ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه ى تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير * - لیست ترجمه ها


ترجمهٔ معانی سوره: سوره نازعات   آیه:

Сураи Нозиъот (Фариштагони гирандаи ҷон)

وَٱلنَّٰزِعَٰتِ غَرۡقٗا
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд
تفسیرهای عربی:
وَٱلنَّٰشِطَٰتِ نَشۡطٗا
2. ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд
تفسیرهای عربی:
وَٱلسَّٰبِحَٰتِ سَبۡحٗا
3. ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд
تفسیرهای عربی:
فَٱلسَّٰبِقَٰتِ سَبۡقٗا
4. ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор
تفسیرهای عربی:
فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرٗا
5. ва савганд[3077] ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд,
[3077]Ҷоиз нест барои одамӣ қасам хӯрдан ба ғайри Аллоҳ, зеро чунин амал ширк аст.
تفسیرهای عربی:
يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ
6. ки он рӯз, ки нахустин нафхаи[3078] қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад
[3078] Дамидан дар сур
تفسیرهای عربی:
تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ
7. ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд.
تفسیرهای عربی:
قُلُوبٞ يَوۡمَئِذٖ وَاجِفَةٌ
8. Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд,
تفسیرهای عربی:
أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٞ
9. ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад.
تفسیرهای عربی:
يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ
10. Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд: Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
تفسیرهای عربی:
أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا نَّخِرَةٗ
11. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?
تفسیرهای عربی:
قَالُواْ تِلۡكَ إِذٗا كَرَّةٌ خَاسِرَةٞ
12. Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
تفسیرهای عربی:
فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ
13. Пас танҳо як овози баланд аст.
تفسیرهای عربی:
فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ
14. ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд.
تفسیرهای عربی:
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ
15. Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо алайҳис салом ба ту расидааст?
تفسیرهای عربی:
إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى
16. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво[3079]садо кард:
[3079]Он водӣ дар кӯҳи Сино воқеъ аст.
تفسیرهای عربی:
ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ
17. Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст.
تفسیرهای عربی:
فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ
18. Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ
تفسیرهای عربی:
وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ
19. ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ?
تفسیرهای عربی:
فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ
20. Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод.
تفسیرهای عربی:
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ
21. Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
تفسیرهای عربی:
ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ
22. Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсосаъй ва талош мекард.
تفسیرهای عربی:
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ
23. Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод
تفسیرهای عربی:
فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ
24. ва гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам!
تفسیرهای عربی:
فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ
25. Пас Парвардигорашӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард.
تفسیرهای عربی:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّمَن يَخۡشَىٰٓ
26. Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад!
تفسیرهای عربی:
ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا
27. Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст?
تفسیرهای عربی:
رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا
28. Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард,
تفسیرهای عربی:
وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا
29. шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб
تفسیرهای عربی:
وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ
30. ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард
تفسیرهای عربی:
أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا
31. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
تفسیرهای عربی:
وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا
32. ва кӯҳҳоро устувор сохт,
تفسیرهای عربی:
مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ
33. барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо.
تفسیرهای عربی:
فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ
34. Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад,
تفسیرهای عربی:
يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ
35. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад
تفسیرهای عربی:
وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ
36. ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад.
تفسیرهای عربی:
فَأَمَّا مَن طَغَىٰ
37. Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён
تفسیرهای عربی:
وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
38. ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад,
تفسیرهای عربی:
فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ
39. бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
تفسیرهای عربی:
وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ
40. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад,
تفسیرهای عربی:
فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ
41. пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
تفسیرهای عربی:
يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا
42. Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
تفسیرهای عربی:
فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ
43. Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест?
تفسیرهای عربی:
إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ
44. Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст.
تفسیرهای عربی:
إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا
45. Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад.
تفسیرهای عربی:
كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا
46. Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.
تفسیرهای عربی:
 
ترجمهٔ معانی سوره: سوره نازعات
فهرست سوره ها شماره صفحه
 
ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه ى تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير - لیست ترجمه ها

ترجمهٔ معانی قرآن کریم به فارسی تاجیکی. ترجمهٔ خوجه میروف خوجه میر. مراجعه و تصحیح زیر نظر مرکز ترجمهٔ رواد. ترجمهٔ اصلی به هدف اظهار نظر و ارزش‌گذاری و بهبود مستمر در معرض نظر خوانندگان قرار دارد

بستن