Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ   អាយ៉ាត់:
وَيَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مَالًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۚ وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۚ إِنَّهُم مُّلَٰقُواْ رَبِّهِمۡ وَلَٰكِنِّيٓ أَرَىٰكُمۡ قَوۡمٗا تَجۡهَلُونَ
29. Ва эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам ва гумон мабаред, ки ман аз кори худ умеди моли дунё дорам. Музди ман танҳо ба Аллоҳ аст. Онҳоеро, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале мебинам, ки шумо эй қавм мардуми нодон ҳастед, ки мефармоед маро дӯстони Аллоҳро аз худам биронам.[1053]
[1053] Тафсири Табарӣ 15\301
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَٰقَوۡمِ مَن يَنصُرُنِي مِنَ ٱللَّهِ إِن طَرَدتُّهُمۡۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
30. Ва эй қавми ман, агар мӯъминонро аз худ биронам, чӣ касе дар баробари азоби сахти Аллоҳ маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ وَلَآ أَقُولُ إِنِّي مَلَكٞ وَلَآ أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزۡدَرِيٓ أَعۡيُنُكُمۡ لَن يُؤۡتِيَهُمُ ٱللَّهُ خَيۡرًاۖ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا فِيٓ أَنفُسِهِمۡ إِنِّيٓ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
31. Ба шумо намегӯям, хазинаҳои Аллоҳ дар назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Аллоҳ ба онон, ки дар назари шумо хору ҳақир метобанд[1054], хайри худро ато накунад. Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд.
[1054] Мӯъминони заъифҳол
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالُواْ يَٰنُوحُ قَدۡ جَٰدَلۡتَنَا فَأَكۡثَرۡتَ جِدَٰلَنَا فَأۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
32. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар ту дар даъвои худ рост мегӯӣ, ҳар ваъдае аз азоб, ки ба мо додаӣ, биёвар!»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ إِنَّمَا يَأۡتِيكُم بِهِ ٱللَّهُ إِن شَآءَ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ
33. Нӯҳ барои қавмаш гуфт: Аллоҳ аст, ки агар бихоҳад, он ваъдаро меорад ва шумо оҷизкунандаи Аллоҳ нестед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَا يَنفَعُكُمۡ نُصۡحِيٓ إِنۡ أَرَدتُّ أَنۡ أَنصَحَ لَكُمۡ إِن كَانَ ٱللَّهُ يُرِيدُ أَن يُغۡوِيَكُمۡۚ هُوَ رَبُّكُمۡ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
34. Ва агар Аллоҳ хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба сӯиӮдар охират барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ إِنِ ٱفۡتَرَيۡتُهُۥ فَعَلَيَّ إِجۡرَامِي وَأَنَا۠ بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُجۡرِمُونَ
35. Ё мушрикҳои қавми Нӯҳ мегӯянд, ки ин суханро ба Аллоҳ дурӯғ бастааст. Бигӯ барояшон: Агар онро ба Аллоҳ дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мекунед, пок ҳастам ва ба сабаби гуноҳи шумо ба азоб гирифта нашавам.[1055]
[1055] Тафсири Бағавӣ 4\173
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأُوحِيَ إِلَىٰ نُوحٍ أَنَّهُۥ لَن يُؤۡمِنَ مِن قَوۡمِكَ إِلَّا مَن قَدۡ ءَامَنَ فَلَا تَبۡتَئِسۡ بِمَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
36. Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош, ки Ман онҳоро ҳалоккунандаам ва туро аз онҳо наҷотдиҳандаам.[1056]
[1056] Тафсири Бағавӣ 4\173
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱصۡنَعِ ٱلۡفُلۡكَ بِأَعۡيُنِنَا وَوَحۡيِنَا وَلَا تُخَٰطِبۡنِي فِي ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِنَّهُم مُّغۡرَقُونَ
37. Киштиро зери назар ва таълиму тавҷеҳи Мо бисоз ва дар бораи он ситамкорон бо ман сухан магӯй[1057], ҳамоно, онҳо ғарқшавандагонанд.[1058]
[1057] Яъне, аз ман барои онҳо дархости муҳлат ва шафоъат макун
[1058] Тафсири Бағавӣ 4\174
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ