《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 拉哈迈尼   段:

Сураи Раҳмон (Бахшоянда)

ٱلرَّحۡمَٰنُ
1. Аллоҳи меҳрубон.
阿拉伯语经注:
عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ
2.Қуръонро ба инсон таълим дод ва барояш тиловат, ҳифз ва фаҳми маънои онро осон гардонид.
阿拉伯语经注:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ
3. Инсонро офаридааст
阿拉伯语经注:
عَلَّمَهُ ٱلۡبَيَانَ
4. ва барои баён сохтани мақсадаш ба ӯсухан гуфтан омӯзондааст, то аз дигар махлуқот фарқ карда шавад.
阿拉伯语经注:
ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانٖ
5. Офтоб ва моҳтоб ба ҳисоби муайян (дақиқ) дар ҳаракатанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ يَسۡجُدَانِ
6.Ва ситорагон дар осмон ва дарахтон дар заминмедонанд Парвардигорашонро ва саҷдааш мекунанд. Ва сар фуруд меоранд ба амри Холиқашон барои масолеҳи бандагонаш.[2778]
[2778] Тафсири Саъдӣ 1/828
阿拉伯语经注:
وَٱلسَّمَآءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِيزَانَ
7. Ва осмонро болои замин барафрохт ва дар замин тарозуи адлромуайян кард ва бандагонашро амр кардааст,
阿拉伯语经注:
أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِي ٱلۡمِيزَانِ
8.то дар тарозу таҷовуз (хиёнат) макунед.
阿拉伯语经注:
وَأَقِيمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِيزَانَ
9.Вазн карданро ба адолат риъоя кунед ва аз тарозу мазанед!
阿拉伯语经注:
وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ
10. Ва заминро барои мардум паҳнкард, то дар он ҷойгир шаванд.
阿拉伯语经注:
فِيهَا فَٰكِهَةٞ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ
11. дар он меваҳост ва дарахтонидорои ғилоф (пӯсти) хурмост.
阿拉伯语经注:
وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّيۡحَانُ
12. Ва дар он донаҳои баргдор ва райҳон аст барои шумо ва чаҳорпоёни шумо.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
13.Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?[2779]
[2779]Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд:” Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем , пас аз они Туст ҳамд ва сано.” Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828
阿拉伯语经注:
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ كَٱلۡفَخَّارِ
14. Аллоҳ таъоло инсонро (Одам алайҳис салом)аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид.
阿拉伯语经注:
وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّارٖ
15. Ва ҷин (Иблис)ро аз шӯълаи оташофарид.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
16. Пас, кадом як аз неъматҳоиПарвардигоратонро (эй гӯруҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَيۡنِ
17. Ӯ субҳонаҳу ва таъоло Парвардигориду машриқ ва ду мағриб: (Яъне офтоб дар фасли зимистон машриқу мағрибе дорад ва дар тобистон машриқ ва мағриби дигаре дорад. Пас ҳама зери тадбир ва халқияти Ӯст)[2780]
[2780] Тафсири Саъдӣ 1/830
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
18. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин)дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ
19. Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд.
阿拉伯语经注:
بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٞ لَّا يَبۡغِيَانِ
20. Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан).
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
21.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ
22.Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
23.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ
24.Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
25.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ
26.Ҳар чӣки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист.
阿拉伯语经注:
وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ
27.Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.[2781]
[2781] Дар ин оят исботи сифати рӯйи омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
28.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنٖ
29. Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.[2782]
[2782] Тафсири Саъдӣ 1/830
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
30.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ
31. Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб медиҳем.[2783]
[2783] Тафсири Саъдӣ 1/830
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
32. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ
33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.[2784]
[2784] Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
34.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ
35.Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад , пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).[2785]
[2785] Тафсири Табарӣ 23/48
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةٗ كَٱلدِّهَانِ
37. Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
38.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسٞ وَلَا جَآنّٞ
39. Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
40.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ
41. Фариштагон гунаҳкоронроаз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.[2786]
[2786] Тафсири Саъдӣ 1/831
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
42. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي يُكَذِّبُ بِهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ
43. Ба он гунаҳкорон (аз рӯи сарзаниш ва таҳқир) гуфта шавад: Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дар дунё дурӯғаш мепиндоштанд.
阿拉伯语经注:
يَطُوفُونَ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَ حَمِيمٍ ءَانٖ
44. Байни он (дӯзах) ва оби гарми ҷӯшон давр мезананд, гоҳо дар он азоб карда мешаванд ва гоҳо нӯшонида мешаванд аз ҳамим.[2787]
[2787] Ҳамим, обест бениҳоят ҷӯшонида, ки рӯдаҳоро канда мекунад). Тафсири Табарӣ 23\54
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
45. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ
46. Ва барои касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш тарсидааст, ду биҳишт аст.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
47. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
ذَوَاتَآ أَفۡنَانٖ
48. Ин ду ҷаннат соҳиби шоху навдаҳои бешуморанд (яъне, сермева ва серсояанд).
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
49. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِمَا عَيۡنَانِ تَجۡرِيَانِ
50. Дар он ду ҷаннат, ду чашмаи обҷорист.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
51. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِمَا مِن كُلِّ فَٰكِهَةٖ زَوۡجَانِ
52. Дар он ду ҷаннатаз ҳар гуна мевае ду навъ аст[2788].
[2788]Ҳар навъ лаззат ва ранги дигаре дорад.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
53. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ فُرُشِۭ بَطَآئِنُهَا مِنۡ إِسۡتَبۡرَقٖۚ وَجَنَى ٱلۡجَنَّتَيۡنِ دَانٖ
54. Ва барои онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд: ду ҷаннат аст, ки дар он ба некӯи зиндагӣ мекунанд, такя зада бар бистарҳое, ки астараш аз ҳариру абрешими соф бошад ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошанд.[2789]
[2789] Тафсири Саъдӣ 1/831
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
55. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ
56. Дар он кохҳо ҳуроне бошанд чашм фурӯшиста[2790] ки пеш аз шавҳаронашон дар ҷаннат дасти ҳеҷ инсон ва ҷин ба онҳо нарасидааст.
[2790]Яъне, фақат ба шавҳарони худ нигаранд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
57. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
كَأَنَّهُنَّ ٱلۡيَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ
58. Гӯё, он ҳурон, (яъне ҳамсарон дар ҳусну ҷамол)монанди ёқуту марҷон бошанд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
59. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
هَلۡ جَزَآءُ ٱلۡإِحۡسَٰنِ إِلَّا ٱلۡإِحۡسَٰنُ
60. Оё подоши касе, ки дар дунё амали нек кардааст, ҷуз некӣ кардан ба ӯст? Ва он некӣ дар охират ҷаннат аст.[2791]
[2791] Тафсири Саъдӣ 1/831
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
61. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ
62. Ва ғайри он ду биҳишт, боз ду биҳишти дигар аст.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
63. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
مُدۡهَآمَّتَانِ
64. Ин ду ҷаннат сабз ва хурраманд, ҳатто аз ғояти(шиддати) сабзӣ моил ба сиёҳианд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
65. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِمَا عَيۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ
66. Дар он ду ҷаннат, ду фаввораи обе аст, ки ҳеҷ гоҳ обаш канда намешавад.[2792]
[2792] Тафсири Бағавӣ 7/ 457
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
67. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِمَا فَٰكِهَةٞ وَنَخۡلٞ وَرُمَّانٞ
68.Дар он ду биҳишт, меваҳои гуногун ва дарахти хурмо ва анор ҳаст.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
69.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
فِيهِنَّ خَيۡرَٰتٌ حِسَانٞ
70.Дар он биҳиштҳо занони нексирату зеборӯйҳастанд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
71.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
حُورٞ مَّقۡصُورَٰتٞ فِي ٱلۡخِيَامِ
72.Ҳуронинигаҳдошта дар хаймаҳо.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
73.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ
74. Дасти ҳеҷ инсон ва ҷин пеш аз онҳо дар дунё ба онҳо нарасидааст.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
75.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ رَفۡرَفٍ خُضۡرٖ وَعَبۡقَرِيٍّ حِسَانٖ
76.Дар ҳоле, ки болиштҳои сабз ва бистарҳои некую зебо такя задаанд.
阿拉伯语经注:
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
77.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
阿拉伯语经注:
تَبَٰرَكَ ٱسۡمُ رَبِّكَ ذِي ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ
78. Бисёр бузург ва пурбаракот аст номи Парвардигори ту, он соҳиби бузургии комил ва икромкунандаи дӯстонаш мебошад ![2793]
[2793] Тафсири Саъдӣ 1/ 831
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 拉哈迈尼
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭