Check out the new design

पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । * - अनुवादहरूको सूची


अर्थको अनुवाद सूरः: अअराफ   श्लोक:
وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ أَن قَدۡ وَجَدۡنَا مَا وَعَدَنَا رَبُّنَا حَقّٗا فَهَلۡ وَجَدتُّم مَّا وَعَدَ رَبُّكُمۡ حَقّٗاۖ قَالُواْ نَعَمۡۚ فَأَذَّنَ مُؤَذِّنُۢ بَيۡنَهُمۡ أَن لَّعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ
44. Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он савоби амалҳое, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он иқоби амалҳое, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ нидодиҳандае дар миёнашонсадо диҳад, ки лаънати Аллоҳ бар кофирон бод![674]
[674] Тафсири Табарӣ 12 / 447
अरबी व्याख्याहरू:
ٱلَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ كَٰفِرُونَ
45. Он кофирон худ ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боз медоранд ва онро каҷравӣ мепиндоранд (яъне, мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд![675]
[675] Тафсири Бағавӣ 3/ 231
अरबी व्याख्याहरू:
وَبَيۡنَهُمَا حِجَابٞۚ وَعَلَى ٱلۡأَعۡرَافِ رِجَالٞ يَعۡرِفُونَ كُلَّۢا بِسِيمَىٰهُمۡۚ وَنَادَوۡاْ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ أَن سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡۚ لَمۡ يَدۡخُلُوهَا وَهُمۡ يَطۡمَعُونَ
46. Ва миёни биҳиштиён ва дӯзахиён деворест (он Аъроф аст) ва бар Аъроф мардоне[676] ҳастанд, ки ҳар як аз аҳли биҳишт ва дузахро ба симояшон[677] мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.
[676] Он касоне ҳастанд, ки амалҳои хубу бадашон баробар шудааст ва умедвори раҳмати Аллоҳ мебошанд. Тафсири Табарӣ 12/ 452
[677] Яъне ба нишонаҳои онон, чун сафедӣ ё сиёҳии чеҳраҳояшон.
अरबी व्याख्याहरू:
۞ وَإِذَا صُرِفَتۡ أَبۡصَٰرُهُمۡ تِلۡقَآءَ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِ قَالُواْ رَبَّنَا لَا تَجۡعَلۡنَا مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
47. Чун аърофиён чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»
अरबी व्याख्याहरू:
وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأَعۡرَافِ رِجَالٗا يَعۡرِفُونَهُم بِسِيمَىٰهُمۡ قَالُواْ مَآ أَغۡنَىٰ عَنكُمۡ جَمۡعُكُمۡ وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَكۡبِرُونَ
48. Сокинони Аъроф пешвоёни куффорро, ки аз симояшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд: «Он мол, ки дар дунё гирд оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид![678]
[678] Тафсири Саъдӣ 1/ 290
अरबी व्याख्याहरू:
أَهَٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَقۡسَمۡتُمۡ لَا يَنَالُهُمُ ٱللَّهُ بِرَحۡمَةٍۚ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡكُمۡ وَلَآ أَنتُمۡ تَحۡزَنُونَ
49. Аллоҳ ба мутакаббирони саркаши аҳли дӯзах мефармояд: Оё инҳо, (камбағалони аҳли Аъроф) нестанд, ки дар ҳаққашон савганд ёд кардед, ки раҳмати Аллоҳ насибашон намешавад? Ба дурустӣ, аз гуноҳонашон даргузаштам ва ба фазлу раҳматам онҳоро насибадор кардам. Дароед эй аҳли Аъроф ба биҳишт ҳеҷ тарсе нест бар шумо, ки баъд аз ин ба азоб гирифтор шавед ва на ғамгин мешавед аз он чи ки дар дунё аз шумо фавт шуд!»[679]
[679] Тафсири Табарӣ 12\472
अरबी व्याख्याहरू:
وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ أَنۡ أَفِيضُواْ عَلَيۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ أَوۡ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُۚ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ حَرَّمَهُمَا عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
50. Дӯзахиён биҳиштиёнро нидо кунанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «ҳамоно Аллоҳ онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!
अरबी व्याख्याहरू:
ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ دِينَهُمۡ لَهۡوٗا وَلَعِبٗا وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَاۚ فَٱلۡيَوۡمَ نَنسَىٰهُمۡ كَمَا نَسُواْ لِقَآءَ يَوۡمِهِمۡ هَٰذَا وَمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ
51. Имрӯз ононро, ки динашонро бозичаву шӯхӣ ва масхара пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунемонҳоро дар рӯзи қиёмат, ҳамчунон ки онҳо амал кардан барои ин рӯзро тарк карда буданд ва оёти Моро бовар намекарданд!
अरबी व्याख्याहरू:
 
अर्थको अनुवाद सूरः: अअराफ
अध्यायहरूको (सूरःहरूको) सूची رقم الصفحة
 
पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । - अनुवादहरूको सूची

यसलाई खाजा मीरूफ खाजा मीरले अनुवाद गरेका हुन् । यसलाई रुव्वाद अनुवाद केन्द्रको निरक्षणमा विकसित गरिएको छ । प्रतिक्रिया, मूल्याङ्कन र निरन्तर विकासको लागि मूल अनुवाद अध्ययनको लागि उपलब्ध छ ।

बन्द गर्नुस्