លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
21 : 9

يُبَشِّرُهُمۡ رَبُّهُم بِرَحۡمَةٖ مِّنۡهُ وَرِضۡوَٰنٖ وَجَنَّٰتٖ لَّهُمۡ فِيهَا نَعِيمٞ مُّقِيمٌ

Парвардигорашон ононро аз ҷониби хеш ба раҳмату хушнудӣ ва боғҳое [дар биҳишт] мужда медиҳад, ки дар онҳо неъматҳои пойдор доранд info
التفاسير: |

external-link copy
22 : 9

خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ

Ҳамвора дар он ҷовидонанд. Ба ростӣ, ки подоши бузург [фақат] назди Аллоҳ таоло аст info
التفاسير: |

external-link copy
23 : 9

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُوٓاْ ءَابَآءَكُمۡ وَإِخۡوَٰنَكُمۡ أَوۡلِيَآءَ إِنِ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡكُفۡرَ عَلَى ٱلۡإِيمَٰنِۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон куфрро бар имон тарҷеҳ медиҳанд, [ононро] ба дӯстӣ нагиред ва ҳар касе аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад, онон ҳамон ситамгоронанд info
التفاسير: |

external-link copy
24 : 9

قُلۡ إِن كَانَ ءَابَآؤُكُمۡ وَأَبۡنَآؤُكُمۡ وَإِخۡوَٰنُكُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ وَعَشِيرَتُكُمۡ وَأَمۡوَٰلٌ ٱقۡتَرَفۡتُمُوهَا وَتِجَٰرَةٞ تَخۡشَوۡنَ كَسَادَهَا وَمَسَٰكِنُ تَرۡضَوۡنَهَآ أَحَبَّ إِلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَجِهَادٖ فِي سَبِيلِهِۦ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

[Эй Паёмбар, ба муъминон] Бигӯ: «Агар падарону фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандонатон ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, назди шумо аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ маҳбубтаранд, пас, мунтазир бошед, то Аллоҳ таоло фармони [азоби] хешро нозил кунад. Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад» info
التفاسير: |

external-link copy
25 : 9

لَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٖ وَيَوۡمَ حُنَيۡنٍ إِذۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡ كَثۡرَتُكُمۡ فَلَمۡ تُغۡنِ عَنكُمۡ شَيۡـٔٗا وَضَاقَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ ثُمَّ وَلَّيۡتُم مُّدۡبِرِينَ

Бе тардид, Аллоҳ таоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед] info
التفاسير: |

external-link copy
26 : 9

ثُمَّ أَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَعَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَأَنزَلَ جُنُودٗا لَّمۡ تَرَوۡهَا وَعَذَّبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Сипас Аллоҳ таоло оромиши хешро бар Паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва сипоҳиёнеро, ки шумо намедидед [ба кумакатон] фиристод ва ононро, ки куфр варзида буданд, азоб кард. Ва ҷазои кофирон чунин аст info
التفاسير: |
prev

Тавба

next