Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន   អាយ៉ាត់:
قُلۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ
84. Бигў ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде ғайр аз Ў нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ў (Яъқуб)[233] ва низ он чӣ бар Мўсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ў ҳастем».
[233]Онон дувоздаҳ нафар буданд аз қабилаҳои бани Исроил. Тафсири ибни Касир 2\70
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
85. Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом[234] бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурў овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.[235]
[234]Ислом динест, ки Аллоҳ барои бандагонаш вайро писандидааст.
[235] Тафсири Саъдӣ 1\137
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
كَيۡفَ يَهۡدِي ٱللَّهُ قَوۡمٗا كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ وَشَهِدُوٓاْ أَنَّ ٱلرَّسُولَ حَقّٞ وَجَآءَهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
86. Чӣ гуна Аллоҳ ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Аллоҳ ситамкоронеро, ки куфрро бар имон ихтиёр карданд, ҳидоят намекунад!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أُوْلَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُمۡ أَنَّ عَلَيۡهِمۡ لَعۡنَةَ ٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ
87. Ҷазои он золимон ин аст, ки лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст. Пас онон аз раҳмати Аллоҳ дур ҳастанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
88. Абадӣ дар дўзах бимонанд ва аз азобашон кам нашавад, то каме роҳат кунанд ва агар узр пеша кунанд, мўҳлаташон надиҳанд,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
89. магар онон, ки баъд аз куфрашон тавбаи насуҳ карданд, ва ислоҳ шуданд, пас Аллоҳ тавбаашонро қабул мекунад, зеро Аллоҳ омўрзанда ва меҳрубон аст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ ثُمَّ ٱزۡدَادُواْ كُفۡرٗا لَّن تُقۡبَلَ تَوۡبَتُهُمۡ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلضَّآلُّونَ
90. Тавбаи касоне, ки пас аз имон оварданашон кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, то дами марг, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡ أَحَدِهِم مِّلۡءُ ٱلۡأَرۡضِ ذَهَبٗا وَلَوِ ٱفۡتَدَىٰ بِهِۦٓۗ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ
91. Онон, ки инкор карданд паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.[236]
[236]Тафсири Бағавӣ 2\65
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ