《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 拜莱德   段:

Сураи Балад (Шаҳр)

لَآ أُقۡسِمُ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин шаҳр ва он Макка аст.
阿拉伯语经注:
وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
2. Ва шаҳре, ки ту сокини он ҳастӣ
阿拉伯语经注:
وَوَالِدٖ وَمَا وَلَدَ
3. Ва савганд ба падар[3102] ва фарзанде, ки ба вуҷуд овард,
[3102]Яъне, ба падари башарият, Одам алайҳиссалом ва фарзандони ӯ
阿拉伯语经注:
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِي كَبَدٍ
4. Ҳамоно, ки одамиродар ранҷу меҳнат биёфаридаем.
阿拉伯语经注:
أَيَحۡسَبُ أَن لَّن يَقۡدِرَ عَلَيۡهِ أَحَدٞ
5. Оё мепиндорад, бо он чӣ аз мол ҷамъ намуд, ки касе бар ӯ тавоно нагардад?
阿拉伯语经注:
يَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالٗا لُّبَدًا
6. Фахр карда мегӯяд: «Моли фаровонеро харҷ кардам!»
阿拉伯语经注:
أَيَحۡسَبُ أَن لَّمۡ يَرَهُۥٓ أَحَدٌ
7. Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?
阿拉伯语经注:
أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَيۡنَيۡنِ
8. Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?
阿拉伯语经注:
وَلِسَانٗا وَشَفَتَيۡنِ
9. Ва забону ду лабро наёфаридаем?
阿拉伯语经注:
وَهَدَيۡنَٰهُ ٱلنَّجۡدَيۡنِ
10. Ва оё барои вай роҳи неку бадро баён накардаем?
阿拉伯语经注:
فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ
11. Пас ин шахси худсито ҳоло ба гузаргоҳи душвор дарнаёмадааст?
阿拉伯语经注:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ
12. Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист ва ба гузаштани он чӣ мадад мерасонад?
阿拉伯语经注:
فَكُّ رَقَبَةٍ
13. Озод кардани ғуломи мӯъмин аст,
阿拉伯语经注:
أَوۡ إِطۡعَٰمٞ فِي يَوۡمٖ ذِي مَسۡغَبَةٖ
14. ё таъом додан дар рӯзи гуруснагӣ,
阿拉伯语经注:
يَتِيمٗا ذَا مَقۡرَبَةٍ
15. ба ятиме, ки хешованд бошад, ки ҳам садақа мешавад ва силаи раҳм ба ҷо меояд,
阿拉伯语经注:
أَوۡ مِسۡكِينٗا ذَا مَتۡرَبَةٖ
16. ё ба мискини хокнишине, (яъне, бенавое, ки ҳеҷ чиз надорад).
阿拉伯语经注:
ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ
17. Баъд, аз он бошад, аз гурӯҳи онҳое, ки имон овардаанд ба Аллоҳу Паёмбар ва васият карданд якдигарро ба сабр намудан бар тоъати Аллоҳ ва сабр аз нофармониҳои Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ.
阿拉伯语经注:
أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ
18. Онон, ки чунин афъолро иҷро намуданд, инҳо аҳли саъодатанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ
19. Ва касоне, ки ба оёти Мо кофир шуданд, инҳо бадбахтонанд.
阿拉伯语经注:
عَلَيۡهِمۡ نَارٞ مُّؤۡصَدَةُۢ
20. Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 拜莱德
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭