クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: 夜訪れる者章   節:

Сураи Ториқ (Ончӣ дар шаб ояд)

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ
2. Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?
アラビア語 クルアーン注釈:
ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ
3. Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ
4. Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ
5. Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?
アラビア語 クルアーン注釈:
خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ
6. Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,
アラビア語 クルアーン注釈:
يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ
7. ки аз миёни устухони пушти мардва устухони синаи зан берун меояд.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ
8. Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,
アラビア語 クルアーン注釈:
يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ
9. рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ
10. Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ
11. Савганд ба осмони бозборанда![3099]
[3099]Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ
12. Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ
13. Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ
14. Ва он ҳазл нест!
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا
15. Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.[3100]
[3100] Тафсири Саъдӣ 1\920
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَكِيدُ كَيۡدٗا
16. Ва Манниз чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا
17. Пас кофиронро мӯҳлат деҳ, андак мӯҳлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 夜訪れる者章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

クルアーン・タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる