クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: 割れる章   節:

Сураи Иншиқоқ (Шикофта шудан)

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ
1. Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ
2. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ
3. ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ
4. ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ
5. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
アラビア語 クルアーン注釈:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ
6. Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ
7. Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст,
アラビア語 クルアーン注釈:
فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا
8. ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд
アラビア語 クルアーン注釈:
وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورٗا
9. ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ
10. Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст,
アラビア語 クルアーン注釈:
فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورٗا
11. ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.[3093]
[3093]Яъне, бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
アラビア語 クルアーン注釈:
وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا
12. Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا
13. Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ
14. Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт.
アラビア語 クルアーン注釈:
بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرٗا
15. Оре, Парвардигорашба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ
16. Пас,Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд[3094] мехӯрам
[3094] Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад, ба шарик овардааст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ
17. ва савганд ба шаб ваҳар чиро кифаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ
18. ва савганд ба моҳ, чунпурра шавад нури он,
アラビア語 クルアーン注釈:
لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٖ
19. ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.[3095]
[3095] Яъне, аз нутфа ба хуни баста ва ба пораи гӯшт ва ба дамидни рӯҳ ва ба марг ва ба рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан ...
アラビア語 クルアーン注釈:
فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
20. Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд?
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ۩
21. Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?
アラビア語 クルアーン注釈:
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ
22. Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ
23. Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
24. Пас эй Расул, ононро ба азобидардоваре мужда бидеҳ,
アラビア語 クルアーン注釈:
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ
25. магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд.
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 割れる章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

クルアーン・タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる