Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន   អាយ៉ាត់:

Оли Имрон

الٓمٓ
1. Алиф. Лом. Мим.[188]
[188]Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُ
2. Ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳақ дигаре нест. Ҳамеша зинда ва пойдору устувор аст ба зоти хеш ва дар пойдорӣ эҳтиёҷ ба дигарон надорад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
نَزَّلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَأَنزَلَ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ
3. Китоби Қуръонробар ту ба ҳақ нозил кард, тасдиқкунандаи китобҳоест, ки пеш аз он буданд.[189]
[189]Яъне, тасдиқкунандаи китоби Таврот ва Инҷил
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مِن قَبۡلُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَأَنزَلَ ٱلۡفُرۡقَانَۗ إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ
4. барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Бегумон касоне, ки ба оёти Аллоҳ куфр варзиданд, онон азоби сахт дар пеш доранд ва Аллоҳ тавоност ва касе, ки аз фармони Ў сар печад, дучори интиқом мегардад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَخۡفَىٰ عَلَيۡهِ شَيۡءٞ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ
5. Бегумон ҳеҷ чизе дар осмон ва дар замин бар Аллоҳ пинҳон намемонад. Ва ҳатто он чи дар шиками занон аст бар Ўпўшида нест.[190]
[190] Тафсири Саъдӣ 1\121
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هُوَ ٱلَّذِي يُصَوِّرُكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ كَيۡفَ يَشَآءُۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
6. Ўст,ки шуморо дар шикамҳои модаронатон он гуна, ки бихоҳад, дар қолаби мард ё зан, комил ё ноқис, сурат мебандад. Ҷуз Ў маъбуди барҳақе нест, тавоност ва дар офариниши махлуқоташ бо ҳикмат аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۡهُ ءَايَٰتٞ مُّحۡكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٞۖ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمۡ زَيۡغٞ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنۡهُ ٱبۡتِغَآءَ ٱلۡفِتۡنَةِ وَٱبۡتِغَآءَ تَأۡوِيلِهِۦۖ وَمَا يَعۡلَمُ تَأۡوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُۗ وَٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ رَبِّنَاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ
7. Ў зотест, ки китобро бар ту нозил кард ва баъзе аз он оёт муҳкам ҳастанд, ки маъонии он возеҳ ва равшан аст ва онҳо асли китоб ҳастанд. Ва баъзе аз он муташобиҳот ҳастанд, ки эҳтимолан маъонии дигар ҳам доранд. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон майл ба сўи ботил аст, барои фитнаангезӣ ва таъвили нодурусти он, аз паси муташобиҳот мераванд ва таъвили онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Ва собитқадамони дар илм мегўянд: “Ба ҳама оёти Қуръон имон овардем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост” ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ
8. Парвардигоро, пас аз ин ки моро ҳидоят кардӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва аз ҷониби худ ба мо раҳмате бубахш. Бегумон Ту дорои бахшиши зиёде ҳастӣ. Касеро, ки Ту хостӣ аз фазлу атои худ барояш беҳисоб арзонӣ мекунӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
رَبَّنَآ إِنَّكَ جَامِعُ ٱلنَّاسِ لِيَوۡمٖ لَّا رَيۡبَ فِيهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ
9. Эй Парвардигори мо, ҳамоно шаҳодат медиҳем, ки Ту мардумро дар рўзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Бегумон Аллоҳ хилофи ваъда намекунад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ