Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ   អាយ៉ាត់:
وَإِذۡ نَجَّيۡنَٰكُم مِّنۡ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ يَسُومُونَكُمۡ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبۡنَآءَكُمۡ وَيَسۡتَحۡيُونَ نِسَآءَكُمۡۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَآءٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَظِيمٞ
49. Ва неъматамонро ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз зулми фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд, то барои онҳо хизмат кунанд. Ва дар ин, озмоиши бузурге буд, аз сўи Парвардигоратон. Мебоист, ки шумо дар ҳар асру замон, шукри Аллоҳро ба ҷо оваред![29]
[29] Тафсири Саъдӣ 1\52
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ فَرَقۡنَا بِكُمُ ٱلۡبَحۡرَ فَأَنجَيۡنَٰكُمۡ وَأَغۡرَقۡنَآ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ
50. Ва неъматамонро ба ёд оред, ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем, пас шуморо наҷот додем ва Фиръавн ва лашкарашро ғарқ сохтем, ва шумо нигоҳ мекардед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ وَٰعَدۡنَا مُوسَىٰٓ أَرۡبَعِينَ لَيۡلَةٗ ثُمَّ ٱتَّخَذۡتُمُ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَنتُمۡ ظَٰلِمُونَ
51. Ва неъматамонро, ки ба шумо арзонӣ намудем, ба ёд оваред, вақте ки Мо ваъда намудем ба Мўсо чиҳил шаб барои фурўд омадани Таврот, ки дар он ҳидоят ва нур аст барои шумо. Ва шумо дар муддати набудани Мўсо фурсатеро ғанимат дониста, гўсолаеро, ки бо дастони худ сохта будед, парастиш кардед ва ҳол он ки ситамгар будед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ عَفَوۡنَا عَنكُم مِّنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
52. Пас гуноҳонатонро афв кардем ва баъд аз бозгаштани Мўсо алайҳи-с-салом тавбаатонро қабул кардем, бояд, ки сипосгузор бошед!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡفُرۡقَانَ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
53. Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки ба Мўсо китоб ва фурқон додем, (ки ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботил ва он Таврот аст)[30] то бувад, ки роҳ ёбед ва ба гумроҳӣ дучор нагардед.
[30] Тафсири Бағавӣ 1\96
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِنَّكُمۡ ظَلَمۡتُمۡ أَنفُسَكُم بِٱتِّخَاذِكُمُ ٱلۡعِجۡلَ فَتُوبُوٓاْ إِلَىٰ بَارِئِكُمۡ فَٱقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ عِندَ بَارِئِكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
54. Ва неъматеро, ки ба шумо арзонӣ намудам, ба ёд оваред; вақте ки Мўсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба сабабе, ки гўсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст аз ҷовид мондан дар дўзах». Пас шумо чунин амрро ба ҷо овардед, Аллоҳ тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ قُلۡتُمۡ يَٰمُوسَىٰ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ فَأَخَذَتۡكُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ
55. Ва ба ёд оваред, ки гуфтед: «Эй Мўсо, мо то Аллоҳро ба ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соиқа (оташак, барқ) аз осмон фурўд омад ва шуморо ба сабаби гуноҳатон ҳалок сохт.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ بَعَثۡنَٰكُم مِّنۢ بَعۡدِ مَوۡتِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
56. Ва шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, бояд ки сипосгузор шавед! Ин марг барои онҳо уқубат буд. Баъд аз он ба аҷали хеш фавтиданд[31].
[31] Тафсири ибни Касир 1\264
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَظَلَّلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡغَمَامَ وَأَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰۖ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
57. Ва ба ёд оред, он неъматеро, ки бар шумо арзонӣ намудем, вақте ки дар замин саргардон будед ва аз гармии офтоб абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну[32] салво[33] фиристодем ва бароятон гуфтем: «Бихўред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рўзӣ додаем. Ва дар мухолифати дин маравед! Вале онҳо баҷо наоварданд. Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд, зеро оқибати зулм бар худашон бозгардандааст».
[32] Таъоми асалмонанд
[33]Бедона (навъе аз парранда)
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ