Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. * - Таржималар мундарижаси


Маънолар таржимаси Сура: Фажр сураси   Оят:

Сураи Фаҷр (Сапедаи субҳ)

وَٱلۡفَجۡرِ
1. Аллоҳ савганд мехӯрад: Савганд ба сапедаи субҳ
Арабча тафсирлар:
وَلَيَالٍ عَشۡرٖ
2. ва савганд ба шабҳои даҳгона, даҳ шаби Зулҳиҷҷа, шабҳои пурфайз
Арабча тафсирлар:
وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ
3. ва савганд ба ҷуфту тоқ, аз ҳама ашё
Арабча тафсирлар:
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ
4. ва савганд ба шаб, чун бигзарад.
Арабча тафсирлар:
هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٞ لِّذِي حِجۡرٍ
5. Оё хирадмандонро ин савгандҳо басанда нест?
Арабча тафсирлар:
أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ
6. Эй Расул, оё надидӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?
Арабча тафсирлар:
إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ
7. Қавми Ирам, ки соҳиби қоматҳои баланд ва сутунмонанд буданд?
Арабча тафсирлар:
ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ
8. Ки монанди он дар қувват ва бузургии ҷасад дар ҳеҷ шаҳре офарида нашудааст.
Арабча тафсирлар:
وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ
9. Ва чӣ гуна кард бо қавми Самуд[3101], ки дар он водӣ тахтасангҳои бузургро тарошида ва аз он барои худ хонаҳо гирифта буданд?
[3101] Дар сарзамини Ҳиҷр, миёни Шом ва Ҳиҷоз сукунат доштанд.
Арабча тафсирлар:
وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ
10. Ва чӣ гуна кард бо Фиръавн, подшоҳи Миср соҳиби лашкари азим, ки мулкашро устувор ва амрашро қавӣ доштанд?
Арабча тафсирлар:
ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ
11. Ҳамон касоне, ки дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
Арабча тафсирлар:
فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ
12. ва дар онҳо бисёр фасод карданд,
Арабча тафсирлар:
فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ
13. пас Парвардигори ту тозиёнаи азобро сахт бар сарашон фуруд овард.
Арабча тафсирлар:
إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ
14. Эй Расул, ҳамоно Парвардигорат дар камингоҳ аст. Касоне, ки Ӯро нофармонӣ карданд, андаке мӯҳлат медиҳад ва баъд аз он онҳоро ба азоби сахт гирифтор мекунад.
Арабча тафсирлар:
فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ
15. Аммо одамиро, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
Арабча тафсирлар:
وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ
16. Ва чун биёзмоядаш ва ризқашро бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор доштааст».
Арабча тафсирлар:
كَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ
17. На! Чунин нест, балки гиромӣ доштан бо тоъати Аллоҳ аст ва хорӣ доштан ба нофармонбардории Ӯст, шумо ятимро гиромӣ намедоред.
Арабча тафсирлар:
وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ
18. ва ҳамдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед
Арабча тафсирлар:
وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلٗا لَّمّٗا
19. ва моли меросро ҳарисона мехӯред
Арабча тафсирлар:
وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبّٗا جَمّٗا
20. ва молро бисёр дӯст доред.
Арабча тафсирлар:
كَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكّٗا دَكّٗا
21. На! Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, чун замин шикаста шавад ва пора-пора гардад
Арабча тафсирлар:
وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفّٗا صَفّٗا
22. ва Парвардигори ту барои ҳисобу китобихалқаш ояд ва фариштагон саф - саф ҳозир шаванд.
Арабча тафсирлар:
وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۭ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٖ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ
23. Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, кофир панд гирад ва тавба кунад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?
Арабча тафсирлар:
يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي
24. Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш некиҳое мефиристодам». Ва чӣ ҷои пушаймонӣ аст, ки дар дунё пушаймон нашуд ва тавба накард?
Арабча тафсирлар:
فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٞ
25. Пас дар он рӯзи душвор касе чун азоби Ӯ азоб накунад
Арабча тафсирлар:
وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٞ
26. ва ҳеҷ кас монанди занҷири Ӯ ба занҷир накашад.
Арабча тафсирлар:
يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ
27. Гуфта шавад: Эй рӯҳи оромишёфта, ба зикри Аллоҳ
Арабча тафсирлар:
ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةٗ مَّرۡضِيَّةٗ
28. хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
Арабча тафсирлар:
فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي
29. ва дар зумраи бандагони солеҳи Ман дохил шав!
Арабча тафсирлар:
وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي
30. ва ба ҳамроҳашон ба биҳишти Ман дарой!
Арабча тафсирлар:
 
Маънолар таржимаси Сура: Фажр сураси
Суралар мундарижаси Бет рақами
 
Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. - Таржималар мундарижаси

Қуръон Карим маъноларининг тожикча таржимаси, мутаржим: Хўжамиров Хўжамир. Уни Рувводут таржама маркази томонидан тузатилган. Доимий ривожлантириш, баҳолаш ва фикру мулоҳаза билдириш учун асил таржимага мурожаат қилиш мумкин.

Ёпиш