Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Al'lail   Aya:

Сураи Лайл (Шаб)

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад
Tafsiran larabci:
وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ
2. ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад
Tafsiran larabci:
وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ
3. ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,
Tafsiran larabci:
إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ
4. бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст[3104].
[3104] Яъне бархе аз шумо барои дунё амал мекунад ва бархе барои охират.
Tafsiran larabci:
فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ
5. Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард
Tafsiran larabci:
وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ
6. ва оининекро(калимаи тайибаро)тасдиқ кард,
Tafsiran larabci:
فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ
7. пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем[3105].
[3105] Яъне, роҳи хайр ва амал ба тоъати хеш тавфиқ медиҳем.
Tafsiran larabci:
وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ
8. Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
Tafsiran larabci:
وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ
9. ва ба калимаи тайиба имон наёвард,
Tafsiran larabci:
فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ
10. пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем.)
Tafsiran larabci:
وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ
11. Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.
Tafsiran larabci:
إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ
12. Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост.
Tafsiran larabci:
وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ
13. Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон.
Tafsiran larabci:
فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارٗا تَلَظَّىٰ
14. Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем,
Tafsiran larabci:
لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى
15. Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон.
Tafsiran larabci:
ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ
16. Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон оварданрӯй гардонид.
Tafsiran larabci:
وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى
17. Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд,
Tafsiran larabci:
ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ
18. касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад.
Tafsiran larabci:
وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ
19. Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад[3106].
[3106]Яъне, хайре, ки ӯ мекунад ва хайре, ки дигарон мекунанд, баробар нест, зеро ӯ дар ивази неъмат ба ҷуз ризоияти Парвардигор чизе намехоҳад.
Tafsiran larabci:
إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ
20. Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.
Tafsiran larabci:
وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ
21. Ва ба зудӣдар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд.
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Suratu Al'lail
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar da Yaren Tajik - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

ترجمة معاني القرآن الكريم إلى اللغة الطاجيكية، ترجمها خوجه ميروف خوجه مير. تم تصويبها بإشراف مركز رواد الترجمة ويتاح الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأي والتقييم والتطوير المستمر.

Rufewa