કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર * - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા


શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અબસ   આયત:

Сураи Абаса (Рӯй турш кард)

عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ
1. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид[3080],
[3080] Ин гуна рафтор аз ҷониби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои тарки афзал буд на ин ки корашон аз рӯи гуноҳ буд, зеро паёмбарон маъсуманд, балки ин корашон тобеъи сиришти инсонӣ аст, монанди хашм, ризо, ханда ва гиря. Узри ибни Мактум низ ин буд, ки намедонист Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба дигарон машғуланд, ки ба Ислом мушарраф шаванд.
અરબી તફસીરો:
أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ
2. чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.
અરબી તફસીરો:
وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ
3. Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,
અરબી તફસીરો:
أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ
4. ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.
અરબી તફસીરો:
أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ
5. Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,
અરબી તફસીરો:
فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ
6. ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ
અરબી તફસીરો:
وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ
7. ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.[3081]
[3081]Тафсири Бағавӣ 8\336
અરબી તફસીરો:
وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ
8. Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад
અરબી તફસીરો:
وَهُوَ يَخۡشَىٰ
9. ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,
અરબી તફસીરો:
فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ
10. вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ[3082]
[3082] Тафсири ибни Касир 8\319
અરબી તફસીરો:
كَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٞ
11. Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,
અરબી તફસીરો:
فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ
12. пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.
અરબી તફસીરો:
فِي صُحُفٖ مُّكَرَّمَةٖ
13. Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,
અરબી તફસીરો:
مَّرۡفُوعَةٖ مُّطَهَّرَةِۭ
14. саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,
અરબી તફસીરો:
بِأَيۡدِي سَفَرَةٖ
15. ба дасти котибони,
અરબી તફસીરો:
كِرَامِۭ بَرَرَةٖ
16. бузургвору некӯкор[3083] сабт шудааст.
[3083] Фариштагон
અરબી તફસીરો:
قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ
17. Лаънат ва азоб бод бар инсоникофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!
અરબી તફસીરો:
مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ
18. Аллоҳ ӯро аввалин бор аз чӣ офаридааст?
અરબી તફસીરો:
مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ
19. Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ
20. сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ
21. Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ
22. Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад
અરબી તફસીરો:
كَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ
23. Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.
અરબી તફસીરો:
فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ
24. Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.
અરબી તફસીરો:
أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبّٗا
25. Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,
અરબી તફસીરો:
ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقّٗا
26. сипас заминро ба некӣ шикофтем,
અરબી તફસીરો:
فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبّٗا
27. онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,
અરબી તફસીરો:
وَعِنَبٗا وَقَضۡبٗا
28. ва ангуру сабзавот
અરબી તફસીરો:
وَزَيۡتُونٗا وَنَخۡلٗا
29. ва зайтуну дарахтони хурмо
અરબી તફસીરો:
وَحَدَآئِقَ غُلۡبٗا
30. ва боғҳои пурдарахту анбуҳ
અરબી તફસીરો:
وَفَٰكِهَةٗ وَأَبّٗا
31. ва меваву алафро,
અરબી તફસીરો:
مَّتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ
32. то шумову чорпоёнатон баҳра баред.
અરબી તફસીરો:
فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ
33. Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,
અરબી તફસીરો:
يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ
34. рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад
અરબી તફસીરો:
وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ
35. ва аз модару падараш
અરબી તફસીરો:
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ
36. ва аз ҳамсару фарзандонаш.
અરબી તફસીરો:
لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ
37. Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.
અરબી તફસીરો:
وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ مُّسۡفِرَةٞ
38. Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,
અરબી તફસીરો:
ضَاحِكَةٞ مُّسۡتَبۡشِرَةٞ
39. хандонанду шодонанд.
અરબી તફસીરો:
وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٞ
40. Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,
અરબી તફસીરો:
تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ
41. торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.
અરબી તફસીરો:
أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ
42. Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.[3084]
[3084] Тафсири Табарӣ 24\234
અરબી તફસીરો:
 
શબ્દોનું ભાષાંતર સૂરહ: અબસ
સૂરહ માટે અનુક્રમણિકા પેજ નંબર
 
કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાઝિક ભાષાતર - ખ્વાજા મીરફ ખ્વાજા મીર - ભાષાંતરોની અનુક્રમણિકા

તાઝીક ભાષામાં કુરઆન મજીદનું ભાષાતર, તેનું ભાષાતર ખાજા મીરવ ખાજા દ્વારા કરવામાં આવ્યું, આયતોમાં સુધારો મરકઝ રવાદ અત્ તરજમા દ્વારા કરવામાં આવ્યો છે, મૂળ અનુવાદ, આપના અભિપ્રાય તેમજ મુકલ્યાંકન અને સતત સુધારા કરવા માટે ઉપલબ્ધ છે.

બંધ કરો