លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
7 : 9

كَيۡفَ يَكُونُ لِلۡمُشۡرِكِينَ عَهۡدٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعِندَ رَسُولِهِۦٓ إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ فَمَا ٱسۡتَقَٰمُواْ لَكُمۡ فَٱسۡتَقِيمُواْ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад info
التفاسير: |

external-link copy
8 : 9

كَيۡفَ وَإِن يَظۡهَرُواْ عَلَيۡكُمۡ لَا يَرۡقُبُواْ فِيكُمۡ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ يُرۡضُونَكُم بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَتَأۡبَىٰ قُلُوبُهُمۡ وَأَكۡثَرُهُمۡ فَٰسِقُونَ

Чигуна [паймони мушрикон арзиш дорад] бо инки агар бар шумо даст ёбанд, дар бораи шумо на [ҳаққи] хешовандиро муроот мекунанд ва на ҳеҷ паймонеро?! Онон шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд ва ҳол онки дилҳояшон имтиноъ меварзад ва бештарашон нофармонанд info
التفاسير: |

external-link copy
9 : 9

ٱشۡتَرَوۡاْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ ثَمَنٗا قَلِيلٗا فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Оёти Аллоҳ таолоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳи Ӯ боздоштанд. Ба ростӣ, чи бад аъмоле анҷом медоданд! info
التفاسير: |

external-link copy
10 : 9

لَا يَرۡقُبُونَ فِي مُؤۡمِنٍ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُعۡتَدُونَ

Инон дар ҳаққи ҳеҷ муъмине, на [ҳаққи] хешовандӣ муроот [риоя] мекунанд ва на паймонеро. Ва инонанд, ки таҷовузкоранд info
التفاسير: |

external-link copy
11 : 9

فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِۗ وَنُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ва Мо оёти худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем info
التفاسير: |

external-link copy
12 : 9

وَإِن نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُم مِّنۢ بَعۡدِ عَهۡدِهِمۡ وَطَعَنُواْ فِي دِينِكُمۡ فَقَٰتِلُوٓاْ أَئِمَّةَ ٱلۡكُفۡرِ إِنَّهُمۡ لَآ أَيۡمَٰنَ لَهُمۡ لَعَلَّهُمۡ يَنتَهُونَ

Ва агар [тааҳҳуду] савгандашонро пас аз паймони хеш шикастанд ва дар динатон таъна заданд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; зеро онон аҳд [-у паймоне бо шумо] надоранд, бошад, ки [аз рафтори худ] даст бардоранд info
التفاسير: |

external-link copy
13 : 9

أَلَا تُقَٰتِلُونَ قَوۡمٗا نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ وَهَمُّواْ بِإِخۡرَاجِ ٱلرَّسُولِ وَهُم بَدَءُوكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٍۚ أَتَخۡشَوۡنَهُمۡۚ فَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخۡشَوۡهُ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

Эй муъминон] Чаро бо гурӯҳе намеҷангед, ки савганд [ва паймони] худро шикастанд ва дар берун рондани Паёмбар [аз Макка] кӯшиданд? Онон буданд, ки нахустин бор [бо ёрӣ кардани қабилаи Бакр дар баробари Хузоа ҷангро] бо шумо оғоз карданд. Оё аз онон метарсед? Дар ҳоле ки агар имон доред, Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсед info
التفاسير: |
prev

Тавба

next