Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ   អាយ៉ាត់:
وَإِذۡ يَرۡفَعُ إِبۡرَٰهِـۧمُ ٱلۡقَوَاعِدَ مِنَ ٱلۡبَيۡتِ وَإِسۡمَٰعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
127. Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим ва Исмоил асосҳои хонаро баланд мекарданд, ва ҳар ду бо хушўъ дуъо карда гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо амалҳои шоиста ва дуъоямонро бипазир, ки ту шунаво ба суханони бандагонат ва доно ҳастӣ ба аҳволи онҳо! »
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
رَبَّنَا وَٱجۡعَلۡنَا مُسۡلِمَيۡنِ لَكَ وَمِن ذُرِّيَّتِنَآ أُمَّةٗ مُّسۡلِمَةٗ لَّكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
128. Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
رَبَّنَا وَٱبۡعَثۡ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُزَكِّيهِمۡۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
129. Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил)[75] паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмўзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!
[75] Тафсири Бағавӣ 1\151
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَن يَرۡغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبۡرَٰهِـۧمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفۡسَهُۥۚ وَلَقَدِ ٱصۡطَفَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
130. Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рўй барметобад, худро хор кард. Ва ба таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ўро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِذۡ قَالَ لَهُۥ رَبُّهُۥٓ أَسۡلِمۡۖ قَالَ أَسۡلَمۡتُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
131. Ва сабаби ин ихтиёр бетараддуд қабул кардани ў дини ислом аст. Вақте ки Парвардигораш ба ў гуфт: «Ба тоъати Парвардигорат таслим шав». Иброҳим гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бо ихлосу тавҳид ва муҳаббату тавба таслимам».[76]
[76] Тафсири Саъдӣ 1\66
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبۡرَٰهِـۧمُ بَنِيهِ وَيَعۡقُوبُ يَٰبَنِيَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ
132. Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ ба ин калима васият карданд, «Эй фарзандони ман, Аллоҳ барои шумо ин динро ихтиёр кардааст, ва ин дини ислом аст, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин дин омад[77] ва дар айёми зиндагиатон аз он ҷудо машавед, пас аз ин ҷаҳон намиред, магар ин ки шумо фармонбардор бошед». Яъне, дар дини ислом бошед.
[77] Тафсири Бағавӣ 1\153
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ حَضَرَ يَعۡقُوبَ ٱلۡمَوۡتُ إِذۡ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعۡبُدُونَ مِنۢ بَعۡدِيۖ قَالُواْ نَعۡبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ ءَابَآئِكَ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ إِلَٰهٗا وَٰحِدٗا وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ
133. Эй яҳудиён, оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман, чӣ чизро мепарастед? » Гуфтанд: «Маъбуди ту ва маъбуди падарони туро, ки Иброҳиму Исмоилу Исҳоқанд ва ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ў фармонбардор ҳастем».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تِلۡكَ أُمَّةٞ قَدۡ خَلَتۡۖ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَلَكُم مَّا كَسَبۡتُمۡۖ وَلَا تُسۡـَٔلُونَ عَمَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
134. Онҳо умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо кардаанд, намепурсанд. Ва ҳар касе ба он чи кард, ҷазо хоҳад дид ва касе ба гуноҳи касе азоб карда намешавад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្ពាក៏រ៉ោះ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ