Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ   អាយ៉ាត់:
أُوْلَٰٓئِكَ لَمۡ يَكُونُواْ مُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كَانَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَۘ يُضَٰعَفُ لَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ مَا كَانُواْ يَسۡتَطِيعُونَ ٱلسَّمۡعَ وَمَا كَانُواْ يُبۡصِرُونَ
20. инҳо мушрикон наметавонанд дар рӯи замин Аллоҳро нотавон ва дармонда созанд ва ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте надоранд, азобашон дучандон мешавад. Онҳо на тавоноии шунидани ҳақро доранд, ки ба он баҳравар шаванд ва на тавоноии дидани далелҳои Аллоҳро доранд, ки ба он роҳ ёбанд.[1047]
[1047] Тафсири Табарӣ 15\286
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
21. Онҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки бар он дурӯғ мебофтанд[1048], аз даст додаанд.
[1048] Аз шарик овардан ба Аллоҳ (аз бутҳои росткардашуда: аз санг ё чӯб ё мис). Тафсири Табарӣ 15\288
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡأَخۡسَرُونَ
22. ҳатман онон дар охират зиёнкортаринанд, зеро онҳо манзалаҳои аҳли ҷаннатро фурӯхтанд ва бар ивази он манзалаҳои дӯзахро хариданд.[1049]
[1049] Тафсири Табарӣ 15\288
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَخۡبَتُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
23. Касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ مَثَلُ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ كَٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡأَصَمِّ وَٱلۡبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِۚ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
24. Мисоли ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) мисоли кӯру кар ва бинову шунавост. Гурӯҳи кофирон ҳақро намебинанд, ки онро пайравӣ намоянд ва намешунаванд, ки роҳ ёбанд, аммо гурӯҳи мӯъминон ҳуҷҷатҳои Аллоҳро мебинанд ва даъваташро қабул мекунанд. Оё мисоли ин ду гурӯҳ бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?[1050]
[1050] Тафсири ибни Касир 4\315
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ
25. Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَن لَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ أَلِيمٖ
26. ки ҷуз Аллоҳи барҳақро напарастед! Зеро аз азоби сахти рӯзи қиёмат бар шумо метарсам, агар шумо Ӯро ба ягонагиаш парастиш накунед![1051]
[1051] Тафсири Саъдӣ 1\380
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَقَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرٗا مِّثۡلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمۡ أَرَاذِلُنَا بَادِيَ ٱلرَّأۡيِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمۡ عَلَيۡنَا مِن فَضۡلِۭ بَلۡ نَظُنُّكُمۡ كَٰذِبِينَ
27. Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: Мо туро ҷуз инсоне монанди хеш намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз бечораҳолони мо (фақиру, бемақом) аз ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад дар ризқу рӯзӣ ва мол, балки эътиқод дорем, ки дурӯғ мегӯед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَءَاتَىٰنِي رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِهِۦ فَعُمِّيَتۡ عَلَيۡكُمۡ أَنُلۡزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمۡ لَهَا كَٰرِهُونَ
28. Нӯҳ гуфт: Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз сӯи Парвардигорам далели равшан дошта бошам, ин ки ман барҳақ ҳастам ва Ӯ ба ман раҳмати хеш (яъне, нубувват ва рисолат) арзонӣ карда бошад. Пас, ҳақиқати он, ба сабаби нодонӣ ва фирефташуданатон дар дунё бар шумо пинҳон монда бошад, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба даромадани ислом маҷбур созем? Лекин шуморо ба Аллоҳ месупорем, то Ӯ ҳукм намояд дар амри шумо он чи ки мебинад ва мехоҳад.[1052]
[1052] Тафсири Табарӣ 15\299
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ