លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
48 : 9

لَقَدِ ٱبۡتَغَوُاْ ٱلۡفِتۡنَةَ مِن قَبۡلُ وَقَلَّبُواْ لَكَ ٱلۡأُمُورَ حَتَّىٰ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَظَهَرَ أَمۡرُ ٱللَّهِ وَهُمۡ كَٰرِهُونَ

Яқинан, пеш аз ин [низ мунофиқон бисёр] фитнаҷӯӣ карданд ва корҳоро бар ту [воруна ва] ошуфта ҷилва доданд, то онки ҳақ омад ва фармони Аллоҳ таоло ошкор гардид, дар ҳоле ки онон кароҳат доштанд info
التفاسير: |

external-link copy
49 : 9

وَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ ٱئۡذَن لِّي وَلَا تَفۡتِنِّيٓۚ أَلَا فِي ٱلۡفِتۡنَةِ سَقَطُواْۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةُۢ بِٱلۡكَٰفِرِينَ

Ва аз эшон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Ба ман иҷозат бидеҳ, [ки ҷиҳод накунам] ва маро дар фитна наандоз». Огоҳ бошед! [Мунофиқон] Ҳам акнун низ дар фитна афтодаанд ва бе тардид, дузах бар кофирон иҳота дорад info
التفاسير: |

external-link copy
50 : 9

إِن تُصِبۡكَ حَسَنَةٞ تَسُؤۡهُمۡۖ وَإِن تُصِبۡكَ مُصِيبَةٞ يَقُولُواْ قَدۡ أَخَذۡنَآ أَمۡرَنَا مِن قَبۡلُ وَيَتَوَلَّواْ وَّهُمۡ فَرِحُونَ

[Эй Паёмбар] Агар ба ту некӣ бирасад, ононро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегӯянд: «Мо пеш аз ин чораи кори худ андешидаем» ва шодмон [назди хонаводаҳояшон] бозмегарданд info
التفاسير: |

external-link copy
51 : 9

قُل لَّن يُصِيبَنَآ إِلَّا مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَنَا هُوَ مَوۡلَىٰنَاۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

Бигӯ: «Ҳаргиз [мусибате] ба мо намерасад, ҷуз ончи Аллоҳ таоло бароямон муқаррар кардааст. Ӯ [дӯсту] корсози мост ва муъминон бояд ба Аллоҳ таоло таваккал кунанд» info
التفاسير: |

external-link copy
52 : 9

قُلۡ هَلۡ تَرَبَّصُونَ بِنَآ إِلَّآ إِحۡدَى ٱلۡحُسۡنَيَيۡنِۖ وَنَحۡنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمۡ أَن يُصِيبَكُمُ ٱللَّهُ بِعَذَابٖ مِّنۡ عِندِهِۦٓ أَوۡ بِأَيۡدِينَاۖ فَتَرَبَّصُوٓاْ إِنَّا مَعَكُم مُّتَرَبِّصُونَ

[Ба мунофиқон] Бигӯ: «Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Дар ҳоле ки мо интизор мекашем, ки Аллоҳ таоло аз ҷониби хеш ё ба дасти мо ба азоб [-и сахте] гирифторатон кунад. Пас, интизор бикашед, ки бе тардид, мо [низ] бо шумо мунтазирем» info
التفاسير: |

external-link copy
53 : 9

قُلۡ أَنفِقُواْ طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا لَّن يُتَقَبَّلَ مِنكُمۡ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ

[Ба мунофиқон] Бигӯ: «Чи бо рағбат, чи бо кароҳат инфоқ кунед, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, [чаро ки] бе тардид, шумо гурӯҳи нофармон будаед» info
التفاسير: |

external-link copy
54 : 9

وَمَا مَنَعَهُمۡ أَن تُقۡبَلَ مِنۡهُمۡ نَفَقَٰتُهُمۡ إِلَّآ أَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَبِرَسُولِهِۦ وَلَا يَأۡتُونَ ٱلصَّلَوٰةَ إِلَّا وَهُمۡ كُسَالَىٰ وَلَا يُنفِقُونَ إِلَّا وَهُمۡ كَٰرِهُونَ

Ва ҳеҷ чиз монеи қабули бахшишҳояшон нашуд, ҷуз инки онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзиданд ва ҷуз бо сустӣ намоз намегузоранд ва ҷуз ба кароҳат [ва бемайлӣ] инфоқ намекунанд info
التفاسير: |
prev

Тавба

next