Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន   អាយ៉ាត់:
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡقَصَصُ ٱلۡحَقُّۚ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
62. Ҳамоно ин қиссае, ки хабар додам туро дар бораи Исо росту дуруст аст ва дар он шакке нест. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷмаъбуде нест. Ў Аллоҳи пирўзманду ҳаким аст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُفۡسِدِينَ
63. Агар рўй гардонанд дар боварӣ ва пайравӣ бар ту, пас онон фасодкоронанд. Аллоҳ ба фасодкорон доност ва онҳоро тибқи аъмолашон ҷазо медиҳад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ
64. Бигў: «Эй аҳли китоб[219], биёед ба сўи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ў насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..)[220] ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мўъминон агар онон рўйгардонанд, ба аҳли китоб бигўед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем.
[219]Яҳуду насоро
[220] Тафсири ибни Касир 2\56
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تُحَآجُّونَ فِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمَآ أُنزِلَتِ ٱلتَّوۡرَىٰةُ وَٱلۡإِنجِيلُ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
65. Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим алайҳиссалом ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ў нозил шудааст? Магар намеандешед нодуруст будани суханатонро дар бораи Иброҳим, оё яҳудӣ буд ё насронӣ? Ба дурустӣ, ки дини яҳудӣ ва насронӣ баъди вафоти Иброҳим пайдо шуд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هَٰٓأَنتُمۡ هَٰٓؤُلَآءِ حَٰجَجۡتُمۡ فِيمَا لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
66. Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мўсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.[221]
[221] Тафсири Бағавӣ 2\51
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مَا كَانَ إِبۡرَٰهِيمُ يَهُودِيّٗا وَلَا نَصۡرَانِيّٗا وَلَٰكِن كَانَ حَنِيفٗا مُّسۡلِمٗا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
67. Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки ў бар ҳақ ва таслими фармони Аллоҳ буд ва аз мушрикон набуд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ أَوۡلَى ٱلنَّاسِ بِإِبۡرَٰهِيمَ لَلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ وَهَٰذَا ٱلنَّبِيُّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۗ وَٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
68. Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ў касонеанд, ки ба ў имон оварда ўро пайравӣ карданд ва низ ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ў имон оварданд аз муҳоҷирон ва ансориҳо ҳастанд. Ва Аллоҳ сарпарасти мўъминон аст.[222]
[222]Тафсири ибни Касир 2\58
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَدَّت طَّآئِفَةٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يُضِلُّونَكُمۡ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ
69. Эй мўъминон Аллоҳ аз ҳасад ва ситами яҳуд хабардор месозад, ки гурўҳе аз аҳли китоб дўст доранд, шуморо аз роҳи Ислом гумроҳ кунанд, вале намедонанд, ки зиштии корашон бар худашон бармегардад ва худ ба гумроҳӣ мубтало мешаванд.[223]
[223]Тафсири ибни Касир 2\59
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَأَنتُمۡ تَشۡهَدُونَ
70. Эй аҳли китоб! Чаро ба оёти Аллоҳ куфр меварзед, дар ҳоле, ки шумо нишонаҳои паёмбарӣ ва рисолати Муҳаммадро дар китобҳои худ мебинед.[224]
[224]Тафсири ибни Касир 2\59
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ