《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 印菲塔尔   段:

Сураи Инфитор (Шикофтан)

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ
1. Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад
阿拉伯语经注:
وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ
2. ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд
阿拉伯语经注:
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ
3. ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд
阿拉伯语经注:
وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ
4. ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд,
阿拉伯语经注:
عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ
5. ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист.
阿拉伯语经注:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ
6. Эй одамӣ[3087], чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?
[3087]Эй инсони мункир, ба рӯзи аз нав зиндагардонидани баъд аз миронидан
阿拉伯语经注:
ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ
7. Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд.
阿拉伯语经注:
فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ
8. Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард.
阿拉伯语经注:
كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ
9. Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед.
阿拉伯语经注:
وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ
10. Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
阿拉伯语经注:
كِرَامٗا كَٰتِبِينَ
11. нависандагони гиромиқадранд,
阿拉伯语经注:
يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ
12. он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд.
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ
13. Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд
阿拉伯语经注:
وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ
14. ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд!
阿拉伯语经注:
يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ
15. Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
阿拉伯语经注:
وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ
16. Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд.
阿拉伯语经注:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
17. Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
阿拉伯语经注:
ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
18. Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
阿拉伯语经注:
يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡـٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ
19. Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 印菲塔尔
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭