Check out the new design

ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ * - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ


ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಅಲ್- ಕಲಮ್   ಶ್ಲೋಕ:

Қалам

نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ
1. Нун.[2967] Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
[2967]Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٖ
2. ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٖ
3. Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ
4. ва ҳароина, ту эй Расул бар хулқи азим[2968] ҳастӣ.
[2968] Тафсири ибни Касир 8\188. Он чиро ки Қуръон дарбар гирифтааст: аз ахлоқи ҳамида, он хулқи бузург аст ва Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳамин хулқ буданд.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ
5. Ба зудӣ ту эй Расул мебинӣ ва он кофирон низ мебинанд,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ
6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
7. Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.[2969]
[2969] Тафсири Табарӣ 23\532
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
8.Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ
9. Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ
10. Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
هَمَّازٖ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٖ
11. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
12. боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ
13. дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
أَن كَانَ ذَا مَالٖ وَبَنِينَ
14. ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
15. чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»[2970]
[2970] Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Муғира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\879
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلۡخُرۡطُومِ
16. Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем, ки назди мардум бо он доғ бад шавад.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
 
ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಅಲ್- ಕಲಮ್
ಅಧ್ಯಾಯಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ
 
ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ

ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರದ ಮೇಲ್ವಿಚಾರಣೆಯಲ್ಲಿ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಪಡಿಸಲಾಗಿದೆ. ಅಭಿಪ್ರಾಯ, ಮೌಲ್ಯಮಾಪನ ಮತ್ತು ನಿರಂತರ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಗಾಗಿ ಮೂಲ ಅನುವಾದವು ಪರಿಶೀಲನೆಗೆ ಲಭ್ಯವಿದೆ.

ಮುಚ್ಚಿ