Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ   អាយ៉ាត់:

Ҳуд

الٓرۚ كِتَٰبٌ أُحۡكِمَتۡ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتۡ مِن لَّدُنۡ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
1. Алиф, Лом, Ро.[1032]ин қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.[1033]
[1032] Сухан дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
[1033] Тафсири Бағавӣ 4\155 ва Табарӣ 15\228
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۚ إِنَّنِي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ
2. Эй паёмбар, ба мардум бигӯ; ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯаз азобаш шумоёнро бимдиҳанда ва ба савобаш муждиҳанда ҳастам.[1034]
[1034] Тафсири Саъдӣ 1\375
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأَنِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُمَتِّعۡكُم مَّتَٰعًا حَسَنًا إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى وَيُؤۡتِ كُلَّ ذِي فَضۡلٖ فَضۡلَهُۥۖ وَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ كَبِيرٍ
3. Ва низ аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо то муддати муайяне аз ризқе некӯ, бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.[1035]
[1035] Тафсири Табарӣ 15\229
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
4. Бозгаштатон ба сӯи Аллоҳ аст ва Ӯ ба ҳар коре қодир аст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَلَآ إِنَّهُمۡ يَثۡنُونَ صُدُورَهُمۡ لِيَسۡتَخۡفُواْ مِنۡهُۚ أَلَا حِينَ يَسۡتَغۡشُونَ ثِيَابَهُمۡ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
5. Огоҳ бош, ки инҳо мушрикондар замири худ куфрро пинҳон медоранд. Гумон мекунанд, ки он чӣ дар замири худ нигоҳ медоранд бар Аллоҳ пӯшида мемонад. Оё намедонанд, ҳаноме ки аз рӯи ҷаҳолаташон ҷомаҳои худ дар сар мекашанд, Аллоҳ медонад он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд. Пинҳон ва ошкорашон назди Аллоҳ баробар аст. Чаро ки Ӯ донои рози дилҳост.[1036]
[1036] Тафсири Табарӣ 15\235
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ៊ូទ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ