Check out the new design

《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 穆丹斯拉   段:

Мудассир

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ
1.Эй ҷома дар сар кашида,
阿拉伯语经注:
قُمۡ فَأَنذِرۡ
2. бархез аз ҷои хобат , пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ!
阿拉伯语经注:
وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ
3.Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон!
阿拉伯语经注:
وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ
4.Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор![3029]
[3029] Яъне, покии зоҳирӣ нишонаи покии ботинӣ аст.
阿拉伯语经注:
وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ
5. Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун![3030]
[3030] Тафсири Саъдӣ 1/ 895
阿拉伯语经注:
وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ
6. Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ.
阿拉伯语经注:
وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ
7. Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош!
阿拉伯语经注:
فَإِذَا نُقِرَ فِي ٱلنَّاقُورِ
8. Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад,
阿拉伯语经注:
فَذَٰلِكَ يَوۡمَئِذٖ يَوۡمٌ عَسِيرٌ
9. пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад буд.
阿拉伯语经注:
عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ غَيۡرُ يَسِيرٖ
10. Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб.
阿拉伯语经注:
ذَرۡنِي وَمَنۡ خَلَقۡتُ وَحِيدٗا
11. Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡتُ لَهُۥ مَالٗا مَّمۡدُودٗا
12. Ва ӯро моли бисёре додам.
阿拉伯语经注:
وَبَنِينَ شُهُودٗا
13. Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯҳозир.
阿拉伯语经注:
وَمَهَّدتُّ لَهُۥ تَمۡهِيدٗا
14. Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.
阿拉伯语经注:
ثُمَّ يَطۡمَعُ أَنۡ أَزِيدَ
15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш[3031]биафзоям.
[3031] Яъне, бар замми ин неъматҳо боз ҳам молу фарзандонашро зиёд гардонам. Ва ҳамоно ӯ кофир аст бар Ман.
阿拉伯语经注:
كَلَّآۖ إِنَّهُۥ كَانَ لِأٓيَٰتِنَا عَنِيدٗا
16. Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст.
阿拉伯语经注:
سَأُرۡهِقُهُۥ صَعُودًا
17. Зуд аст, ки ба сарашмашаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем.[3032]
[3032] Ин оятҳо дар ҳаққи Валид бинни Муғира нозил шудааст, ки хеле ҳам саркаш ва душмани Аллоҳ ва расулаш буд. (Инчунин ҷазо дода мешавад ҳар як кофири саркашро). Тафсирӣ Саъдӣ 1/ 896
阿拉伯语经注:
إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ
18.Ҳароина, ӯ андешид ванақшае кашид[3033].
[3033] Яъне, чи таънае мезанад дар ҳаққи Қуръон ва Муҳаммад.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 穆丹斯拉
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。 - 译解目录

豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。在拉瓦德翻译中心的监督之下已完成开发,原始翻译可供阅读,以便获取建议、评估和持续发展。

关闭