Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ   អាយ៉ាត់:
وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ لَيۡسَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَقَالَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ لَيۡسَتِ ٱلۡيَهُودُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُمۡ يَتۡلُونَ ٱلۡكِتَٰبَۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ مِثۡلَ قَوۡلِهِمۡۚ فَٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
113. Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд[63]. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рўзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.
[63]Дар ҳар ду китоб зикр шуда буд, ки имон овардан ба ҳамаи паёмбарон воҷиб аст. Ва инчунин мушрикони араб ва ғайри онон, ки намедонанд . Тафсири ибни Касир 1\387
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ أَن يُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَآۚ أُوْلَٰٓئِكَ مَا كَانَ لَهُمۡ أَن يَدۡخُلُوهَآ إِلَّا خَآئِفِينَۚ لَهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٞ
114. Ва нест касе золимтар аз онон, ки ёд кардани номи Аллоҳро дар масҷидҳо аз барпо доштани намоз ва тиловати Қуръон ва монанди он манъ мекунанд ва дар вайронии онҳо мекўшанд. Ин гурўҳ золимонро сазовор аст, ки ҳаросону тарсон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузургест.[64]
[64] Тафсири Саъдӣ 1\63
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلِلَّهِ ٱلۡمَشۡرِقُ وَٱلۡمَغۡرِبُۚ فَأَيۡنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجۡهُ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ
115. Машриқу Мағриб ва мобайни он аз они Аллоҳ аст.Ў подшоҳи ҳамаи замин аст. Пас бар ҳар ҷое, ки рў оред (дар намоз)[65] ҳамон ҷо рў ба Аллоҳ аст. Шумо аз мулк ва тоъати Ў берун нестед. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ фарохнеъмату доност!
[65] Тафсири Саъдӣ 1\63
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۖ بَل لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ
116. Яҳудиён, насрониён ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳ барои худ фарзанде гирифт. Пок аст Ў! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст ва ҳама фармонбардори Ўянд!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَإِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
117. Аллоҳ таъоло офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегўяд: «Мавҷуд шав!» Ва он чиз мавҷуд мешавад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ لَوۡلَا يُكَلِّمُنَا ٱللَّهُ أَوۡ تَأۡتِينَآ ءَايَةٞۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّثۡلَ قَوۡلِهِمۡۘ تَشَٰبَهَتۡ قُلُوبُهُمۡۗ قَدۡ بَيَّنَّا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يُوقِنُونَ
118. Нодонони аҳли китоб ва ғайри онҳо (аз рўи кибрашон ба Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам)[66] гуфтанд: «Чаро Аллоҳ бо мо сухан намегўяд, ки ту ҳақиқатан фиристодаи Ў ҳастӣ? Ё мўъҷизае бар мо намеояд, ки бар сидқи паёмбарии ту далолат кунад?» Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ саркашона чунин суханоне мегуфтанд. Ба сабабе, ки дилҳояшон ҳамонанди якдигар аст. Ҳамоно Мо барои гурўҳе, ки ба Аллоҳ имони ҳақиқӣ ки доранд, нишонаҳое баён кардаем.
[66] Тафсири Саъдӣ 1\64
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗاۖ وَلَا تُسۡـَٔلُ عَنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡجَحِيمِ
119. Мо туро ба дини ҳақ, ки асоси он бар Қуръону Суннат аст, ба паёмбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба мардум хайри дунёву охиратро ва битарсонӣ саркашонро аз азоби Аллоҳ. Ту масъул нестӣ ба онон, ки ба ту куфр овардаанд. Пас албатта онон рўзи қиёмат дохили дўзах шаванд ва аз он берун наоянд.[67]
[67] Тафсири Саъдӣ 1\64
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ