কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ - তাজিক ভাষায় অনুবাদ- খাজা মিরুফ খাজা মির * - অনুবাদসমূহের সূচী


অর্থসমূহের অনুবাদ সূরা: সূরা আল-ওয়াকিয়াহ   আয়াত:

Сураи Воқиъа (Қиёмат)

إِذَا وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ
1. Ҳангоме ки воқеъа барпо шавад, (яъне, қиёмат воқеъ шавад),
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَيۡسَ لِوَقۡعَتِهَا كَاذِبَةٌ
2. ки воқеъ шудани онро ягон касе дурӯғгӯянда нест,
আরবি তাফসীরসমূহ:
خَافِضَةٞ رَّافِعَةٌ
3. қиёмат душманони Аллоҳро дар дӯзах пасткунандааст ва дӯстони Аллоҳро дар ҷаннат баландкунанда.[2794]
[2794] Тафсири Бағавӣ 7/ 7
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِذَا رُجَّتِ ٱلۡأَرۡضُ رَجّٗا
4.Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَبُسَّتِ ٱلۡجِبَالُ بَسّٗا
5. Ва кӯҳҳо ба пуррагӣ реза-реза карда шаванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَكَانَتۡ هَبَآءٗ مُّنۢبَثّٗا
6. Ва чун ғуборе дар ҳаво пароканда гарданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَكُنتُمۡ أَزۡوَٰجٗا ثَلَٰثَةٗ
7. Ва шумо эй мардум се гурӯҳ хоҳед шуд:
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ
8. Пас гурӯҳи рост, соҳиби ҷойҳои олианд. Чи хуб аст ҷойгоҳашон!
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ
9. Ва гурӯҳи чап, соҳиби ҷойҳои пастанд. Чи бад аст ҳолашон!!
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلسَّٰبِقُونَ
10. Ва пешсафон сӯи хубиҳо дар дунё, онҳо пешсафон сӯи дараҷаҳо дар охират мебошанд. Касоне, ки дар дунё дар анҷом додани корҳои хуб пешсафанд, дар охират пеш аз ҳама вориди ҷаннат мешаванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡمُقَرَّبُونَ
11. Инҳо муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ ҳастанд, наздик карда шудагонанд дар назди Аллоҳ,
আরবি তাফসীরসমূহ:
فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
12. дар биҳиштҳои пурнозу неъмат хоҳанд буд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
ثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ
13. Дохил мешавад ба ҷаннат,гурӯҳе аз пешиниёни ин уммат ва умматони дигар.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَقَلِيلٞ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ
14. Ва шумораи андаке аз пасомадагон ҳастанд,
আরবি তাফসীরসমূহ:
عَلَىٰ سُرُرٖ مَّوۡضُونَةٖ
15. бар тахтҳои гавҳарнишон хоҳанд нишаст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
مُّتَّكِـِٔينَ عَلَيۡهَا مُتَقَٰبِلِينَ
16. Такязада рӯ ба рӯйи якдигар нишаста бошанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ
17. Бар гирди онҳо мегарданд, барои хидмати онҳо писарони ҳамеша ҷавон, ки пир намешаванд ва на мемиранд.[2795]
[2795] Тафсири Табарӣ 23/ 101
আরবি তাফসীরসমূহ:
بِأَكۡوَابٖ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٖ مِّن مَّعِينٖ
18. Бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷаннатҷорист,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ
19. ки аз нӯшидани он сардард нашаванд ва на аз ҳуш мераванд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَفَٰكِهَةٖ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ
20. Ва ин ходимон барои ҷаннатиҳо биёранд ҳар навъ меваеро, ки мехоҳанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَحۡمِ طَيۡرٖ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ
21.Ва гӯшти парранда, аз ҳар навъе, ки писандашон бошад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَحُورٌ عِينٞ
22.Ва барои онҳост ҳурони занони шаҳлочашм,
আরবি তাফসীরসমূহ:
كَأَمۡثَٰلِ ٱللُّؤۡلُوِٕ ٱلۡمَكۡنُونِ
23.монанди марворидҳое дар садаф пинҳон кардашуда.
আরবি তাফসীরসমূহ:
جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
24. Ин ҳама неъматҳое, ки барояшон дода мешавад, мукофоти амалҳои некест, ки дар дунё мекарданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوٗا وَلَا تَأۡثِيمًا
25.Дарҷаннат на сухани беҳуда мешунаванд ва на ҳарфе, ки гуфтани он гуноҳ бошад,
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِلَّا قِيلٗا سَلَٰمٗا سَلَٰمٗا
26.ҷуз сухане, ки солим аз ин айбҳо бошад ва ба якдигар салом гӯянд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ
27. Ва аҳли саодат, чи бузург аст макон ва подоши онҳо!
আরবি তাফসীরসমূহ:
فِي سِدۡرٖ مَّخۡضُودٖ
28. Дар зери дарахтони сидри бехор.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَطَلۡحٖ مَّنضُودٖ
29. Ва дарахтони мавз (банан), ки меваҳояшон бар якдигар чида шудаанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَظِلّٖ مَّمۡدُودٖ
30. Ва сояи доимӣ.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَمَآءٖ مَّسۡكُوبٖ
31. Ва оби ҷорӣ.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ
32. Ва дар миёни меваҳоифаровон ҳастанд,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَّا مَقۡطُوعَةٖ وَلَا مَمۡنُوعَةٖ
33.ки на тамом мешавад ва на манъ мегардад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَفُرُشٖ مَّرۡفُوعَةٍ
34. Ва бистарҳои баланд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءٗ
35. Мо биёфаридем занҳои аҳли ҷаннатро ғайри офаринишие, ки дар дунё буданд, яъне, офариниши комиле, ки нобуд намешаванд.[2796]
[2796] Тафсири Саъдӣ 1/833
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا
36. Ва ононро дӯшиза (бикр) гардонидем.
আরবি তাফসীরসমূহ:
عُرُبًا أَتۡرَابٗا
37. Назди шавҳарони дӯстдоранда ҳамсинну сол.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لِّأَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ
38. Ҳамаи ин неъматҳо барои аҳли саодат аст,
আরবি তাফসীরসমূহ:
ثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ
39. Гурӯҳи бисёре аз пешиниёнанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَثُلَّةٞ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ
40. Ва гурӯҳи зиёде аз пас омадагонанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ
41. Ва аҳли шақоват, онбадбахтон чӣ ҳоли баде доранд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
فِي سَمُومٖ وَحَمِيمٖ
42.Дар боди гарми ҷаҳаннам ва обиҷӯшонанд,
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَظِلّٖ مِّن يَحۡمُومٖ
43.дар сояи дуди сиёҳ,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَّا بَارِدٖ وَلَا كَرِيمٍ
44. ки ин соя на хунук бошад ва на боиззат.[2797]
[2797] Тафсири Табарӣ 23/ 130
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُتۡرَفِينَ
45. Ҳамоно аҳли дӯзах, пеш аз ин дар дунё дар нозу неъмати ҳаром буданд ва саркашӣ мекарданд аз он чизе, ки паёмбарон барои онҳо оварда буданд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَكَانُواْ يُصِرُّونَ عَلَى ٱلۡحِنثِ ٱلۡعَظِيمِ
46. Ва ҳамеша бар гуноҳи бузург (ширк) мудавомат мекарданд . Ва нияти тавба надоштанд аз ширку гуноҳ.[2798]
[2798] Тафсири Табарӣ 23/ 132
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَكَانُواْ يَقُولُونَ أَئِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ
47. Ва мегуфтанд он мункирони рӯзи қиёмат: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, оё боз мо зинда мешаваем?[2799]
[2799] Яъне, ба зинда шудани дубора боварӣ надоштанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ
48. Оё падарони наухстини мо низ зинда мешаванд?
আরবি তাফসীরসমূহ:
قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَوَّلِينَ وَٱلۡأٓخِرِينَ
49. Бигӯ эй Паёмбар: «Албатта, ҳамаро аввалин ва охирин фарзандони Одам,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَمَجۡمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ
50. бегумон дар ваъдагоҳи он рӯзи муайян (қиёмат) ҷамъ карда шаванд.[2800]
[2800]Тафсири Табарӣ 23/ 133
আরবি তাফসীরসমূহ:
ثُمَّ إِنَّكُمۡ أَيُّهَا ٱلضَّآلُّونَ ٱلۡمُكَذِّبُونَ
51. Спас шумо, эй гумроҳони роҳи ҳидоят,. дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ ,
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَأٓكِلُونَ مِن شَجَرٖ مِّن زَقُّومٖ
52. ҳатман аз дарахти заққум[2801] хоҳед хӯрд.
[2801] Яъне, бадтарин дарахт. Тафсири Саъдӣ 1/834
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ
53. Ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَشَٰرِبُونَ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡحَمِيمِ
54. Ва бар болои он оби ҷӯшоне, ки ташнагиро намешиканад, хоҳед нӯшид,
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَشَٰرِبُونَ شُرۡبَ ٱلۡهِيمِ
55. Ва монанди шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ менӯшед.
আরবি তাফসীরসমূহ:
هَٰذَا نُزُلُهُمۡ يَوۡمَ ٱلدِّينِ
56. Он чизеро, ки дучор мешаванд аз азоб , зиёфатест, ки тайёркарда шудааст барои онҳо дар рӯзи қиёмат.[2802]
[2802] Тафсири Саъдӣ 1/834
আরবি তাফসীরসমূহ:
نَحۡنُ خَلَقۡنَٰكُمۡ فَلَوۡلَا تُصَدِّقُونَ
57. Мо шуморо эй одамон аз нестӣ ба ҳастӣ офаридем, пас чаро аз нав зинда шуданро бовар намекунед?[2803]
[2803] Тафсири Табарӣ 23/136
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَفَرَءَيۡتُم مَّا تُمۡنُونَ
58.Оё шумо мебинед он чи (оби маниро), ки мерезонед дар баччадони зан?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ءَأَنتُمۡ تَخۡلُقُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡخَٰلِقُونَ
59. Оё шумо он маниро ба сурати инсон меофаринед ё Мо офаринандаем?
আরবি তাফসীরসমূহ:
نَحۡنُ قَدَّرۡنَا بَيۡنَكُمُ ٱلۡمَوۡتَ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ
60.Мо муайян кардем дар миёни шумо маргро ва ҳаргиз оҷиз карда шуда нестем,
আরবি তাফসীরসমূহ:
عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ أَمۡثَٰلَكُمۡ وَنُنشِئَكُمۡ فِي مَا لَا تَعۡلَمُونَ
61. аз ин, ки тағйир диҳем халқияти шуморо дар рӯзи қиёмат. Ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَلَقَدۡ عَلِمۡتُمُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُولَىٰ فَلَوۡلَا تَذَكَّرُونَ
62. Ва ҳамоно шумо хуб донистед, ки Аллоҳ таъоло нахустин бор шуморо аз нестӣ офарид, пас чаро қудрати Аллоҳро ба ёд намеоред бар ин, ки ӯ қодир аст шуморо дубора халқ мекунад?[2804]
[2804] Тафсири Табарӣ 23/138
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَحۡرُثُونَ
63. Дар он чизе, кишт мекунед, андешидаед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ءَأَنتُمۡ تَزۡرَعُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلزَّٰرِعُونَ
64.Оё шумо мерӯёнедаш аз замин ё Мо рӯёнандаем?
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَٰهُ حُطَٰمٗا فَظَلۡتُمۡ تَفَكَّهُونَ
65. Агар мехостем, ҳароина он зироъатро гиёҳи хушку дарҳамшикаста мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед, пас дар ин ҳол, таъаҷубкунон мегӯед:
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّا لَمُغۡرَمُونَ
66. Албатта мо зиёнкардаву азобкардагонем,
আরবি তাফসীরসমূহ:
بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ
67. балки мо аз ризқу рӯзӣ бенасиб мондагонем.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلۡمَآءَ ٱلَّذِي تَشۡرَبُونَ
68.Оё дар обе, ки менӯшед, андешидаед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ءَأَنتُمۡ أَنزَلۡتُمُوهُ مِنَ ٱلۡمُزۡنِ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنزِلُونَ
69. Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед сӯи замин , ё Мо фуруд орандагонем?
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَوۡ نَشَآءُ جَعَلۡنَٰهُ أُجَاجٗا فَلَوۡلَا تَشۡكُرُونَ
70.Агар мехостем, ин обро шӯр мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед. Пас, чаро шукри Парвардигоратонро бар фуруди ин оби ширин намегӯед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي تُورُونَ
71.Оёдар оташе, ки аз шохҳои дарахт меафрӯзед, андешидаед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
ءَأَنتُمۡ أَنشَأۡتُمۡ شَجَرَتَهَآ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنشِـُٔونَ
72.Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?
আরবি তাফসীরসমূহ:
نَحۡنُ جَعَلۡنَٰهَا تَذۡكِرَةٗ وَمَتَٰعٗا لِّلۡمُقۡوِينَ
73. Мо он оташеро, ки меафрӯзед ҳушдоре аз дӯзах ва барои манфиъати мусофирони роҳгузар матоъе сохтем.[2805]
[2805] Тафсири Саъдӣ 1/ 835
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ
74. Пас ба покӣ ёд кун эй Паёмбар номи Парвардигори бузургатро!
আরবি তাফসীরসমূহ:
۞ فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَوَٰقِعِ ٱلنُّجُومِ
75. (Савганд ёд карда мегӯяд Аллоҳ таъоло:) Савганд ба ҷойгоҳи фӯру рафтани ситораҳо дар ғурубгоҳи осмон!
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَإِنَّهُۥ لَقَسَمٞ لَّوۡ تَعۡلَمُونَ عَظِيمٌ
76.Ва ин ҳароина, хеле савганди бузург аст, агар бидонед.
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّهُۥ لَقُرۡءَانٞ كَرِيمٞ
77. Албатта, ин Қуръоне, ки ба Муҳаммад нозил шудааст, Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فِي كِتَٰبٖ مَّكۡنُونٖ
78. Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад.
আরবি তাফসীরসমূহ:
لَّا يَمَسُّهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُطَهَّرُونَ
79. Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ. [2806]
[2806] Тафсири Бағавӣ 8/ 23
আরবি তাফসীরসমূহ:
تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
80. Ин Қуръони карим , нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. Пас он ҳақ аст.
আরবি তাফসীরসমূহ:
أَفَبِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَنتُم مُّدۡهِنُونَ
81. Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед?
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَتَجۡعَلُونَ رِزۡقَكُمۡ أَنَّكُمۡ تُكَذِّبُونَ
82. Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед?[2807]
[2807] Дар ин оят инкор аст барои онҳое, ки бепарвоӣ мекунанд ба амрҳои Қуръон ва эътибор намедиҳанд ба даъвати он.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ
83.Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ
84. Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред ? (Албатта наметавонед!)
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ
85. Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَلَوۡلَآ إِن كُنتُمۡ غَيۡرَ مَدِينِينَ
86. Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед ,
আরবি তাফসীরসমূহ:
تَرۡجِعُونَهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
87. агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед!)
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ
88. Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад,
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَرَوۡحٞ وَرَيۡحَانٞ وَجَنَّتُ نَعِيمٖ
89. пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ
90. Ва аммо агар мурда аз ёрони рост(аҳли саъодат бошад),
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَسَلَٰمٞ لَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ
91.пас гуфта мешавад ба ӯ : Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат).
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٱلضَّآلِّينَ
92. Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад,
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَنُزُلٞ مِّنۡ حَمِيمٖ
93. пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд.
আরবি তাফসীরসমূহ:
وَتَصۡلِيَةُ جَحِيمٍ
94. Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст.[2808]
[2808] Тафсири Саъдӣ 1/836
আরবি তাফসীরসমূহ:
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ ٱلۡيَقِينِ
95. Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст!
আরবি তাফসীরসমূহ:
فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ
96.Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд !
আরবি তাফসীরসমূহ:
 
অর্থসমূহের অনুবাদ সূরা: সূরা আল-ওয়াকিয়াহ
সূরাসমূহের সূচী পৃষ্ঠার নাম্বার
 
কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ - তাজিক ভাষায় অনুবাদ- খাজা মিরুফ খাজা মির - অনুবাদসমূহের সূচী

তাজিক ভাষায় আল-কুরআনুল কারীমের অর্থসমূহের অনুবাদ। খাওজা মিরূফ খাওজাহ মীর অনূদিত। অতপর মারকাযু রুওয়াদুদ তরজমার তত্ত্বাবধানে সংশোধন করা হয়েছে। পরামর্শ, মূল্যায়ন ও উত্তরোত্তর উন্নতির স্বার্থে মূল অনুবাদ দেখারও সুযোগ রয়েছে।

বন্ধ