аст, Аллоҳ онро ҳаром гардондааст? Пас агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳаром намешумориданд ҳар як чизе дар ҷанин қарор дорад аз нару мода. Пас даъвояшон ботил шуд. Агар он чи рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».[632]
146. Ва ба ёд ор эй Паёмбар, ки бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвон ва паррандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд, чарбуи он ҳар дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ин ҳаромшудаҳоро бар яҳудиён аз сабаби ситамкорияшон ҷазояшон додем ва ҳароина Мо дар ҳар чи мегӯем ростгӯ ва росткор ҳастем![636]
153. Ва ин аст роҳи рости Ман[641]. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ пароканда месозад. Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, то парҳезгор шавед!»
155. Ин Қуръон китобест муборак. Онро нозил кардаем бар Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар он хайри бисёр аст. Пас ба он чи ки амр мекунад ва аз он чи манъ мекунад, пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред![642]
160. Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кӣ кори баде анҷом диҳад, танҳо монанди он ҷазо бинад, то ситаме бар онҳо миқдори заррае нарафта бошад.
161. Бигӯ эй Расул барои инҳо мушрикон: «Албатта Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дини ҳамеша устувор ва он ислом аст, дини тавҳид, дини ҳанифи Иброҳим. Ва Иброҳим алайҳиссалом аз мушрикон набуд».
Translation of the Meanings of the Noble Qur'an - Tajik Translation - Khawja Mirov Khawja - Translations’ Index
Translation of the Quran meanings into Tajik by Khawja Mirov Khawja. Corrected by supervision of Rowwad Translation Center. The original translation is available for suggestions, continuous evaluation and development.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Search results:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".