Check out the new design

पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । * - अनुवादहरूको सूची


अर्थको अनुवाद सूरः: अअराफ   श्लोक:
قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي نَفۡعٗا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ وَلَوۡ كُنتُ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ لَٱسۡتَكۡثَرۡتُ مِنَ ٱلۡخَيۡرِ وَمَا مَسَّنِيَ ٱلسُّوٓءُۚ إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
188. Бигӯ эй Расул: «Ман барои худ нафъ ва зарар карда наметавонам,магар он чӣ Аллоҳ бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам, ба хайри худ басе меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯи шумо ва аз азобаш шуморо метарсонам ва мужда медиҳам ба савобаш қавмеро, ки рисолати маро тасдиқ менамояд ва ба шариъати ман амал мекунад».[770]
[770] Тафсири Табарӣ 13\303
अरबी व्याख्याहरू:
۞ هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ وَجَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا لِيَسۡكُنَ إِلَيۡهَاۖ فَلَمَّا تَغَشَّىٰهَا حَمَلَتۡ حَمۡلًا خَفِيفٗا فَمَرَّتۡ بِهِۦۖ فَلَمَّآ أَثۡقَلَت دَّعَوَا ٱللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنۡ ءَاتَيۡتَنَا صَٰلِحٗا لَّنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
189. Аллоҳ Зоте аст, ки ҳамаи шуморо аз як шахс биёфарид, ки он падари шумо Одам аст.Ва аз Одам занашро (Ҳавворо) биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд[771] ва чанде бо он рӯзгорро ба сар бурд. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!
[771]Мурод аз “ҳамли сабук” марҳалаи аввалии халқи кӯдак (нутфа, хуни баста ва гӯштпора) мебошад ва “ҳамли вазнин” марҳалаи пеш аз таваллуд аст.
अरबी व्याख्याहरू:
فَلَمَّآ ءَاتَىٰهُمَا صَٰلِحٗا جَعَلَا لَهُۥ شُرَكَآءَ فِيمَآ ءَاتَىٰهُمَاۚ فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
190. Ва ҳангоме ки ба он ду фарзанди солеҳ ва солиме дод дар он чӣ Аллоҳ ба эшон дода буд, барои Аллоҳ шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ бартар аст аз он чи ба Ӯ шарик мегардонанд.
अरबी व्याख्याहरू:
أَيُشۡرِكُونَ مَا لَا يَخۡلُقُ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ
191. Оё инҳо, мушрикон шарики Аллоҳ месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?
अरबी व्याख्याहरू:
وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ لَهُمۡ نَصۡرٗا وَلَآ أَنفُسَهُمۡ يَنصُرُونَ
192. Наметавонанд обидони худро ёварӣ кунанд ва на ба ёрии худ бархезанд. Пас чи гуна онҳоро бо ҳамроҳи Аллоҳ маъбуд гирифта мешавад?[772]
[772] Тафсири Табарӣ 13\319
अरबी व्याख्याहरू:
وَإِن تَدۡعُوهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ لَا يَتَّبِعُوكُمۡۚ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡ أَدَعَوۡتُمُوهُمۡ أَمۡ أَنتُمۡ صَٰمِتُونَ
193. Эй бутпарастон, агар бутҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ ибодат мекунед, то шуморо ҳидоят кунанд, ба шумо ҷавоб намедиҳанд. Бароятон баробар аст, чи даъваташон кунед ва чи хомӯш бошед. Зеро онҳо намешунаванд ва намебинанд ва на ҳидоят мекунанд ва на худ ҳидоят мешаванд.[773]
[773] Тафсири Саъдӣ 1\311
अरबी व्याख्याहरू:
إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ عِبَادٌ أَمۡثَالُكُمۡۖ فَٱدۡعُوهُمۡ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
194. Эй мушрикон, онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, ки онҳо чизеро аз ибодат сазовор мешаванд, пас онҳоро бихонед, бояд дуъои шуморо иҷобат кунанд! Ва агар шуморо иҷобат карданд ва талаботи шуморо ба ҷо оварданд, рост гуфтаед, вагарна дар ин даъвоятон дурӯғгӯ ҳастед ва бузургтарин дурӯғро ба Аллоҳ нисбат медиҳед.[774]
[774] Тафсири Табарӣ 13\321 ва тафсири Саъдӣ 1\312
अरबी व्याख्याहरू:
أَلَهُمۡ أَرۡجُلٞ يَمۡشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَيۡدٖ يَبۡطِشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَعۡيُنٞ يُبۡصِرُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ ءَاذَانٞ يَسۡمَعُونَ بِهَاۗ قُلِ ٱدۡعُواْ شُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ كِيدُونِ فَلَا تُنظِرُونِ
195. Оё он бутҳоропойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Пас маъбудоне, ки шумо парастиш мекунед, чунин чизҳо дар онҳо вуҷуд дошта набошад, онҳоро ибодат кардани шумо барои чист? Бигӯ эй Расул, барои ин мушрикон: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед, балки ба он шитобед. Зеро сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки маро сарпарастӣ менамояд[775]
[775] Тафсири Саъдӣ 1\312
अरबी व्याख्याहरू:
 
अर्थको अनुवाद सूरः: अअराफ
अध्यायहरूको (सूरःहरूको) सूची رقم الصفحة
 
पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । - अनुवादहरूको सूची

यसलाई खाजा मीरूफ खाजा मीरले अनुवाद गरेका हुन् । यसलाई रुव्वाद अनुवाद केन्द्रको निरक्षणमा विकसित गरिएको छ । प्रतिक्रिया, मूल्याङ्कन र निरन्तर विकासको लागि मूल अनुवाद अध्ययनको लागि उपलब्ध छ ।

बन्द गर्नुस्