《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 穆阿智姆   段:

Сураи Маъориҷ (Осмонҳо)

سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابٖ وَاقِعٖ
1.Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки
阿拉伯语经注:
لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعٞ
2.бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард.
阿拉伯语经注:
مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ
3. Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист.
阿拉伯语经注:
تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةٖ
4. Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол[2996] аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯиӮ боло раванд.
[2996] Панҷоҳҳазор сол барои кофирон аст, аммо барои мӯъминон ба миқдори як намоз аст. Тафсири Бағавӣ 8/ 221
阿拉伯语经注:
فَٱصۡبِرۡ صَبۡرٗا جَمِيلًا
5. Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ .[2997]
[2997] Тафсири табарӣ 23/ 603
阿拉伯语经注:
إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدٗا
6.Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд.
阿拉伯语经注:
وَنَرَىٰهُ قَرِيبٗا
7. ВаМо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем.
阿拉伯语经注:
يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ
8. Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта гардад.
阿拉伯语经注:
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ
9. Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст.
阿拉伯语经注:
وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمٗا
10. Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад.[2998]
[2998] Зеро ҳама ба ҳоли худ машғул аст.
阿拉伯语经注:
يُبَصَّرُونَهُمۡۚ يَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ يَفۡتَدِي مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِئِذِۭ بِبَنِيهِ
11. Якдигарромебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯзкофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад
阿拉伯语经注:
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ
12. ва низ зану бародарашро
阿拉伯语经注:
وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِي تُـٔۡوِيهِ
13. ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд.
阿拉伯语经注:
وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا ثُمَّ يُنجِيهِ
14. ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипасхудро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.
阿拉伯语经注:
كَلَّآۖ إِنَّهَا لَظَىٰ
15.Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда.[2999]
[2999] Тафсири Табарӣ 23/ 607
阿拉伯语经注:
نَزَّاعَةٗ لِّلشَّوَىٰ
16. Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад.
阿拉伯语经注:
تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ
17. Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд.
阿拉伯语经注:
وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰٓ
18. Ва ҷамъ кард пулу молро , пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш.[3000]
[3000] Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610
阿拉伯语经注:
۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا
19. Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст.
阿拉伯语经注:
إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعٗا
20. Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.
阿拉伯语经注:
وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَيۡرُ مَنُوعًا
21.Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,
阿拉伯语经注:
إِلَّا ٱلۡمُصَلِّينَ
22. магар намозгузороне,
阿拉伯语经注:
ٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَآئِمُونَ
23. ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад:
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ مَّعۡلُومٞ
24. Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот),
阿拉伯语经注:
لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ
25. барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад[3001].
[3001] Тафсири Табарӣ 23/ 617
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
26. Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ
27. Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,
阿拉伯语经注:
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَيۡرُ مَأۡمُونٖ
28. ки ҳароинааз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ
29. Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд,
阿拉伯语经注:
إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ
30. магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.
阿拉伯语经注:
فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ
31. Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад гузаштагонанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ
32. Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمۡ قَآئِمُونَ
33. Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ
34. Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд.
阿拉伯语经注:
أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتٖ مُّكۡرَمُونَ
35. Инҳое , ки чунин сифатҳои бузургеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои гиромӣ мукарраму муъаззаз.
阿拉伯语经注:
فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِينَ
36.Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбармешитобанд?
阿拉伯语经注:
عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ
37. Даста – даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд.
阿拉伯语经注:
أَيَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ أَن يُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٖ
38. Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, киАллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилашмекунад?
阿拉伯语经注:
كَلَّآۖ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّمَّا يَعۡلَمُونَ
39. Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат?[3002]
[3002] Тафсири Табарӣ 23/ 621
阿拉伯语经注:
فَلَآ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَٰرِقِ وَٱلۡمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ
40. Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем,
阿拉伯语经注:
عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ خَيۡرٗا مِّنۡهُمۡ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ
41. ки ба ҷои онҳо мардуми беҳтар ва мутеътар ба Аллоҳро биёварем ва дар ин кор нотавон нестем ва ҳеҷ кас аз Мо пешдастӣ накунад ва Моро бознадорад, ҳар вақте ки хоҳем иъода кардани онҳоро.
阿拉伯语经注:
فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ
42. Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду ва дар дунёяшон бозӣ кунанд, то ба рӯзи қиёмат бирасанд, ки ваъдаашон додаем ба азоб.
阿拉伯语经注:
يَوۡمَ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ سِرَاعٗا كَأَنَّهُمۡ إِلَىٰ نُصُبٖ يُوفِضُونَ
43. Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бароянд, чунонки дар дунё назди бутонашон, ки ба ғайри Аллоҳ онҳоро ибодат мекарданд, мешитобанд.
阿拉伯语经注:
خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٞۚ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلَّذِي كَانُواْ يُوعَدُونَ
44. Ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда аз ҳавлу ҳарос ва ба хорӣ афтодаанд . Ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст ва онҳо истеҳзо мекарданду дӯруғ мебароварданд!
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 穆阿智姆
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭