7.Он фариштагоне, ки Аршро мебардоранд ва онҳое, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва аз ҳар айбу нуқсон Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва ба Ӯ имони яқин доранд ва аз Ӯ барои мӯъминон омӯрзиш мехоҳанд: Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки аз ширку маъсият тавба кардаанд ва ба роҳи исломи Ту омадаанд, биёмӯрз ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор![2313]
8.Эй Парвардигори мо, мӯъминонро ва ҳар ки солеҳ бошад, аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки ҳароина, Ту пирӯзманду тавоно бар ҳама чиз ва дар тадбир ва офариниши худ ҳакимӣ!
9. Ва онҳоро аз оқибати бадиҳо нигаҳ дор, ки ҳар киро дар он рӯзи ҳисоб аз бадиҳо ҳифз кунӣ, ба ростӣ, ки бар ӯ раҳмат овардаӣ ва аз азобат наҷот додаӣ ва ин аст комёбии бузург!
15.Баландкунандаи мартабаҳо, соҳиби Арш ва аз раҳмати Ӯ бар бандагонаш он аст, ки руҳ (ваҳй)-ро ба фармони Худ бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, мефиристад, то ӯ мардумро аз рӯзи мулоқот (қиёмат) битарсонад, ки аввалин ва охирин дар он ҷо вомехӯранд.[2319]
16.Он рӯз, ки ҳамаи онҳо аввалину охирин дар назди Парвардигорашон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз амалҳои онҳо, ки дар дунё карда буданд, бар Аллоҳ пӯшида намонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Имрӯз подшоҳӣ аз они кист? Боз Худ ҷавоб медиҳад: Аз они Аллоҳи яктои қаҳҳор, ки дар зот, номҳо, сифатҳо ва корҳояш ягона аст ва ба қудрат ва иззати худ бар тамоми халоиқ ғолиб аст![2320]
18. Эй Расул, аз рӯзи наздик (қиёмат) онҳоро битарсон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ аз хавфи азоби қиёмат наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафоъаткунандае, ки шафоъаташ пазируфта шавад.
27. Мӯсо барои Фиръавн ва ёронаш гуфт: Эй қавм! Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо аз ҳар мутакаббире, ки аз ҳақ ва тоъати Аллоҳ саркашӣ кардааст ва ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, паноҳ мебарам![2329]
30. Ва он марде, ки имон оварда буд, гуфт: Эй қавми ман, ба ростӣ ман метарсам аз он рӯзе, ки балоҳое бар шумо бирасад ҳамонанди рӯзе бар гурӯҳҳои[2330] гузашта расидааст, агар шумо Мӯсоро бикушед.
[2330]Гурӯҳҳое, ки бар зидди паёмбаронашон муқобил баромаданд.
31. Монанди қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки аз он пас омадаанд ва Аллоҳ ба сабаби куфру такзибашон ҳалокашон кард. Ҳол он ки Аллоҳ барои бандагонаш хоҳони ситам нест, ки онҳоро бегуноҳ азоб диҳад. Пок аст Аллоҳ таъоло аз ин гуна зулм ва камбудиҳо.[2331]
33. Он рӯз, ки ҳамагӣ пуштгардону гурезонед ва ҳеҷ кас шуморо аз азоби Аллоҳ нигаҳдоранда нест ва низ ёридиҳандае нест, ки шуморо ёрӣ диҳад. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ хораш кунад ва гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад, ки ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд![2332]
39. Эй қавми ман, ин зиндагии дунё баҳраи андакест зудгузар, ки инсон чанд рӯзе баҳраманд мешавад ва сипас нобуд мегардад. Ва охират сарои ҳамешагӣ ва заволнопазир аст. Пас бояд, ки шумо охиратро бар дунё азиз ва муқаддам донед ва амалеро анҷом диҳед, ки шуморо дар он ҷо саъодатманд намояд[2335]
43. Бешак, он чӣ шумо маро ба бутҳоятон даъват мекунед, на ҳаққи даъват дар дунё доранд ва на дар охират ва албатта, бозгашти мо ба сӯи Аллоҳи барҳақ аст ва Ӯ ҳар як амалкунандаро мувофиқи амалаш ҷазои муносиб медиҳад ва ҳатман, исрофкороне, ки бо куфру гуноҳ ва хунрезиҳо аз андоза берун рафтанд, дар ҷаҳаннам бошанд.[2338]
48. Онон, ки саркашӣ карда буданд, нотавонии худро баён карда мегӯянд: Наметавонем аз шумо чизеро аз азоб бардорем, зеро ҳамаи мо дар оташем. Ва аз он ҷо барои мо халосӣ нест. Албатта Аллоҳ аст, ки миёни бандагонаш доварӣ кардааст ва барои ҳар яке баҳрае аз азоб муқаррар намудааст, пас ба он намеафзояд ва на кам мекунад![2342]
49. Ва онҳо, ки дар оташанд, аз такаббуркунандагон ва нотавонон ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: Аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо сабук кунад, то андаке роҳат кунем.
51. Яқинан Мо ёрӣ мекунем паёмбарони худ ва касонеро, ки имон овардаанд дар зиндагии дунё ва низ ёрӣ мекунем дар рӯзи қиёмат, ки гувоҳон аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон барои гувоҳӣ додан бар умматҳое, ки паёмбарони худро дурӯғ бароварданд барпой мехезанд, ва ту низ эй Муҳаммад гувоҳӣ медиҳӣ, ки паёмбарон рисолати Парвардигорашонро ба умматонашон расонданд ва умматҳояшон онҳоро тасдиқ накарданд.[2344]
58. Ва нобинову бино баробар нестанд. Ва онҳое, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва амал ба шариъати Ӯ кардаанд, бо зишткорон, ки ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва паёмбаронро дурӯғ баровардаанд ва ба шариъати Ӯ амал накардаанд, ҳаргиз баробар набошанд. Аммо шумо кам панд мегиред![2348]
59. Бегумон қиёмат омаданӣ аст ва дар он шубҳае нест, пас дар омадани он шак накунед, чунон ки паёмбарон ба он хабар додаанд, вале бештари мардум ба омадани қиёмат имон намеоваранд ва амал намекунанд.[2349]
61. Аллоҳ аст, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биёромед ва роҳат кунед ва рӯзро равшаноӣ бахшид то ниёзҳои худро дар он анҷом диҳед. Ҳароина, Аллоҳ бар мардум фазлу карам дорад. Вале бештари мардум Ӯро ба тоъат ва ихлос дар ибодат шукргузорӣ намекунанд.
75.Ин азобе, ки ба шумо расид, ба он сабаб аст, ки дар дунё дар ғафлат будед ва ба ноҳақ дар замин шодмонӣ мекардед ва аз рӯи гуноҳ ва ситам бар бандагони Аллоҳ такаббур ва нозу карашма мекардед.[2360]
80. Ва барои шумо дар онҳо манфиъатҳоест ва то бо савор шудан бар онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред, ба маконҳои дур бирасед. Ва бар он чаҳорпоён дар хушкиҳо ва низ бар киштиҳо дар баҳр савор шавед.[2364]
81. Аллоҳ таъоло оёти равшани хешро, ки далолат бар қудрат ва тадбири Ӯ дар халқаш мекунад, бар шумо менамоёнад. Пас, кадом як аз оёти Аллоҳро инкор мекунед ва ба он эътироф намекунед?
83. Чун паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯяшон омаданд, ба илму дониши худ аз рӯи ҷаҳолаташон дилхуш буданд ва он чиро[2366], ки масхарааш мекарданд, онҳоро азоб фаро гирифт.[2367]
[2366] Яъне, азоб [2367] Дар ин оят далеле аст, бар ин, ки ҳар як илме, ки исломро мешиканад, ё дар он айбе меафканад, ё дар сиҳатии он шакке меандозад, он илм нописандида ва бад дида шудааст. Ва эътиқодкунандаи он аз пайравони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нест.
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - Dịch thuật tiếng Tajik - Khawjah Mirov Khawjah Mir - Mục lục các bản dịch
Bản dịch ý nghĩa nội dung Kinh Qur'an bằng tiếng Tajik, dịch thuật bởi Khawja Mirov Khawja. Bản dịch đã được kiểm duyệt bởi Trung tâm Dịch thuật Rowwad và bản dịch gốc hiện đang có sẵn cho tham khảo, đóng góp ý kiến, đánh giá để không ngừng nâng cao.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
Kết quả tìm kiếm:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".