የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ * - የትርጉሞች ማዉጫ


የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ሱረቱ አት ተክዊር   አንቀጽ:

Сураи Таквир (Дарҳампечида ва камнур)

إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ
1. Чун офтоб дар ҳам печида шавад ва нураш хира шавад
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ
2. ва чун ситорагон тира шаванд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ
3. ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд ва пора-пора шаванд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ
4. ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ бесоҳиб гузошта шаванд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ
5. ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ
6. ва чун дарёҳо оташ гиранд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ
7. ва чун рӯҳҳо бо ҷасадҳо наздик шаванд ва ҷамъ оянд
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ
8. ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ
9. ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ
10. ва чун саҳифаҳои аъмол боз шаванд,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ
11. ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад'
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ
12. ва чун ҷаҳаннам афрӯхта шӯълавар гардад
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ
13. ва чун биҳишт наздик оварда шавад,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّآ أَحۡضَرَتۡ
14. ҳар кас бидонад, ки чӣ омода кардааст, аз хубӣ ва бадиҳо.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ
15. Аллоҳсавганд ёд мекунад ба ситорагони бозгарданда,ки дар рӯз пинҳон мешаванд,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ
16. ситорагони сайркунандаи ғоибшаванда[3085]
[3085]Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Зуҳра ва Уторид
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ
17. ва савганд ба шаб, чун торик шавад
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ
18. ва савганд ба субҳ, чун бидамад,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ
19. ки ин Қуръонсухани расули бузургвор Ҷабраил (алайҳиссалом) аст,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٖ
20. Ӯ нерӯманд аст, дар назди Аллоҳи Арш,дорои мақоми болост,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
مُّطَاعٖ ثَمَّ أَمِينٖ
21. он ҷо[3086] дар назди Аллоҳфармонбардоршуда, боваринокаст
[3086] Дар малакути осмон
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٖ
22. Ва ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) девона нест.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ
23. Ба дурустӣ, ӯ Ҷабраилро ба сурати ҳақиқааш дар уфуқи равшан дидааст.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٖ
24. Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٖ
25. Ва он (Қуръон)гуфтаи шайтони рондашуда нест, балки сухан ва ваҳйи Илоҳӣ аст.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ
26. Пас ба куҷо меравед баъди ин қадар ҳуҷҷатҳои қотеъ?
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ
27. Ин китоб, пандест барои ҷаҳониён,
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ
28. барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
29. Ва шумо ростӣ ва истиқоматро намехоҳед ва бар ин хост қодир ҳам намебошед, магар он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён бихоҳад.
የአረብኛ ቁርኣን ማብራሪያ:
 
የይዘት ትርጉም ምዕራፍ: ሱረቱ አት ተክዊር
የምዕራፎች ማውጫ የገፅ ቁጥር
 
የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ - የትርጉሞች ማዉጫ

ወደ ጣጂክኛ በኾውጃህ ሚሮቭ ኾውጃህ የተተረጎመ የቁርዓን ትርጉም። በሩዋድ የትርጉም ማእከልም ተቆጣጣሪነት ማስተካከያ ተደርጎበታል። ዋናው የትርጉም ቅጅም ለአስተያየቶች፣ ተከታታይ ግምገማ እና መሻሻል ቀርቧል።

መዝጋት