Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Almursala   Aya:

Сураи Мурсалот (Бодҳо)

وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
Tafsiran larabci:
فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا
2.ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда
Tafsiran larabci:
وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا
3. ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд
Tafsiran larabci:
فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا
4. ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром
Tafsiran larabci:
فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا
5. ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд,
Tafsiran larabci:
عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا
6. то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд,
Tafsiran larabci:
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ
7.ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд![3062]
[3062]Тафсири Бағавӣ 8\304
Tafsiran larabci:
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ
8.Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад
Tafsiran larabci:
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ
9.ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
Tafsiran larabci:
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ
10.ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад
Tafsiran larabci:
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ
11. ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад.
Tafsiran larabci:
لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ
12. Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд?
Tafsiran larabci:
لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ
13. Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад.
Tafsiran larabci:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ
14.Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист?
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
15.Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон![3063]
[3063]Тафсири ибни Касир 8\298
Tafsiran larabci:
أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ
16. Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем?
Tafsiran larabci:
ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ
17. Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем[3064]?
[3064]Яъне, ҳалок намекунем.
Tafsiran larabci:
كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
18.Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.[3065]
[3065] Тафсири Табарӣ 24\132
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
19. Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд!
Tafsiran larabci:
أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
20. Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
Tafsiran larabci:
فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ
21.Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст
Tafsiran larabci:
إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
22.то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст?
Tafsiran larabci:
فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ
23. Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем![3066]
[3066] Тафсири Бағавӣ 8\305
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
24.Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дурӯғ мебароранд!
Tafsiran larabci:
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا
25. Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад,
Tafsiran larabci:
أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا
26.барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он дафн мешаванд?
Tafsiran larabci:
وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا
27.Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.[3067]
[3067] Тафсири Саъдӣ 1\904
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
28. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо!
Tafsiran larabci:
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
29. Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешумурдед.
Tafsiran larabci:
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ
30. Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст,
Tafsiran larabci:
لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ
31.ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад.
Tafsiran larabci:
إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ
32.Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст),
Tafsiran larabci:
كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ
33.гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.[3068]
[3068] Тафсири Табарӣ 24\139
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
34. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
Tafsiran larabci:
هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ
35. Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд.
Tafsiran larabci:
وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ
36.Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.[3069]
[3069] Тафсири Табарӣ 24\142
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
37. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд!
Tafsiran larabci:
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ
38. Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем.
Tafsiran larabci:
فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ
39.Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.[3070]
[3070] Тафсири Саъдӣ 1\905
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
40. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)!
Tafsiran larabci:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ
41. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд,
Tafsiran larabci:
وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ
42. Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд.
Tafsiran larabci:
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
43. Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед.
Tafsiran larabci:
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
44.Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
45.Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд![3071]
[3071] Тафсири Табарӣ 24\143
Tafsiran larabci:
كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ
46. Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.[3072]
[3072] Тафсири Бағавӣ 8\308
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
47. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд.
Tafsiran larabci:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ
48. Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.[3073]
[3073] Тафсири ибни Касир
Tafsiran larabci:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
49. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
Tafsiran larabci:
فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
50. Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст.
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Almursala
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Rufewa