《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 奈拜艾   段:

Сураи Наба (Хабар)

عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ
1. Аз чи чиз кофирони Қурайш ҳамдигарро мепурсанд?
阿拉伯语经注:
عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ
2. Аз он хабари бузурге суол мекунанд,
阿拉伯语经注:
ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ
3. ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс[3074], ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд.
[3074]Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан
阿拉伯语经注:
كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ
4. Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард?
阿拉伯语经注:
ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ
5. Боз ҳам, таъкид менамояд: Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст. (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор)
阿拉伯语经注:
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا
6. Оё Мо заминрро бистаре насохтем?
阿拉伯语经注:
وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا
7. Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад?!
阿拉伯语经注:
وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا
8. Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا
9. Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا
10. Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا
11. Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед.
阿拉伯语经注:
وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا
12. Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا
13. Ва хуршедро чароғи равшане офаридем.
阿拉伯语经注:
وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا
14. Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем,
阿拉伯语经注:
لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا
15 то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот
阿拉伯语经注:
وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا
16. ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидароато фармоем.
阿拉伯语经注:
إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا
17. Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин
阿拉伯语经注:
يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا
18. Рӯзе, ки дар сур[3075] дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд.)
[3075] Дар карнай пуф карда шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд ва барои ҳисоб оянд.
阿拉伯语经注:
وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا
19. Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд
阿拉伯语经注:
وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا
20. Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд.
阿拉伯语经注:
إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا
21. Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст
阿拉伯语经注:
لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابٗا
22. ва барои саркашон бозгаштгоҳест.
阿拉伯语经注:
لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابٗا
23. Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд.
阿拉伯语经注:
لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدٗا وَلَا شَرَابًا
24. Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд,
阿拉伯语经注:
إِلَّا حَمِيمٗا وَغَسَّاقٗا
25. фақат оби ҷӯшону хуну чирк нӯшанд.
阿拉伯语经注:
جَزَآءٗ وِفَاقًا
26. Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд.
阿拉伯语经注:
إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابٗا
27. Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд
阿拉伯语经注:
وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابٗا
28. Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд
阿拉伯语经注:
وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبٗا
29. Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе[3076]сабт кардаем.
[3076] Яъне, Лавҳи Маҳфуз Тафсири Саъдӣ 1\906
阿拉伯语经注:
فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا
30. Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд.
阿拉伯语经注:
إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا
31. Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд
阿拉伯语经注:
حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا
32. ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур
阿拉伯语经注:
وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا
33. ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол
阿拉伯语经注:
وَكَأۡسٗا دِهَاقٗا
34. ва ҷомҳои пур аз шароб
阿拉伯语经注:
لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا كِذَّٰبٗا
35. Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ
阿拉伯语经注:
جَزَآءٗ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابٗا
36. ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб
阿拉伯语经注:
رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابٗا
37. Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати Ӯ сухан гуфта натавонанд,
阿拉伯语经注:
يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابٗا
38. рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон баӯ рухсат диҳад, ва ӯ суханидуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон
阿拉伯语经注:
ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا
39. Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ.
阿拉伯语经注:
إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابٗا قَرِيبٗا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا
40. Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 奈拜艾
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭